Categories Uncategorized

Русия: Бо ҷасади Ленин чи бояд кард?

Оромгоҳи Ленин ин рӯзҳо бо гунбаде бузург ба ранги сафед пӯшонида шудааст.

Ба гузориши “euronews”, дар зери ин гунбад муҳандисон ва коргарон машғули кор ҳастанд, то пружаи чормоҳаи бозсозӣ ва таъмири ин оромгоҳро ба поён бирасонанд.

Дар тӯли ин муддат дарҳои ин оромгоҳ ба рӯи умӯм баста хоҳад монд. Ҷасади мӯмиёшудаи Владимир Ленин, ки зери шишаи ҳифз мешавад, яке аз муҳимтарин ҷозибаҳои туристии Маскав ба шумор меравад.

Ҳамзамон бо бозсозии оромгоҳ бори дигар ин савол матраҳ шудааст, ки оё аслан далеле барои ҳифзи ин ҷасади мӯмиёшуда вуҷуд дорад ё бояд Ленин ҳам мисли бақия дафн шавад.

Ҳудуди 70 дарсад касоне, ки соли гузашта дар як назарсанҷӣ ширкат карданд, эътиқод доштанд, ки беҳтар аст бо дафни ҷасади Ленин мероси ӯ ҳам ба фаромӯшӣ супурда шавад.

Ҳанӯз аъзои Ҳизби коммунисти Русия дар солгарди таваллуди Ленин ва Сталин аз оромгоҳи онҳо боздид мекунанд ва аз онҳо ба унвони нумодҳои даврони қудратмандии Русия ва Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ бо эҳтиром ёд мекунанд.

More From Author

You May Also Like