Мусалмонони Белгия дар иқдоме бесобиқа ва барои нахустин бор намоишгоҳи исломиро ба мақсади муаррифии Ислом ва мусалмонон, ҳамчунин тақвияти ҷойгоҳи онҳо барпо карданд.
Ба гузориши “Алҷазира”, барои нахустин бор Брюссел, пойтахти Белгия мизбони намоишгоҳи исломӣ аст, ки дарҳояш то имрӯз, якуми октябр боз аст. Ин намоишгоҳ панҷарае ба сӯи маърифат ва шинохт аз Исломро боз мекунад ва ба таҳкиму тақвияти фаъолияти мусалмонон дар ин ҷомеа кӯмак мекунад.
Карим Шемлол, сухангӯи Анҷумани мусалмонони Белгия ба “Алҷазира” гуфт, ки ин намоишгоҳ илова бар мусалмонон, аз ғайримусалмонон низ истиқбол мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳама ин намоишгоҳ дар посух ба иҳонати Ислом ва Паёмбар (с) бахши вижаеро бо ироаи навиштаҳо дар тоблуҳо барои муаррифии зиндагии Паёмбар (с) ихтисос додааст.
Муҳаммад Изъитровӣ, хушнависи марокешӣ бо таъкид барои ҳамкорияш дар ин намоишгоҳ гуфт, ин намоишгоҳ дар замоне ки иҳонат ба Ислом ва мусалмонон афзоиш ёфтааст, чеҳраи дурусти дини Исломро нишон медиҳад ва бархе аз мафоҳими ғалат миёни мардумро ислоҳ мекунад.