Суханони баргузида аз Усмон бинни Аффон (р)

Усмон (р) саввумин халифаи Ислом ва саҳобии халилулқадр буд, номи аслиаш Усмон ва падараш Аффон ном дошт, кунияташ Абуабдуллоҳ ва лақабаш Ғанӣ ва Зиннурайн буд.
Ба хонаводаи амуи қабилаи Қурайш тааллуқ дошт. Дар соли 575 мелодӣ дар Маккаи мукаррама зода шуда, ба асари кӯшиши Абубакр (р) Ислом оварда, аз ҷумлаи ашараи мубашшара буд.
Ду духтари Расулуллоҳ (с) Руқия ва Умми Кулсумро пай дар пай никоҳ карда буд, аз ҳамин сабаб зиннурайн гуфта мешуд.
Ба ҷуз ғазваи Бадр дар тамоми ғазваҳо ширкат дошт. Тамоми дороии худро дар роҳи Аллоҳ (ҷ) вақф карда буд, ба ҳадде ки як рӯз тамоми дороии хешро дар пешгоҳи Расулуллоҳ (с) гузошта гуфт: Барои ман сирф Аллоҳ (ҷ) ва Расулаш (с) кофӣ ва пурра аст. Пас аз шаҳодати Умар (р) ифтихори хилофат насибаш шуд. Ибтидо Қуръони маҷидро тадвин ва ҳифз кард.
Дар замони хилофати ӯ киштии баҳрӣ сохта шуда, доманаи сарҳадоти Ислом дар Африқо, Троблус (Либиё), Алҷазоир ва дар Осиёи Миёна (Афғонистон ва Туркманистон ва бархе аз манотиқи каронаҳои баҳрҳои Сиёҳ ва Каспий то Арманистону Озарбойҷон густариш ёфт ва ҷазираи Қибрис ҳам фатҳ шуд.
Хилофати Усмон (р) чанд рӯз кам дувоздаҳ сол давом дошт.
Ҳаҷдаҳуми зилҳиҷҷаи соли 35 ҳиҷрӣ охирин рӯзи хилофати Усмон (р) буд, ки бар асари дасисае ба шаҳодат расид ва дар Ҷаннатулбақеъ ба хок супурда шуд.
Расулуллоҳ (с) дар борааш фармудааст: «Ҳар набӣ дар ҷаннат дӯстон дорад ва дӯсти ман дар ҷаннат Усмон (р) мебошад» .
Дар ин ҷо бархе аз каломи ӯро меоварем:

Тааҷҷуб:
Тааҷҷуб ба он касе, ки ҳисобро ҳақ медонад ва бо он ҳам мол ҷамъ мекунад.
Тааҷҷуб ба он касе, ки тақдирро ҳақ медонад ва бо заҳму ғам ояндаро мекунад.
Тааҷҷуб ба он касе, ки шайтонро душман медонад, боз ҳам аз он итоат мекунад.
Тааҷҷуби тааҷҷуб ба он касе, ки Аллоҳро ҳақ медонад ва боз ҳам дигаронро итоат мекунад.
Тааҷҷуб ба он касе, ки маргро ҳақ медонад ва боз ҳам механдад.
Тааҷҷуб ба он касе, ки дунёро фонӣ медонад ва боз ҳам ба он муҳаббат мекунад.

Илм ва амал, дӯстӣ ва душманӣ:
Ба илме, ки амал нашавад, беҳуда вақт масраф кардан аст.
Дӯстии олимон бо молдорон аломати риёкорӣ аст.
Самараи илм амал аст.
Доно касе аст, ки бо диққати бисёр ва эҳтиёт гом бардорад.
Бо таҷовузкунандагон ва дӯстони ишон ҳаргиз дӯстӣ накунед.
Он илм бефоида аст, ки ба он амал нашавад ва он мол беҳуда аст, ки дар роҳи хуб масраф нашавад.

