Абдулатифи Ҳаммод
nahzat.tj
Буҳрони евро дар Аврупо ҳашт давлатро сарнугун кард, ки охирин давлат ин Ҳукумати Ҳуланд буд. Пеш аз рафтани ҳукумати Ҳуланд, ин буҳрон раисҷумҳури Фаронса, Н. Саркозӣ-ро ба фоидаи ҳарифи ӯ, Франсуа Ҳолланд мағлуб созад.
Дар моҳи феврали 2011 дар Ирландия интихобкунандагон сарвазири собиқа Брайан Куиннро муҷозот карданд ва сарвазири ҷадид Энда Кенниро бар сари қудрат оварданд.
Дар Португалия Ҳукумати cотсиялистӣ бо роҳбарии Жозе Сократеш дар интихоботи парлумонии соли 2011 шикаст хурд, ин ҳам ба сабаби буҳрони иқтисодии шадид. Ҳамчунин Ҳукумати ҷадиди кишвар бо ин мушкилот низ рӯбарӯ аст ва Португалия буҳрони печида барои минтақаи евро шудааст.
Дар Италия сарвазири ин кишвар, Силвио Берлусконӣ дар моҳи ноябри 2011 истеъфо дод. Баъд аз талоши тулонӣ ва ба даст оврдани курсиҳои бисёр кам дар парлумон ва фишори шадиди бозорҳои моливу расвоии ҷинсӣ ва фасод дар ҳукуматдорӣ, Берлусконӣ роҳи дигар надошт, магар ин ки истиъфо диҳад.
Дар поёни соли 2011 сарвазири Юнон, Джордж Папандреу аз раҳбарии ҳизби «Пасок» даст кашид ва ин мансабро собиқ муовини раиси Банки марказии Аврупо, Лукас Пападемос ишғол намуд, ки баъд аз муддати кутоҳе вазирҳои минтақаи евро барои Юнон қарзи молӣ оҷилона доданд. Дар ғайри он, ин кишвар муфлиси худро эълон мекард.
Ин буҳрон дар Испания ҳам таъсири худро гузошт ва боис шуд, ки Ҳизби муҳофизакори мардумӣ дар интихоботи парлумонии соли 2011 пирӯз гардад ва Ҳизби сотсиялистие ки зиёда аз ҳафт сол ҳукуматдорӣ карда буд, шикаст бихурад. Ва ҳоло сарвазири ин кишвар намояндаи ҳизби мардумӣ, Мариано Рахой мебошад.
Нахуствазири Славакия, Эвита Радикова, намояндаи Ҳизби демакратии масиҳӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ аз мансабаш барканор шуд, зеро Ҳизби сотсиялисти демакратӣ ин кишвар дар интихоботи парлумонӣ пирӯз гардиданд ва намояндаи онҳо Роберт Фико Сарвазири ин кишвар интихоб гардид.
Моҳи гузашта дар давлати Ҳуланд, сарвазири ин кишвар, Марк Риютте бар асари буҳрони евро маҷбур шуд, ки истеъфо бидиҳад ва муқарар аст, ки дар ин кишвар интихобот баргузор шавад.