Қазияи ҳамла ба қатораҳои Тоҷикистон дар ҳудуди кишвари Русия аз мавзуъҳоест, ки мардуми Тоҷикистонро нигарон кардааст. Аз ҷумла ин ҳодисаи мудҳиш вазъи муҳоҷирони кориро низ бад нишон дода, маълум мегардад, ки бо вуҷуди баррасии санадҳову ҳамкориҳо миёни Русия ва Тоҷикистон ҳанӯз ҳам муҳоҷири кории тоҷик мақоми худро дар ин кишвар пайдо накардааст.
Агар чи то ҳанӯз мақомоти Русия аз шарҳу тафсири ин воқеа чизе нагуфтаанд, аммо дафтари матбуоташ таъкид кардааст, ки ба ҳар қонуншиканӣ дар чорчӯби қонунҳои ин кишвар расидагӣ сурат хоҳад гирифт.
Дар робита ба санаду имзоҳои ҳамкорӣ, ки тайи солҳои ахир миёни Тоҷикистону Русия сурат гирифтааст, аксар коршиносон онро ба манфиъати танҳо Русия баҳо додаанд. Коршиносон иброз медоранд, ки то имрӯз Тоҷикистон аз ингуна санаду ҳуҷҷатҳои ба имзорасида фоидае надидаанд.
Аз ҷумла коршиноси тоҷик Алӣ Мастов дар бораи созишномаҳои ахири ба имзорасида миёни Тоҷикистону Русия гуфт, ки тайи даҳ-понздаҳ соли ахир миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия чандин созишномав ва санадҳои мухталифи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирату истифодаи неруии кории кишвари мо дар хориҷ ба имзо расидаанд. Борҳо парлумони ҷумҳурӣ ва Думаи давлатии Федератсияи Русия масоили муҳоҷиронро ба баррасӣ гирифтаанд. Аммо натиҷа ва поёни кор ҳамеша ба нафъи Душанбе набуда ва ин дафъа низ мушкили «гастрабайтер»-и тоҷик ҳамон гуна боқӣ хоҳад монд, ки то имрӯз буд.
Ӯ афзуд, равшану маълум аст ва даҳҳо далели фишор ба муҳоҷирон, нақзи ҳуқуқи онҳо, депорт ва латукӯби эшон дар Русия ба амал меояд. Ҳатто дар минбарҳои баланде, чун Кремл, садову симои Русия, вазорату корхонаҳои давлатии он кишвар таҳқиру таҳвини миллати мо ҷо дорад. Ин дар ҳолест, ки Душанбе кулли хостаҳои Маскавро бароварда сохта, будубоши пойгоҳи низомии Русияро барои 29 соли баъд бе ягон шарту шароит ва бе пардохти як рубл иҷоза дод.
Вай дар бораи Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, тасаввур кунед, сарбозу афсари рус дар Тоҷикистон мақоми дахлнопазирӣ (баробар ба дипломатҳо)-ро дорад. Аммо муҳоҷири бечораи тоҷик дар он давлат баробар ба ҳайвони хонагӣ ҳам нест. Мутафаккири Рими қадим Ситсерон шояд ҳамин созишномаҳои дуҷонибаи Русияву Тоҷикистонро чанд ҳазор сол қабл аз ин дарк карда гуфта буд: «Коғаз шарм намедорад, коғаз ҳама чиро тоқат мекунад». Ман ба ин ҳарфи Ситсерон бори дигар бовар кардам, зеро дар коғаз як чиз асту созишнома як чиз, аммо иҷрои тавофуқотро ҳеч надидам.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Маскав бо ширкати сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиало Девонаев иҷозаи кор ба муддати 3 сол барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ба имзо расид, ки гӯё муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд то замони мазкур дар Русия пайи дарёфти ҷойи кор бошанд ва мушкилие надошта бошанд. Аммо ин кор то куҷо амалӣ мегардад вақт нишон хоҳад дод.