Гуноҳи риё:
Гуноҳ хоҳу нохоҳ дилро ноором намуда, итминонро аз байн мебарад.
Аз касе натарс, ба ҷуз аз гуноҳи хеш.
Агар гуноҳ мекунед, дар ҷойе кунед, ки Аллоҳ (ҷ) онро набинад.
Ман инро беҳтар медонам, ки аз дунё гунаҳкор биравам, на риёкор.

Хомӯшӣ ва хашм:
Хомӯшӣ беҳтарин илоҷи хашм аст.
Хашм аз нодонӣ оғоз мегардад ва ба пушаймонӣ анҷом меёбад.
Беҳтарин даво дар вақти қаҳру ғазаб хомӯш мондан аст.

Хатарнок:
Лағзиши забон аз лағзиши по хатарноктар аст.
Баъзе вақт бахшидани муҷрим сабаби хатарнок шудани муҷрим мегардад.

Ман:
Ман пеш аз қабули Ислом аз ҳама ҳақир будам.
Ман ҳаргиз дар созу суруд шарик нашудаам.
Ман дар давраи ҷоҳилият ва замони Ислом муртакиби зино нашудаам.
Ман ҳаргиз хоҳони бадӣ ва харобӣ нашудаам.
Ман тамоми шаб бихобам ва саҳар шарманда бархезам, барои ман хеле лоиқи хушҳолӣ аст, нисбат ба он ки тамоми шаб шабзиндадорӣ кунам ва саҳар худ¬хоҳ бархезам.

Сухан:
Чунон сухан бигӯед, ки аз савияи шунаванда баланд бошад.
Ман ҳаргиз сухани абас ва беҳуда нагуфтаам.
Бузургтарин хатокор касе аст, ки ба мардум сухани зишт мегӯяд.
Зарбаи шамшер баданро захмӣ мекунад ва зарбаи сухани бад рӯҳро маҷрӯҳ месозад.
Чизеро ки намедонед, нагӯед ва ончи медонед, дар пешгоҳи инсони лоиқ аз гуфтани он дареғ накунед.

Инсон:
Эй инсон, Аллоҳ (ҷ) туро барои худ пайдо кардааст ва ту мехоҳӣ, ки аз дигарон бошӣ.
Эй инсон, агар ту бузургии Худоро баён накунӣ, пас маснуъоти онро истеъмол макун.
Ҳайвонот молики хешро мешиносанд, аммо инсон намешиносад.
Касе, ки худро ислоҳ накунад, ӯ барои дигаре ҳаргиз муслиҳ шуда наметавонад.
Инсоне, ки ҳуқуқи махлуқро адо кунад, дар ҳақиқат ӯ ҳуқуқи Аллоҳ (ҷ)-ро адо кардааст.

Неъмат:
Бо вуҷуди доштани неъмат, беқаноатӣ ношукрӣ аст.
Неъматро масрафи беҷо кардан ношукрӣ аст.

Марг, зиндагӣ, дунё ва охират:
Аллоҳ (ҷ) ин дунёро барои он пайдо карда, ки ба василаи он роҳату оромии охиратро ба даст оваред.
Маргро хуш доштан ҷаннати дунё аст.
Хушҳолии қабр насиби касоне мешавад, ки дунё барояшон зиндон маълум мешавад.
Изҳори хушӣ барои ризои Худо ба мисли ҷаннат дар дунё аст.
Эй онҳое, ки ба хӯрокҳои хуб майлу рағбат доред, бишнавед, билохира кирми қабр шуморо мехӯрад.
Дунё барои касе, ки зиндон бошад, қабр барояш ҷойи ором мебошад.
Аллоҳ (ҷ) ин дунёро барои он ба шумо додааст, ки тӯшаи охиратро захира кунед.
Бо лаззат гирифтан аз лазоизи дунёи фонӣ, савоби охиратро кам мекунед.
Он умри дарозе бефоида аст, ки барои охират тӯша омода нашавад.
Дар дунё он кор бефоида аст, ки дар он фоидаи охират нуҳуфта набошад.
Шахси мутавозеъ дар дунё ва охират ҳарчи орзу кунад, пурра мешавад.

