Муовини аввали раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон аз мулоқоти интихобкунандагон дар минтақаи Рашт баргашт ва нашрия назари ишонро аз ин диду боздидҳо фаҳмидан хост, то ба самъи хонандаи хеш бирасонад.
– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Банда дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки вакилон аз 15 то 24-уми сентябр бо интихобкунандагон мулоқот доир намоянд, сафари корие доштем ба ҷиҳати анҷоми чунин як мулоқот дар минтақаи Раштонзамин.
Дар тӯли сафари якҳафтаина нахуст дар ноҳияи Рашт будем ва қаблан бо раиси ин ноҳия суҳбате намуда, барномаи худро матраҳ сохтем. Раиси ноҳия масъулинеро барои доир намудани мулоқот ва фароҳам сохтани шароити муносиб дастур дод. Ва мулоқоти аввалини мо дар деҳаи “Қалъаи Сурх” ва дувумаш дар деҳаи “Шул”-и ноҳия баргузор гардиданд. Бо ҳамин тарз, дар чаҳор деҳаи дигар ҳам мулоқоти хубе доштем. Бештари мулоқотҳо дар фароғатгоҳҳо доир шуданд, ки барои мо ва шунавандогон роҳат буд.
Дар воқеъ, мулоқотҳои мо дар ноҳияи Рашт бобарор сурат мегирифтанд, вале зарур буд, то ба дигар ноҳияи ин минтақа ҳам сафар намоем, яъне ба Тоҷикибод. Дар ин ҷо ҳам нахуст дар ҳузури раиси ноҳия будему зимни суҳбат бо ишон масоили мубрами ҷомеъа мавриди баҳс қарор гирифтанд. Баъдан ҳамроҳ бо раиси ноҳия рафтем назди интихобкунандаҳо барои мулоқот.
Олимҷони Сафар, вакили дигари парлумон дар ин ноҳия ҳам моро ҳамроҳӣ кард. Ба интихобкунандаҳо аз фаъолияти шашмоҳаи парлумон гузориш додем ва дархосту пешниҳодоти онҳоро бо худ гирифтем. Чун сафари мо ба ноҳияи Ҷиргатол идома мекард
Дар ин ноҳия низ нахуст бо раиси он аз мушкилот ва бурду бохти мардум суҳбат намуда, аз вазъи зиндагии бошандагони Ҷиргатол то ҷое воқиф гаштем. Сипас дар деҳаву ҷамоъатҳои ин ноҳия мулоқотҳоеро анҷом бахшида, фикру андешаи интихобкунандаҳоро ҷиҳати пешрафту беҳтар шудани зиндагӣ навишта гирифтем.
Бояд иқрор кард, ки дар минтақаи Рашт чор вакили дигари парлумон ҳам бо интихобкунандагон мулоқот доштанд, аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ки аз ҳамин ҳавза вакил интихоб шудааст, вохӯриҳое анҷом дод. Мулоқоти вакил бо мардум ду самти аслӣ дорад: гузориш додан аз ҷараёни фаъолияти парлумону раванди қонунгузории вакилон ва шунидани назару пешниҳодҳои интихобкунандаҳо. Яъне бо шунидани арзу шикоёти мардум дархости онҳоро ба мақомоти болоӣ ва ниҳодҳои марбута расонидан. Дар ин мулоқотҳо аз ин ду тарзи барнома берун набудем.
Зимни суҳбат ба ду мавзӯъ таваҷҷуҳ зоҳир шуд: фаъолияти кории парлумон, аз ҷумла қабули қонун ва тағйироту иловаҳо ба қонунҳои алоҳида, инчунин суҳбат дар атрофи Сарқонуни кишвар, ки имсол 20-солагии қабули онро таҷлил мекунем.
Мо зимни гузориш аз фаъолияти кории парлумон гуфтем, ки дар ин муддат 28 ҷаласаи корӣ анҷом гирифтаву 181 қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд, аз ҷумла, 2 қонуни конститутсионӣ ва 6 қонун дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, инчунин 12 қонуни мукаммал. Ба 69 қонуни мавҷуда ҳам тағйироту иловаҳо дохил гардиданд ва 31 созишномаву тавофуқномае, ки байни Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ба имзо расидаанд, ба тасвиб расиданд.
