Categories Uncategorized

Э. Раҳмон: “иншои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» тасодуфӣ набуд”

“Ба иншои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» даст заданам, тасодуф набуда, амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем”–  ин нуктаро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз 24 – июн  дар маросими муаррифии «Тоҷикон дар оинаи таърих» иброз намудааст.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии ин китоби таърихӣ шоми рӯзи 24 июн дар толори бузурги меҳмонхонаи Шератони шаҳри  Алкувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик баргузор гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон тарҷума ва чоп шудани чор ҷилди ин китобро ба забони арабӣ “рӯйдоди муҳим дар ҷодаи густариши робитаҳои судманди илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои араб” номида, ба мутарҷимон ва ноширони он арзи сипосу қадрдонӣ намудааст.

Сипас Вазири иттилооти Давлати Кувайт, Сармушовири Девони Амир доктор Абдулло ал Маътук сухан гуфта, дастраси мардуми арабзабон гардидани ин китоби таърихиро “рӯйдоди пурарзиш” номидааст.

“Тоҷикон қадимтарин мардуми муқими Осиёи Марказӣ буда, фарзандони фарзонаи он дар ташаккул ва рушди тамаддуни инсонӣ ва исломӣ дар ин минтақа ва кулли ҷаҳон нақши намоён гузоштаанд” – гуфтааст муовини вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдулло ал Фаллоҳ зимни суханронии худ дар ин маросим.

Ҳамчунин Декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Кувайт Абдулҳодӣ Алаҷмӣ суханронӣ карда, нақши таърихии ин китобро басо баланд арзёбӣ намудааст.

More From Author

You May Also Like