Захмӣ:
Инсони бад, бо сухани бад се касро захмӣ мекунад: якум худ, дуввум касе ки бадиашро мегӯяд, саввум касе ки онро мешунавад.

Хушоянд:
Ман се чизро меписандам: ба гуруснагон хӯрок додан, тиловати Қуръони шариф ва бараҳнагонро пӯшонидан.

Тақво:
Мардуми тақводор панҷ аломат доранд:
1. Бо касе намешинад, магар ин ки дар нишастан бо ӯ фоидаи динаш бошад.
2. Бар даҳону шармгоҳи худ мусаллат мебошад.
3. Агар аз ашёи дунё ҳарчанд чизи бузург барояш бирасад, бад медонад ва агар дар мавриди дин андак чизе ҳосил шавад, ғанимат медонад.
4. Шиками хешро аз ҳалол пур мекунад, аз тарси он ки мабодо ҳаром дар шикамаш дохил шавад.
5. Тамоми мардум ба назараш наҷотёфта маълум мешавад ва худро чунон медонад, ки дар ҳалокат афтодааст.
Дида гар бино бувад, ҳар рӯз маҳшар аст.
Ҳар рӯзи зиндагиро охирин рӯзи ӯ бидон.

Ахлоқ ва одоб:
Самара ва меваи ахлоқи нек хушҳолӣ аст.
Тамоми некиҳо бо ҳаё ва одоб вобаста аст, тамоми бадиҳо бо беҳаёӣ.

Имон:
Пас аз имон овардан дар ҳар рӯзи ҷумъа як ғулом озод кун, агар дар ин рӯз имкон нашуд, баъдан озод кун.
Аллоҳ (ҷ)-ро ҳамеша ҳамроҳи худ донистан, беҳтарин имон аст.
Гуфтори орому паст, ба пойин назар афкандан ва рафтори мутавассит нишонаи имон аст.
Касоне ки барҳақ истодаанд, бисёр каманд, магар дар иқтидор зиёдаанд.
Касе ки ҳаққи бандаро нашносад, ӯ ҳаққи Аллоҳ (ҷ)-ро низ шинохта наметавонад.
Дар он атре, ки истиҳқоқи ту нест, биниатро банд кун, ки муаттар нашавад.

Қалб, забон ва даст:
Вақте забон ислоҳ шавад, қалб ҳам дуруст мешавад.
Лағзиши забон бисёр хатарноктар аз лағзиши қадам аст.
Забон дӯстро душман ва душманро дӯст месозад.
Агар дилат хӯроки хуб мехоҳад, инро ҳам ба ёд дошта бош, ки рӯзе ризқи кирмҳо ва ҳашарот мегардӣ.
Гуноҳ дар дил нооромӣ пайдо мекунад ва итминонро аз байн мебарад.
Забони худро аз ситоиши амирон ҳифз кун.
Ёди Аллоҳ (ҷ) боиси итминон ва роҳати қалб мешавад.
Ғами дунё торикии дил аст, ғами охират рӯшноии дил аст.

Некӣ ва бадӣ:
Теъдоди ҳақпарастон агарчи кам бошад, аммо қадр ва манзалаташон зиёд аст.
Рӯзеро, ки бигзарад ва ман Қуръонро тиловат накарда бошам, барои худ бисёр бад ва макруҳ медонам.
Мулоқот бо мардуми хуб ҳам некӣ аст.
Некӣ кардан дар муқобили бадӣ беҳтарин эҳсон аст.
Мардумро ба некӣ амр кунед, аз бадӣ манъ кунед, пеш аз он ки мардуми бад бар шумо мусаллат шаванд. Сипас мардуми хуби шумо онҳоро ҳарчанд дуъои бад кунад ва дуъои бади он қабул нашавад.

