colorstart:#000000Дар наздиктарин фурсат, яъне 12-13-уми сентябр нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонхой (СҲШ) дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон доир мегардад ва тавре аз раванди омодагириҳо ва баҳсу талошҳо эҳсос мешавад, ин нишаст бояд ҳузури густарда пайдо намояд, агар сарони ду кишвари мавриди баҳс: Узбакистон ва Ирон ҳам ширкат намоянд.
Аммо нишасти сарони СҲШ дар марҳалаи феълӣ дар таъини сиёсатҳои ҷаҳонӣ таъсиргузор буда наметавонад, ҳатто агар аъзо ва нозирони он дар баррасии масоил мавқеъи муштарак дошта бошанд. Ҳама гуна даъво дар мавриди таъини сарнавишти ҷаҳон тавассути СҲШ аз ҷониби доираҳои таҳлилӣ дар долонҳои ҳукумати ҶТ асоси воқеъӣ надоранд.
Ҷалби таваҷҷӯҳ ба нишасти Душанберо дурнамои Афғонистон дар заминаи берун рафтани неруҳои НАТО аз ин кишвар ба вуҷуд овардааст. Ба ин хотир масъалаи Афғонистон ва муносибату бархурд ба дурнамои он яке аз масоили калидии ин нишаст хоҳад буд. Маҳз дар ҳамин поя ИМА ва дар умум Ғарб хоҳиши ба таври мустақим ширкат доштан дар нишасти душанбегии СҲШ-ро дархост кардаанд. Чун онҳо корҳои зиёдеро дар Афғонистон ба ҳар тарзе анҷом бахшиданд ва ҳавасманди он нестанд, ки дигарҳо баъд аз берун рафтани НАТО дар майдони фарох манфиъатбардорӣ кунанд.
Ҳоло дар нишасти сарони кишварҳои узв ва нозиру шарикони муколамаи СҲШ, дар умум 15 кишвар ва 4 созмони байналмиллалӣ бояд ҳузур пайдо намоянд. Вале инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки СҲШ дар заминаи баҳсҳои марзии 200-сола арзи вуҷуд пайдо кардааст, яъне Русияву Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон аз як тараф ва Чин дар танҳоӣ аз тарафи дигар, агарчи дар он вақт чунин номро ҳоло касб накарда буд, танҳо бо пайвастани Узбакистон номи СҲШ-ро гирифт, он ҳам дар 15.06.01 дар нишасти сарони кишварҳои узв дар шаҳри Шонхой- «5+1» ва то ба то ба имрӯз Туркманистон узви ин созмон нест.
Ба ҳар ҳол, иқдоми аввали нишасти сарони узви СҲШ бо ибтикори Чин ба имзо расонидани эъломияе буд, ки муборизаи муштарак бо терроризму ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро дар назар дошт. Эҳтимол тули ин солҳо кадом корҳое дар ин маврид бо ширкати ниҳодҳои зирабти масъала анҷом гирифта бошад, вале барои ҷомеъаҳои ин кишварҳо натиҷаи ин гуна корҳо чандон рушан нестанд, агарчи аз нигоҳи сохторӣ маркази минтақавии ҳамоҳангсози амалиётҳои зиддитеррористии ниҳодҳои амниятӣ дар шаҳри Тошканд мебошад.
Дар ин авохир тавассути ВАО дар мавриди ташаккул ёфтани СҲШ мисли НАТО ва рақобати онҳо гумагуҳое ба назар мерасанд, ҳатто иддае аз сиёсатшиносони тоҷик ҳам, ки тавассутии ТВТ сӯҳбат мекунанд, диду назари хешро ҷиддан матраҳ месозанд. Дар ҳоле ки рақобати ин гуна блокҳои низомӣ-сиёсиро таҷриба кардем ва гӯё ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҷанги сард ҳам раҳо ёфтааст. Вале таҳавулотҳои ахир дар манотиқи алоҳида, бахусус дурнамои Афғонистон иддае аз «саргарм»-ҳоро ба ин тарзи бархурд тела медиҳад.
Ба ҳар ҳол, тавассути СҲШ дар воқеъ тарҳои бузурги иқтисодӣ ва сохтмоние, назири роҳҳо ва лӯлаи газу хатҳои баландшиддати барқӣ амалӣ шуданд. Ҳатто Чин дар як давра барои аъзои созмон 900 миллион доллар қарзи дарозмудат, то 40 солро пешниҳод кард, ки дар ин доира Тоҷикистон бо пешниҳоди чандин лоиҳа маблағи калонеро ба даст овард.
Даъвои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди берунрафт аз бунбасти баъзе мушкилоти кишвар маҳз дар ҳамин поя таҳаққуқ пайдо кардаанд. Саҳми Чин дар интиқоли молу маводҳои мухталиф ҳамчун узви муассири СҲШ дар нисбати Тоҷикистон хеле зиёд аст, яъне гардиши моли хориҷӣ аслан тавассути Чин сурат мегирад ва инро дар вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ҳам тайид мекунанд, ки агар Тоҷикистон бо 150 кишвар додугирифти тиҷоратӣ дошта бошад, 50%-и он ба кишварҳои узви СҲШ рост меояд, фикр мекунам ҳамин фисади тайид шуда ба Чин рабт дорад. Яъне воридоти моли Чин ба ҳаёти иҷтимоъӣ – иқтисодии кишвари мо таъсири ҷиддӣ дорад.
Аммо муносибату робитаҳо миёни ду узви таъсиргузори СҲШ равону ошкор нестанд, чун ҳар кадоме аз онҳо бо стротежиҳои хос дар Осиёи Марказӣ дунболи ҳифз ва касби манофеъанд. Бубинед, агар Чин омодаи маблағи калон гузоштан дар як бонки минтақавӣ ҳаст, вале ҳиҷ кишвари дигари узви ин созмон чунин имкониятро надоранд, ҳатто Русия, чун худаш мувоҷҷеҳи мушкили иқтисодист. Дар бораи Тоҷикистону Қирғизистон ҳоҷати гап задан нест. Дар масъалаи роҳандозии лӯлаҳои газ тавассути Туркманистону Узбакистон ва Қазоқистон ҳам Русия чандон ҳавасмандӣ нишон намедиҳад, ки ин ҷо алакай эҷоди рақобат аст. Вақте узви як созмон дар ин гуна ҳолатҳо ба масъала аз нигоҳи рақобат нигоҳ мекунанд, пас дар дурнамо таҳавулот дар дохили он ногузир аст, яъне ҳарфи аввал бояд тавассути яке аз ин қудратҳои ҷаҳонӣ гуфта шавад. Пас бархӯрди манофеъи ду қудрати ҷаҳонӣ дар дохили як созмон ба ҳайси узви баробар шакл гирифтанаш зери суол аст.
Бисёре аз коршиносон ба ин назаранд, ки агар кишваре, мисли Ирон дар СҲШ узвият касб намоянд, баҳси пасипардагии ду қудрати ҷаҳонӣ ошкор мешавад, чунки Ирон маҷбур аст зимни тасмимгириҳо аз якеи онҳо ҷонибдорӣ намояд, албатта тибқи манеофеъи хеш. Дар ин мавридҳо кишварҳои кучак ҳам, мисли Тоҷикистон ҷасорати пуштибонӣ аз Русия ё Чинро пайдо мекунанд.
Ба ҳар ҳол, зери бори яке аз қудратҳо қарор гирифтани аъзои нав ҳам баъид ба назар намерасад ва ин раванд таъсире ба палаи тарозу мегузорад, ки вазнинӣ аз Русия хоҳад буд ё Чин?!/colorend