Дар мавриди моҳияти қонунҳои конститусионӣ ва қонунҳои дигаре, ки дар ин шаш моҳи ахир ба тасвиб расиданд, шарҳу тавзеҳоти хешро ироъа доштем, аз ҷумла дар мавриди қонун дар бораи занбӯри асалпарварӣ, дар бораи истеҳсолу истифодаи ангишт, ҳамчунин дар атрофи қонун дар бораи фарҳанги дипломатӣ, ки дар баррасии парлумон қарор дорад, маълумот додем.
Вале таваҷҷуҳи бештари интихобкунандаҳо ба қонун дар бораи бонкдории исломӣ зиёд буд, ки ахиран парлумон онро ба тасвиб расонид. Бале, чанд сол қабл ҳам борҳо изҳор дошта будем, ки Ислом дини ҷомеъасоз аст ва қонунҳое дорад, ки ба иқтисоду иҷтимоъиёти ҷомеъа мусоидат мекунанд. Аммо мутаассифона, дар он марҳалаҳо, мисли имрӯза ҳам ҳеҷ гӯше набуд, ки ин гуфтаҳоро бишнавад ва афроде пайдо намешуд, ки дар ин маврид андаке тафаккур намояд. То он даме, ки ҷаҳон дар солҳои 2007 – 2008 ба буҳрони молии шадид гирифтор шуд ва таъсири он ба тамоми бонкҳои ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои Амрикову Аврупо, инчунин Осиё ҳам расид. Бонкҳои бузурге дар дунё муфлис гардиданд, вале ин буҳрон ба бонкҳои исломӣ таъсире нарасонид. Дар ин муддат фаъолияти бонкҳое, ки бо низоми бонкдории исломӣ амал мекарданд, бепарво кори худро тақвият бахшиданд. Зеро дар бонкдории исломӣ низоми доду гирифти рибо ё “протсент” вуҷуд надорад.
Ҳамин тавр дигарон ҳам ба низоми бонкдории исломӣ, ки холӣ аз рибост, фаъолияти хешро роҳандозӣ карданд. Шояд имрӯз ин низом ба як низоми ҷаҳонӣ табдил ёфта бошад, зеро дар аксари кулли кишварҳо чунин як фаъолият вуҷуд дорад. Ҳоло кишвари мо ҳам ин низомро қабул карда, мутахассисин болои он кор карда истодаанд. Бо қабули қонуни хос ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти молии худро бо ин усул ба роҳ монанд.
Ин ҳарфҳое буданд, ки зимни суҳбат дар мавриди ҷанбаи қонунгузорӣ бо интихобкунандагон изҳор медоштем.
Аммо тавре дар боло ишора рафт, қисмати дигари суҳбат атрофи Конститутсияи кишвар, ки дар радифи муқаддасот шомил гаштааст, ҷараён гирифт. Зеро Имсол 20-солагии онро ҷашн мегирем ва бояд мардум атрофи ин масаъала маълумоти комил дошта бошанд. Бале, Конститутсия сарчашмаи тамоми қонунгузориҳост. Яъне тамоми низоми давлатдорӣ ва ҷанбаҳои дигари зиндагӣ дар асоси конститутсия бино ва ҷараён пайдо менамоянд. Агар тибқи Конститутсия тамоми корҳо амалӣ шаванд, кори хайре хоҳад буд, дар акси ҳол ҳама дастуру амалкардҳо хилофи он сурат мегиранд.