Тарс:
Мусалмонон шаш қисм тарс доранд:
1. Тарс аз Аллоҳ (ҷ), ки давлати имонро аз ӯ нагирад.
2. Тарс аз малоикаи марг, ки рӯҳашро қабз накунад.
3. Тарс аз дунё, ки аз охират ғофилаш насозад.
4. Тарс аз зан ва авлод, ки Худованд (ҷ)-ро фаромӯшаш насозад.
5. Тарс аз малоика, ки гуноҳонашро нанависад.
6. Тарс аз шайтон, ки ба дом наандозад.

Садақа:
Як дирҳам садақаи фақир аз садҳо ҳазор дирҳам садақаи тавонгар беҳтар аст.
Ғарибони муҳтоҷ вақте назди ту меоянд, инъоми Худованд (ҷ) аст.

Шарм:
Ман дар хонаи торик дар вақти ғусл аз шарми Худованд (ҷ) ҳайрон мемонам.
Дар назди касе ба лаҳҷаи баланд сухан гуфтан нашармед, ки ба ишораи чашм намефаҳмад.

Ризо:
Агар мехоҳӣ, ки рози худро аз душман пинҳон дорӣ ба дӯсти худ ҳам магӯ.

Мол:
Он мол бефоида аст, ки дар ҷойи нек ба кор наравад.

Муҳаббат:
Муҳиббони Худованд (ҷ) танҳоиро хуш доранд.

Тамаъ:
Ба ҷуз аз Аллоҳ (ҷ) аз касе тамаъ надошта бошед.

Соҳибақл:
Соҳибақл ҳамеша ба ғаму фикр гирифтор мебошад.

Ҷосус:
Мардум ҷосусони айби туанд.

Мурда:
Аз мурда ибрат бигиред.

Ситоиш:
Аз ситоиши ҳоким бипарҳезед, зеро ки ба сабаби ситоиши золим қаҳри Худо (ҷ) нозил мешавад.

Обид:
Нишони обид он аст, ки машаққати дигаронро ба худ бипазирад.

Касб:
Ҳақиртарин касб аз гадоӣ беҳтар аст.

Мусибат:
Касе ки дар ҷараёни сол кадом таклиф ва мусибат набинад, бидонад, ки Аллоҳ (ҷ) аз вай норозӣ аст.

Масраф:
На он қадар мумсикӣ кунед, ки ҳеҷ масраф накунед ва на он қадар фарохдилӣ, ки чизе намонад.

Бор:
Бори худро бар кас наафканед, агарчи кам бошад ё зиёд.

Ҷонвар:
Ҷонвар молики худро мешиносад, аммо аксари инсонҳо Парвардигори худро намешиносанд.

Сарой:
Зиндагии дунёро барои мусофирати охират монанди сарое бидонед, ки мусофир тӯшаи худро худ мегирад ва қасд надорад, ки ҳамеша дар он сарой бимонад.

Барои худ:
Аллоҳ (ҷ) инсонро барои худ пайдо кардааст, пас муносиб нест, ки ӯ аз они дигарон шавад.

Тангдастӣ:
Аз баракат сабр дар тангдастӣ ба осонӣ муяссар мешавад.

Кор:
Ҳар коре, ки мекунед, барои Аллоҳ (ҷ) кунед, аз банда матарсед.

Зиллат:
Зиллати мусалмонон на аз надоштани мол, балки аз тарки мазҳаб пайдо мешавад.

Комёбӣ:
Ҳадафи зиндагиро баргузин, пас барои бароварда шудани он тамоми қувваи худро биандоз, ба ростӣ комёб мешавӣ.

Бознашр аз “Сафинаи умед”

More From Author

You May Also Like