Дирӯз, 10-уми сентябр, ҷаноби оқои Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Ирон дар чаҳорчубаи сафари расмии хеш ба Тоҷикистон баъд аз дидору мулоқот бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқоти дигаре анҷом дод бо ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намондагон ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ расид, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, Ш. Зуҳуров ташрифи аввалини ҷаноби Ҳ.Руҳониро ба сарзамини Тоҷикистон бо ишора аз дидору мулоқоти ишон бо ҷаноби Э.Раҳмон нек арзёбӣ кардааст, чун дар он мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҶТ бо ҶИИ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ёддоварӣ аз 9-уми сентябри соли 1991 ва эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гуфта, ки ҶИИ аввалин давлате буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати хешро дар аввали моҳи январи соли 1992 кушод.
Ш.Зуҳуров ҳамчунин тазаккур дода, ки дар муддати ҳамкориҳои ду кишвари бародар беш аз 100 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидаанд, ки дурнамои муносибатҳоро муайян сохтанд. Миллати Тоҷикистон дар ҳассостарин ва душвортарин лаҳзаҳои таърихӣ аз кӯмаку дастгириҳои ҶИИ бархурдор буд, ки намунаи идомаи неки онро имрӯз низ шоҳид будем, он ҳам ба таври комил оғоз шудани фаъолияти неругоҳи барқии “Сангтуда-2“.
Раиси Маҷлиси намояндагон бунёди роҳҳои оҳани Ирон – Афғонистон – Тоҷикистон ва мошингард, инчунин хатти интиқоли барқи Ирон – Афғонистон – Тоҷикистонро иқдомҳои нек ва муҳим арзёбӣ карда, сохтмони хатти лӯлаи интиқоли оби Тоҷикистон- Ирон ва дар канори он он гази Ирон- Тоҷикистонро лоиҳаҳои заруриву саривақтӣ донист, ҳамчунин тазаккур дода, ки тоҷику иронӣ рӯҳан ягонаанд, агарчи гузашти таърих байни онҳо фосилаи ҷуғрофӣ эҷод кард, вале ҳуввияти таърихию фарҳангии мо ҷудонопазир аст. Рудакиву Мавлоно, Носири Хусраву Шайх Камол, ҳаким Фирдавсиву Хайём, Саъдию Ҳофиз ҳамчун бузургони адабиёти ду миллати бародар муъаррифӣ мегарданд. Эҳё намудани ҳуввияти муштарак танҳо ниёз ба ҳамкорӣ дорад. Мо мехоҳем Ирон як кишвари боз ҳам тараққикарда ва шукуфову зебо бошад.
Дар мавриди муносибатҳои байнипарлумонӣ ҷаноби Ш. Зуҳуров ишора ба он карда, ки таи солҳои охир ин гуна муносибатҳо густариш ёфта, миёни мақомоти парлумонии ду кишвари дӯст ва бародар чандин мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор гардидаанд, аз ҷумла сафари ҳайатҳои Маҷлиси намояндагон ба Теҳрон ва ҳайатҳои Шӯрои Исломӣ ба Душанбе ҷиҳати тақвияти равобити байнипарлумонӣ нақши муҳим бозидаанд. Ва дар охир изҳори умед шуда, ки сафари ҷаноби Руҳонӣ дар таърихи равобити ду кишвар саҳифаи наверо боз ва дар муносибатҳои иқтисодӣ, техникӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ такони ҷиддие хоҳад кард.
Ҷаноби оқои Ҳасани Рӯҳонӣ зимни ибрози назари хеш аз диору мулоқотҳояш дар Тоҷикистон бо изҳори сипос гуфтааст, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз марҳилаи душвориҳои гузор ба сохти нави тараққиёт, даврони нави бунёдкорӣ ворид гардида, ҳамрадифи кишварҳои комилҳуқуқ қарор гирифтааст. Хушбахтона, чӣ дар Ирон ва чӣ дар Тоҷикистон барои тавсиъа ва густариши робитаҳои ҳамаҷониба, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонй, ҳама шароиту заминаи мусоид фароҳаманд ва миёни давлату парлумонҳо бо истифода аз чунин шароит ҳамкориҳои бештаре амалӣ хоҳанд шуд.
Раисиҷумҳурии Ирон ҳамчунин аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавй, бахусус дар чорчубаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ, Созмони конфронси исломӣ ва рӯшди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори каноъатмандӣ ва ҳамкориҳои парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро аз меҳварҳои асосии густариши муносибатҳо қаламдод намудаааст.
Бо илова аз иттилоъи Маҷлиси намояндагон вақте навори телевизиониро тамошо кардем, маълум гардид, ки ҷаноби Ш.Зуҳуровро дар мулоқот бо ҷаноби оқои Ҳ.Руҳонӣ, дар бустонсарои ҳукуматӣ, ҳайати парлумоние бо ширкати руасо ва муъовинини кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин вакили ҲНИТ дар парлумон Муҳиддин Кабирӣ ҳамроҳӣ кардаанд. Ва ин бори аввал аст, ки раиси ҲНИТ ба ҳайси вакили парлумон дар чунин мулоқотҳои сатҳи олӣ ширкат варзид.
Ба ҳар ҳол, ҷузъиёти дигари ин дидору мулоқот маълум нест, ки оё ҷаноби Руҳонӣ кадом ишораҳои сарироҳии дигаре бо аъзои ҳайати парлумонии Тоҷикистон зимни хайрухуш доштааст ё хайр?