Дар интихиботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамон тавре, ки пешбинӣ мешуд, Илҳом Алиев бо 84%-и оро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ расид ва барои 5 соли оянда дар ин мақом хоҳад буд.
“Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Озарбойҷон” эълон кард, ки беш аз 72 дарсад аз афроде, ки ҳақ доштанд овоз бидиҳанд, орои худро ба сандуқҳои раъй андохтанд. Мазоҳир Паноҳов, раиси ин Комиссия иддаъо мекунад, ки интихобот комилан шаффоф баргузор шуда, дар ҳазор маркази раъйгирӣ, ки 20%-и тамоми марказҳо ташкил медиҳад, дурбинҳои онлайн насб шуда буд, ки ҳама метавонистанд шоҳиди раванди баргузории интихобот бошанд.
Назари мухолифи САҲА
Аммо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) назари дигаре дорад ва мегӯяд, интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон бо “мушкилоти ҷиддӣ” ҳамроҳ будааст. Ба гуфтаи ин ниҳоди аврупоӣ, интихоботи рӯзи 9-уми октябри 2013-и Озарбойҷонро наметавон “интихоботе воқеан демократӣ” тавсиф кард.
Дар баёнияи САҲА, ки як рӯз пас аз интихобот мунташир шуд, омадааст, ки дар 58%-и ҳавзаҳои раъйгирӣ “шароити бад ё бисёр бад” буд ва шароити рақобат дар рӯзҳои пеш аз интихобот барои мухолифони Илҳом Алиев “одилона” набудааст.
Намояндаи САҲА низ рӯзи панҷшанбе дар Боку аз раванди пеш аз интихобот, яъне озодии номзадҳо барои муаррифии барномаҳои худ, ҳамчунин маҳдудиятҳои эъмолшуда барои таблиғоти интихоботии онҳо интиқод кард.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки давлати Алиев дар оянда битавонад, дар роҳи демократия гомҳои амалии бештаре бардорад.
Назари нозирони аврупоӣ
Нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла Роберт Волтер, раиси ҳайатҳои парлумонии Шӯрои Аврупо “шаффоф ва одилона” будани интихоботи Озарбойҷонро таъйид карданд.
Долғо Хотин Уғлу, мудири ахбори Ирон пахши англисии хабаргузории “Транд”, ки ҷараёни интихоботро дар Боку аз наздик дунбол кардааст, гуфт, дар конфронси матбуотии ҳайатҳои маҷмаъи парлумонии Аврупо ва ҳайатҳои намояндагии парлумони Аврупо дар Боку (10-уми октябр) эълон шуд, ки раванди интихобот “шаффоф ва одилона” будааст.
Бархе аз ҳайатҳои дигар, аз ҷумла ҳайати Кишварҳои муштаракул-манофеъ низ аз раванди интихобот расман изҳори хушнудӣ ва ризоият карданд.
Ҷумҳурии Озарбойҷон 9 миллиону 400 ҳазор нафар ҷамъият дорад ва беш аз 5 миллиону 450 ҳазор нафар ҳаққи овоз додан доштанд.
Беш аз 1200 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла нозирони Иттиҳодияи Аврупо бар раванди баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон назорат доштанд. Даҳҳо рӯзноманигори хориҷӣ низ барои пушиши интихобот ба ин кишвар сафар карда буданд.
Эътирози мухолифин ба натоиҷи оро
Мухолифини Озарбойҷон аз раванди баргузории интихобот ва натоиҷи он розӣ нест. Ҷамил Ҳасаналӣ, номзади Шӯрои миллии нирӯҳои демократӣ, ки ду ҳизби бузург; “Мусовот” ва “Ҷабҳаи мардумӣ” ва ҳамчунин чанд гуруҳи кучаки дигарро намояндагӣ мекунад, ба натиҷаи эълоншудаи интихобот эътироз дорад.
Ҷамил Ҳасаналӣ бо ишора ба мавридҳои нақзи қавонини интихобот дар саросари кишвар эълон кард, ки натиҷаи интихоботро нахоҳад пазируфт ва ба он эътироз хоҳад кард.
Мухолифин барои рӯзи шанбеи оянда даъват ба “митинг” (тазоҳуроти эътирозӣ) карда, эълон кардаанд, ки аз шаҳрдории Боку барои он дархости муҷаввиз намудаанд.
Нақши интернет, фейсбук ва твиттер
Коршиносон, аз ҷумла Долғо Уғлу мегӯянд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон ин бор бо давраҳои қаблӣ тафовут доштааст. Ӯ таъкид мекунад: “Дар даври қаблӣ, оппозитсия интихоботро таҳрим карда буд, аммо ин бор бо қудрати тамом ва гирди як номзади воҳид, яъне Ҷамил Ҳасаналӣ ба майдони рақобат ворид шуд. 10 бор мунозираи интихоботии телевизионӣ баргузор шуд ва ба сурати мустақим барои мардум пахш шуд ва номзадҳо фурсат барои таблиғи куллии дидгоҳҳо ва барномаҳои худро доштанд.”
Хотин Уғлу, коршиноси муқими Боку ҳамчунин таъйид мекунад, ки ин бор интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ нақши муҳимме доштаанд. Номзадҳои раёсати ҷумҳур бо таъсиси сайти таблиғоти интихоботӣ, фейсбук ва твиттер саъй дар истифодаи ҳадди аксари ин имконотро доштанд.
Манбаъ: Хабаргузории Олмон