Categories Uncategorized

Либия: Таъсиси ҳизб бар асоси таассуби динӣ, қабила ё минтақагароӣ манъ аст

Ғайри чашмдошти бисёре аз пайгирони масоили сиёсии Либия, қонуне дар ин кишвар ба тасвиб расид, ки фаъолияти аҳзоби исломии тундгаро ва ҳамкории онҳоро бо ҷонибҳои хориҷӣ маҳдуд менамояд.

Дар ин бора  хабаргузории «Ал-арабия»навиштааст: «Шӯрои милии интиқолии Либия қонунеро ба тасвиб расонид, ки тибқи он таъсис ва фаъолияти ҳизбҳое, ки асоси худро дин, қабила ё минтақае қарор медиҳанд, манъ аст».

Дар ин қонун, ки барои бори аввал дар таърихи ин кишвар (аз соли 1964, замони сари қудрат омадани Муаммар Қазофӣ) ба хотири ба танзим даровардани фаъолиятҳои сиёсию ҳизбӣ қабул гардид, таъкид бар он шудааст, ки аҳзоби дорои ҳамдастӣ ва характери вобастагии хориҷӣ дошта ё ташкили ҳаргуна ҷамиятҳои сиёсие, ки аз хориҷ маблағ ба даст меоранд, дар ин кишвар ҳаққи фаъолият надоранд.

Мустафо Лундӣ яке аз аъзоёни кумитаи қонунгузории ин шӯро чунин иброз намуд: «Шарти асосии таъсиси ҳизб ё ҳаргуна ҷамиятҳои сиёсӣ ин аст, ки аз се чиз дурӣ биҷӯяд, таассуби динӣ, қабила ё минтақагароӣ».

Номбурда чунин афзуда, ки ҳадаф аз тасвиби ин қонун мубориза бо исломгароёни муътадил ва миёнарав намебошад.

Узви дигари ин кумита, Фатҳӣ Албоҷа мегӯяд, ки бо ин қонун метавон сари роҳи исломгароёни тундравро гирифт, зеро ин қабил афрод ҳамеша дунболи аз саҳна рондани ҷамъиятҳои дигаранд ва мехоҳанд, ки танҳо худ ҳукумрон бошанд.

More From Author

You May Also Like