Categories Uncategorized

Табрикоти раҳбари ҲНИТ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!
Бародарону хоҳарони азиз ва ҳамватанони муҳтарам. Инак, моҳи шарифи Рамазон, моҳи раҳмату мағфират ва раҳои аз оташи дузах фаро расид, якояки Шуморо табрик гуфта, аз Худованди маннон қабули ибодатҳоро таманно дорам. Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шуд ва фурсатест нодир барои наздикии бештари банда ба Парвардигори азимушшаън. Мутмаинем, ки бародарону хохарони мусалмон аз ин фурсат истифодаи лозим хоҳанд кард. Рамазон моҳест инсонсоз ва имконест барои бознигариву бозсозӣ ва бозҷуйии хеш дар зиндагӣ, ибодат ва шинохти рисолати инсониву бандагӣ. Худованд бо додани фазилат дар ибодатҳои моҳи шарифи Рамазон ва боз кардани дари раҳмату мағфирати хеш, муъминонро мавриди лутфу муҳаббати хос қарор медиҳад ва ин дигар масъулияти мост, ки аз ин фурсат чигуна истифода мекунем.

Ҳамчуноне умедвори раҳмату мағфирати Парвардигор дар ин моҳ ҳастем, лозим аст, ки ҳар кадоме аз мо ҳам нисбати атрофиёни хеш бораҳм ва дилсӯзу ғамхор бошем. Таблиғ ва парокандани арзишҳои волои инсонӣ, раҳму шафқат, саховатмандиву баландҳимматӣ дар қатори ибодати Парвардигор, аз ҳикматҳои ин моҳи муборак аст. Пок кардани қалб аз кинаву адоват, нигаҳ доштани забону зеҳн аз бадгуйиву бадгумонӣ, хушбинӣ ва некандешӣ нисбати дигарон аз лавозимоти ин моҳанд. Шаке нест, ки анҷоми пурраи ибодатҳо, пойбандӣ ба ахлоқи ҳамидаи исломӣ ва дурӣ аз рафтору гуфторҳои нописанд дар ин моҳ, натанҳо боиси тарбияти афрод, балки ҷомеъа мегардад.  Ба хусус, дар шароити имрузаи кишвар ва аҳамияти ин сол ҷомеъаи мо ниёзи бештаре ба арзишҳое, мисли азхудгузаштагиву ҳимматбаланд, некандешиву таҳаммули якдигар дорад. Ҳамчуноне дар баробари ташнагиву гуруснагӣ ва дур будан аз дигар лаззатҳои зиндагӣ сабру таҳаммулро пеша менамоем, барои расидан ба ҳадафхои нек, ҳифзи суботу оромиш ва қонуният дар кишвари азизи ҳам бояд сабру шикебоии бештаре дошта бошем. Дар арафаи моҳи муборак аз тарафи баъзе доираҳо ва бародарони имонӣ мулоҳизаву суханҳое дар бораи бародарони худ гуфта шуд, ки муносиби муъминони огоҳу холис ва рӯҳияи Рамазон набуданд.

Вале, чун моҳи муборак дар пеш аст ва Худованд дарҳои раҳматашро боз мекушояд, дар ҳаққи муъминон ва дар умум тамоми башарият дуъогуи ёфтани ҳидоят бошем. Бояд бо рафтору гуфтор ва устуворӣ дар баробари фитнаҳову дасисаҳо исбот намоем, ки муъмини тарбиятёфтаи мактаби инсонсози Рамазонем ва ин аз дигарон фарқ дорад. Гузаштан аз гуноҳу камбуди бародари муъмин ва дуъо барои ҳидояташ аз нишонахои як инсонест, ки худро барои Рамазон омода кардааст ва мехохад ин моҳро дар партави Қуръон ва Суннат сипарӣ намояд. Сабр дар баробари беадолатӣ, беинсофӣ ва зулм, ба хусус, агар он аз тарафи шарикону бародарон ва дар умум ҳамватанон бошад, гоҳо ба маротиб сангинтар аст аз сабр дар баробари нахурдану наошомидан. Вале, иродаву ихлос ва масъулиятшиносии як муъмин дар баробари арзишҳои динӣ ва бародарони муъминаш дар ҳамин ҳолатҳо санҷида мешаванд. Ба ибораи дигар, ин имтихонест барои ҳар нафари мо, ки оё сазовори номи пурифтихори муъмин ва муносиби фармудаи Паембари акрам (с), “муъминон бародарони якдигаранд”, ҳастем? Моҳи шарифи Рамазон фурсати хубест барои наздик шудани тамоми бародарони имонӣ, гузашт кардан аз камбудиву иштибоҳоти ҳамдигар ва роҳандозии иртиботҳои мухлисонаву самимӣ бо ҳама ҳамватанон.

Имрӯзҳо бахше аз олами Ислом гирифтори буҳронҳои сиёсиву иҷтимоъӣ мебошад ва он боис гашта, ки миллионҳо бародарону хоҳарони ақидатии мо наметавонанд ин моҳи пурбаракатро дар фазои орому муносиб пешвоз бигиранд. Агар қисме аз мушкилот натиҷаи дахолат ва тарҳҳои доираҳои хориҷӣ бошад, қисме аз он натиҷаи камбуд дар озодиҳо, ақибмондагии иқтисодиву сиёсӣ ва заъфи муколамаву ҳамдигарфаҳмии дохилист. Ин моҳ имкони хубест барои тарки хушунат, шуруъи гуфтугу ва ҷустуҷӯйи роҳҳои сулҳу созиш байни тарафҳои даргир.

Мехостам бародарону хоҳарони дур аз ватанро ба таври хос ба ин муносибат табрик намоям ва дуъо кунем, ки ҳарчи зудтар бо сари баланд ва дастмӯзди кофӣ барои ризқи наздикони хеш ба кишвар баргарданд. Онҳо ин моҳи шарифро дар ҳолати дурӣ аз Ватану наздикон пешвоз мегиранд ва бо заҳмату душвориҳои зиёд натанҳо ризқи пайвандон, балки ободиву пешрафти кишварро таъмин мекунанд. Дар ёди онҳо будан ва дар ҳаққашон дуъо фиристодан, ҳангоми ибодатҳо дар ин моҳи қабули даъавот, аз камтарин корҳоест, ки метавонем мо барои онҳо карда бошем, ҳол он, ки ҳаққи онҳо болои мо бештар аст.

Бори дигар ҳамаи шумо, падарону модарон ва бародарону хоҳаронро бо ворид шудани моҳи муборак табрик гуфта, қабули ибодатҳо, оромиву субот ва сарбаландии миллатро аз Худованди муттаъол хоҳонам.

Умедвори дуъои шумо, Муҳиддин Кабирӣ

More From Author

You May Also Like