Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Иди саиди Қурбон (Азҳо), иди ишқу дилбастагӣ, иди озодиву ҳамбастагӣ, иди нисору ворастагӣ табрик менамоям.
Дӯстони гиромӣ!
Иди Қурбон аз ҷумлаи муҳимтарин идҳои мусалмонон мебошад, ки он мусалмононро дар руҳияи нисор, адолат ва муҳаббат тарбият намуда, ҷомеаи ҳамбаста ва мунсаҷимро ба бор меоварад. Таърихи ин ид худ нишон медиҳад, ки чи гуна ҳазрати Иброҳим (а) бо камоли бандагӣ дар пешгоҳи Худованд аз имтиҳон сарбаландона гузашт.
Худованди мутаол бандагони худро бо роҳҳои гуногун мавриди имтиҳон қарор медиҳад ва ин яке аз суннатҳои илоҳист. Имрӯзҳо иддае аз ҳамватанони мо баҳри адои фарзи илоҳӣ ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд ва иддае аз ҳамватанон баҳри анҷоми дигар фаризаи илоҳӣ, касби ризқи ҳалол дар муҳоиҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва гурӯҳи дигар дар хидмати миллат ва Ватан дар дохили кишвар кору фаъолият доранд.
Паёмбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Талаби ризқи ҳалол ибодат аст». Пас ононе ки имрӯз ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд ва ононе ки барои дарёфти ризқи ҳалол дар муҳоҷират умр ба сар мебаранд ва касоне ки дар хидмати миллату Ватани худ мебошанд, ҳама дар ибодати Худо ҳастанд ва аз аҷру савоби илоҳӣ бархурдоранд.
Бародарони азиз!
Худованд инсонро халифаи худ дар рӯи замин гардонида, ободии заминро ба ӯ вогузор намудааст. Лутфу карами Ӯст, ки гӯшаи зебое аз ин оламро бо номи Тоҷикистон насиби мо гардонидааст.
Масъулияти мо дар он аст, ки ин сарзаминро обод созем ва мардуми онро азиз бидонем ва ин худ имтиҳон аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар шуморо ба ин муносибат табрик гуфта, дуогӯи онам, ки Парвардигор миллат ва кишвари моро дар фазои сулҳу субот эмин нигаҳ дорад ва ибодатҳои моро ба даргоҳаш қабул намояд.
Бо эҳтиром, Муҳиддин Кабирӣ