С. Ҳусайнӣ: Ҳадаф аз ҳамоиш таҷдиди аҳду вафодорӣ ба мактаби устодон аст

Матни суханронии Сайидумар Ҳусайнӣ, ноиби раиси ҲНИТ дар ҳамоиши бузургдошти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки дар қароргоҳи ҳизб 17-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардида буд, пешкаши хонандагон менамоем.

“Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ҳамду санои беадад Худовандеро, ки ин ҷаҳону он ҷаҳонро ба хотири мукаррамтарин махлуқаш офарид ва роҳи расидан ба саодати дорайнро тавассути Паёмбарони гиромиқадраш барои мову шумо фиристод. Ҳамчунин раҳмати худовандӣ ва дуову дуруди мо бар ҳама ононе, ки аз пайравону шогирдони ин мактаб буданд, аз ҷумла шуҳадову солиҳин ва сиддиқин, ки ин мактабро то имрӯз пайравӣ карданд ва ҳамчунин бар рӯҳи он шуҳадое, ки барои эҳёи ин мактаб ҷонҳои гаронбаҳои худро дар ин роҳ нисор намуданд, минҷумла устодони гиромиқадр устоди марҳум Саид Абдуллоҳ Нурӣ ва устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода. Воқеан устодон аз ҷумлаи фидоиён ва сарсупурдагони ин мактаби худовандӣ буданд ва барои мову шумо улгӯ ва усваи ҳасанаеро боқӣ гузоштанд.

Баъди салавоти Худо ва ҳамду санои худовандӣ, ба унвони сарпарасти ситоди баргузории ин ҳамоиш саломи худро ҳузури якояки шумо меҳмонон ва бародарону хоҳарони гиромиқадр, ки пайравони мухлиси ин мактаби илоҳӣ ҳастед, хайримақдам мегӯям. Умедворам, ки Худованди мутаол барои ҳар қадаме, ки шумо ранҷа карда, дар ин ҳамоиши пурбаракат ширкат намудед, аҷру ҳасаноте бинависад ва Худо кунад, ки рӯҳи устодони гиромиқадр аз шогирдон ва пайравону мухлисонаш шод гардида бошад.

Бародарону хоҳарони азизам, бояд бигӯям, ки ҳадаф аз баргузор кардани ин ҳамоиш қабл аз ҳама онаст, ки мову шумо ба унвони пайравону мухлисони ин мактаби илоҳӣ аз устодони худ ёде карда бошем, то он дастуруламалҳоеро, ки аз эшон барои мову шумо ҳамчун мерос боқӣ монданд бори дигар ёдовар шавем ва дар доираи таълимоти онҳо дуруст равон бошем.

Аз тарафи дигар, ин ҳамоиш барои онаст, ки атрофи аҳдофи ин мактаб ва атрофи он намунаҳое, ки эшон барои мову шумо боқӣ гузоштанд, суҳбатҳо дошта бошем. Ин мактабе, ки ибтидо ва сарчашмаи он аз паёмбарони илоҳӣ шуруъ шуда, то солиҳину шуҳадо ва сиддиқин ва минҷумла устодони марҳум идома дорад, атрофи ин мактаб суханҳое гуфта бошем. Умедворем, ки пайравону шогирдони ин мактаб дар ин чанд соате, ки ин ҷо ҳузур доранд, шояд ки аз он ёддоштҳое, ки дар бораи устодони бузург дар ин мактаб доранд, ҳузури шумо арз хоҳанд дошт.

Аз тарафи дигар, ин иҷтимои мо имрӯз метавон ба унвони як таҷдиди аҳду мисоқ аст ба ин мактаб. Мактабе, ки чи тавре зикр карданд аз Паёмбарони худовандӣ сарчашма мегирад ва ба устодони мову шумо дорад идома меёбад. Тааҳҳуди худро таҷдид мекунем ва вафодорию пойбадӣ ва мунсаҷим буданамонро дар атрофи ин таълимот аз худ нишон медиҳем. Бародарону хоҳарони гиромӣ, дар ин замон бахусус, ки ҳоло як миқдор фишорҳо болои пайравони ин мактаби худовандӣ дорад зоҳир мегардад, чунин таҷаммуъ ва таъаҳҳуд ва таҷдиди мисоқу аҳду паймон барои мову шумо хело аҳамият дорад.

Аз Худованд бори дигар истидъо мекунам, ки ин маҳфил ва ҳамоиши мову шуморо ба хайр биянҷомонад ва рӯҳи устодони гиромиқадрро аз шумо ва аз пайравону мухлисонаш шоду масрур гардонда бошад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.”

More From Author

You May Also Like