Дар мавриди он ки ин санади муҳим соли 1994 дар раъйпурсии умумӣ қабул шуда, ду маротибаи дигар тавассути раъйпурсӣ тағйироту иловаҳо дидааст, ҳарф задем. Аз ҷумла, иддае аз равшанфикрони миллат дар вақти қабули Конститутсия дар кишвар набуданд ва авохири солҳои 90-ум бо ташаббуси бедордилони ин миллат, бахусус устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон фарзандони берун аз кишвар ба ватан баргаштанд. Зарурат пеш омад, ки хоҳишоти мардуми дар ҳиҷрат буда ҳам ба назар гирифта шаванд ва ҳамин тавр дар давраи фаъолияти КОМ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид гардид.
Асли тағйирот ба ин санади муҳим ҳам се масъала буд:
1. Ба муҳлати президентӣ ва салоҳияти он тағйиру иловаҳо ворид кардан, ки аз ду давраи 5-сола ба як давраи 7-сола табдил ёфт.
2. Роҳандозӣ кардани парлумони касбӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамин асос Маҷлиси Олӣ шакли дупалатагӣ ё думаҷлиса гирифта, палатаи поёнӣ, ҳамчун парлумони касбӣ ба худ ном гирифт.
3. Қабул шудани моддаи нав дар Конститутсия зери рақами 28, ки дар бораи фаъолияти ҳизбҳои мухталиф, аз ҷумла ҳизби сиёсии моҳияти динидошта роҳ кушод. Яъне шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки ҳизби динӣ ё ғайридинӣ таъсис бидиҳанд.
Бале, ҲНИТ дар соли 1991 таъсис дода шуда буд, вале дар соли 1993 бо қарори Суди олӣ фаъолияташ мамнӯъ эълон гардид. Ислоҳот дар Конститусия роҳро барои фаъолияти Наҳзати Исломӣ кушод. Дар ҳамин асос Суди олӣ ҳам қарори худро дар мавриди мануъияти Наҳзат бекор кард.
Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсия дар солҳое қабул гардид, ки кишварро нобасомониҳо иҳота намуда буданд ва ниёз ба чунин як тағйироту иловаҳо баъд аз созиши сулҳ пеш омад.
Аз ин хотир, зимни мулоқотҳо ишора ба он мешуд, ки ворид ё хориҷ шудан ба кадом ҳизби расмие ихтиёрӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандист. Мутаассифона, 3-4 сол боз шоҳиди онем, ки дар кишвар бидуни ихтиёр нафареро аз ҲНИТ хориҷ мекунанд. Дар ҳоле ки маҷбурият дар ҳарду маврид ҷиноят ба ҳисоб меравад. Мақомот ва иддае аз намояндагони ҳукумат дар маҳалҳо бо ҳар роҳ васила алайҳи ҳизбе фаъолият мебаранд, ки ҷойгоҳи конститутсионӣ дорад. Кор то ба ҷое расида, ки барои аъзои Наҳзатро хориҷ кардан, аз хешу табор ҳам истифода мебаранд. Яъне ба хешу тавбори аъзои ҳизб мегӯянд, агар дар симати худ фаъолият кардан хоҳӣ, бояд фалониро аз сафи ҳизб берун созӣ. Таҳдид барои аз даст рафтани замину дӯконҳои тиҷории афроде ҳам сурат мегирад, он ҳам ба хотири хориҷ карда натавонистани хешаш аз сафи Наҳзат.
Вале ин гуна доираҳо хабар надоранд ё хабар доранду худро ба нодонӣ мезананд, дар ҳоле ки амали онҳоро мардум мушоҳида мекунанд. Дар шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш гузоштани наворҳои фаҳшо ва тавҳин ба ҷойгоҳ ва ҳуқуқи шаҳрванд поймол кардани Конститутсия аст. Вақте ин гуна амал хилофи ин санади муҳим ҳасту онро аз ҷумлаи муқаддасот меномем, эҳтирому эътибори он чӣ мешавад? Агарчи Конститутсияро бахтномаи миллат мегӯем, вале мутаассифона, ба ҳама хушбахтӣ наовардааст, баъзан сабабгори бадбахтиву мусибат ҳам мегардад.
