Бештари калисоҳо дар кишварҳои аврупоӣ ба марокизи исломӣ, аз ҷумла масoҷид табдил ёфта истодаанд.
Бино ба гузориши расонаи “islamworldnews”, ахбори ахири мунташираи нашрияҳои ғарбӣ ҳокӣ аз он мебошанд, ки бисёри калисоҳои аврупоӣ ба хотири истиқболи сарди мардум дар вазъияти аз байн рафтан қарор дошта, баъзеашон ба масҷид табдил меёбанд.
Як рӯзномаи исроилӣ “Sheva Rutz” дар ин бора навиштааст, ки иваз шудани калисоҳо ба масоҷид ва марокизи исломӣ, акнун ба як воқеият табдил ёфта, нуктаи ҷолиб ин аст, ки ин раванд ба таври довталабона сурат мегирад.
Манбаъ меафзояд, ки калисои “Сант-Алва”, воқеъ дар шаҳри Вйерзони Фаронса дар ҳоли табдилёбӣ ба масҷид буда, калисои Бурж, ки он ҳам дар минтақаи мазкур ҷойгир мебошад, ба фурӯш гузошта шудааст.
Бар асоси гузориши рӯзномаи “ Sheva Rutz ” аз миёни 7 ҳазор сокини шаҳри Вйерзон, танҳо 300 нафари онҳо ҳафтае як маротиба ба калисо мераванд.