Categories Uncategorized

Эмомалӣ Раҳмон: Масҷидҳо бояд ба маркази фарҳангу одоб ва тарбияи ахлоқиву маънавии мусалмонон табдил ёбанд

Имрӯз, 14-уми октябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Иди қурбон табрик намуда, гуфт, ки мардуми Тоҷикистон ин идро дар фазои суботи сиёсӣ ва талошҳои созанда баҳри расидан ба эъмори ҷомеаи демократӣ истиқбол мегиранд.

Иди Қурон, ки бино ба қарори Шӯрои уламои кишвар дар Тоҷикистон фардо 15-уми окятбр баргузор хоҳад гашт.

Дар ҳоле, ки раисҷумҳур дар паёми табрикотиаш дар бораи фазилат ва аҳамияти ид, ҳаҷ, қурбонӣ ва фарҳанги исломӣ суҳбат кард, ки расонаҳои давлатӣ, бахусус шабакаҳои телевизионӣ, ба ақидаи бархе аз коршиносон, дар бораи ин ид барномаҳои тафреҳӣ ва ҷиддӣ дар даст надоранд.

Ӯ риёкориву зоҳирпарастиро интиқод карда, гуфт: “Ҳар кори хайре, ки мӯъмин мекунад, набояд барои худнамоӣ, балки барои дилеро шод кардану дасти афтодаеро гирифтан аст.”

Дар бораи масҷидҳо оқои Раҳмон чунин гуфт: “Муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо дар шароити ҷаҳони муосир натанҳо макони ибодат бошанд, балки ба маркази фарҳангу одоб, мактаби одамият ва тарбияи ахлоқиву маънавии мусулмонон табдил ёбанд.”

Ин дар ҳолест, ки борҳо аҳзоби мухолиф, шахсиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ робитаи ҳукумат бо муассисаҳои динӣ, бахусус масҷидҳоро мавриди интиқоди шадид қарор дода, қонунҳо дар бораи манъи ҷавонони то 18-сола ва дар умум занон ба масҷид, мамнуъияти хондани намоз дар ғайри хона, масҷид ва гуристон, назорати шадиди давлат аз болои имомхатибон, гаронии андози масоҷид ва ғайраро поймол кардани ҳуқуқи динии шаҳрвандон медонанд.

Оқои Раҳмон илму дониш омӯхтанро дар дини Ислом аз фаризаҳои аслӣ хонда, гуфт, ки он “бо ибодат кардан баробар мебошад.”

Ӯ афзуд, ки “Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд.”

Зимни суҳбати табрикотиаш гуфт, ки “ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ ва русуму одоби мазҳабӣ бояд танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ва суннатҳои гузаштагонамон сурат” бигиранд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки ҳам ҳоҷиёни кишвар дар он сарзамини муқаддас, яъне Маккаву Мадина ва ҳам мардуми кишвар ҳангоми адои намози Ид барои сулҳу субот ва ободии Тоҷикистон ба даргоҳи Худо дуо мекунанд.

Манбаъ: Сомонаи Наҳзат

More From Author

You May Also Like