Ҳизбҳои мухолиф ба санҷидани нирӯву тавон ва шеваи ширкати худ дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мекунанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) бо даъвати 20 коршинос ба дафтари худ имкониятҳои ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Коршиносон ин нишастро «маҳрамона» унвон карданд, аммо раҳбарияти ҲНИТ мегӯяд, аз ҳоло ба омӯзиши афкори ҷомиа дар бораи иштироки ҳизб дар интихоботи раисҷумҳурии моҳи ноябр шурӯъ кардааст.
ҲНИТ: Пуштибонии мо аз Раҳмон эҳтимоли хеле заиф дорад
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишаст ширкатдорон се наҳви иштироки ҳизб дар интихоботро ба баррасӣ гирифтаанд: «Мову коршиносон бар ин иттифоқи назар ҳастем, ки ҳизби наҳзат барои он ки бақо ва эътибори худро дар ҷомиа ҳифз кунад, бояд дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад. Ду вариант дар мадди назар дошта мешавад, яке ин ки номзади худро дошта бошем, дуввум, аз як номзади берун аз ҳизб ва мӯътабар ҳимоят кунем. Варианти сеюм – ҳимоят аз номзади ҳукумат – эҳтимоли хеле заъиф дорад.»
Ин аввалин қадами ҲНИТ – қавитарин ҳизби мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст, ки ба қавли коршиносон, то ҷое «маҳрамона» ва хеле эҳтиёткорона аст. Аммо бозгӯӣ аз он мекунад, ки ҳизбҳои мухолифи Тоҷикистон барои шинохти нерӯ ё потенсиали худ шурӯъ кардаанд ва имкониятҳои худро ҳисобу китоб мекунанд. Он ҳам дар ҳоле, ки то ба имрӯз номзади аслӣ дар ин интихобот, ки бояд аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шавад, маълум нашудааст ва фурсати чормоҳаи гаштҳои сиёсӣ барои мухолифин ҳам кам мешавад.
(Иқтибос аз “Озодӣ”)