Ин нуктаро ҳам зимни мулоқотҳо таъкид кардем, ки вақте миллат бо дасти худ қонунеро ба тасвиб мерасонад, ин воҷибулфарз қарор мегирад. Агар шаҳрванд қонунро поймол сохт, мусибате болои он мардум сарозер шуданаш имкон дорад. Дар таърих чунин мисолҳо зиёд буданд ва Қуръони карим ҳам мисолҳои зиёде мезанад. Накунад, ки башар қонунеро қабул карда, худ зери по кунад ва ба мусибате гирифтор шавад. Қонунҳое, ки қабул мешаванду онро агар инсон напазирад, барояшон ҷазо мерасад.
Ҳамин тавр мо аз Қуръони карим қиссаҳоеро шарҳ додем ва мардуми Раштро тавсиф кардем, ки дар бахши рӯҳоният ва диёнати кишвар хидмати зиёд кардаанд. Дар замони ҳоким шудани болшевикҳо, дар тамоми манотиқ фишорҳо болои дину оин ҷорӣ гашта буд ва аксаран дину оини худро тарк карданд. Вале мардуми Раштонзамин дар дину оини худ пойбанд монданд. Ба ҳар манотиқи дигаре агар мерафтанд, аз дину оин дифоъ мекарданд. Ин фарҳангдӯстӣ боис гашт, ки дигарон ҳам ба онҳо пайравӣ намуданд.
Ин мардум ифтихор дошта метавонанд, ки Шукурҷон Зуҳуров барин шахсиятҳо зодаи ҳамин минтақаанд ва ба эъломияи истиқлолияти кишвар Қадриддин Аслонов, фарзанди ҳамин диёр имзо гузоштааст.
Хитобан ба мақомоти маҳал гуфтем, ки бо мардуми ин диёр, ки дар воқеъ шарафманданд, хидмати содиқона анҷом бидиҳанд ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҳифз намоянд, то эҳтирому эътибори қонун авлавият касб намояд. Ва бо дуои хайр суҳбатро ба анҷом мерасонидем, ки кишвари моро Худованд бо сулҳу салоҳ ва оромиву субот пойдор боқӣ бигузорад ва аз ҷумлаи кишварҳое гардонад, ки қонун роиҷ ва амалкунанда аст. Бигузор қонунмеҳвар бошему хостаҳои мардум бо қонунҳо мутобиқ бошанд.
Бар ҳар ҳол, мулоқотҳо тарзе анҷом мегирифтанд, ки мардум гӯё аз зиндагӣ розианд. Агарчи то 200-250 нафар ҷамъ мешуданд. Фақат дар Тоҷикобод аз чӣ бошад, ки мардум камтар ширкат доштанд, вале дар Рашту Ҷиргатол таваҷҷуҳ зиёд буд.
Барои мо муҳим он буд, ки мардум ба хубӣ дарк мекарданд, ки ҲНИТ дар парлумон курсӣ дорад ва фаъолияташ назаррас аст. Инчунин медонанд, ки Наҳзат таъаҳҳуди хешро бо ҷониби дигар вайрон накарда, тибқи қонун амал мекунад. Баръакс алайҳи Наҳзат корҳоеро анҷом медиҳанд, ки ҷуз қонуншиканӣ чизи дигаре нест.
Зимни шикояту пешниҳодҳо дар мавриди норасоии обу барқ таъсиси маконҳои дӯзандагӣ, аз тинҷӣ ва пойдории сулҳу салоҳ ишора мекарданд. Дар мулоқотҳои мо чанд аъзои ҲХДТ ҳам суҳбат доштанду аз ҳизби худ васф карданд. Дар пайрави бо ин дӯстон мо низ мегуфтем, ки агар қудрат ва зимоми давлатро ба Наҳзат бовар кунед, мо саъодати дорайнро барои шумо таъмин мекунем, иншоаллоҳ. Ҳизби мо вуҷуди фасод ва дигар аъмоли ғайриқонуниро маҳкум мекунад. Таъкиди мо ин аст, ки қонунмеҳварӣ фарҳанги мардум қарор бигирад.
Categories
Мавқеъ