Categories ТАҲЛИЛ

Тавофуқ дар таъсиси давлати миллӣ

ИМА тавонист даъвогарон ба мақоми раёсатиҷумҳирӣ дар Афғонистонро барои ташкили як давлати фарогир зери номи ваҳдати миллӣ ба мувофиқа бирасонад, ҳамчунин тафтиши 100%-и раъйи интихобкунандагон азсар гирифта шавад.
Ҷон Кери, вазири умури хориҷии ИМА дар нишасти хабарӣ дар Кобул тавофуқи ҷонибҳоро доири ин ду мавриди ишорашуда тайид кардааст ва дар ин ҳолат ҳарду номзад дар канори ӯ нишаста будаанд. Яъне Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай натиҷаҳои ба дастомадаро баъди тафтиш қабул доранд, новобаста ба он ки кадоме аз онҳо баранда бошад ва дар пай давлати ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд.
Доктор Абдуллоҳ гуфтааст: мо ваъда супурдем, ки бо такмили раванди тафтиши оро дар садади ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ бароем. Иншоаллоҳ, инро ба хайри Афғонистон ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Афғонистон медонем.
Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ бар зарурати ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ таъкид карда, гуфтааст: аз рӯзи аввали номзад шуданам ба ин ақида будам, формулае, ки дар он баранадаи интихобот худро соҳиби ҳама чиз бидонад, дар Афғонистон коршоям нахоҳад буд. Ҳоло ҷойи хушбахтист, ки ҳамроҳ бо ҷалолатмаоб доктор соҳиб мувофиқат кардем, ки баъд аз эълони натоиҷи тафтишот як ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил хоҳад шуд, то ба тамоми мардуми Афғонистон хизмат намоем.
Ду даъвогар ба мақоми раёсатиҷумҳурӣ аз раисиҷумҳури феълӣ Ҳомид Карзай хоҳиш кардаанд, ки дастури баргузории маросими савгандёдкуниро ба ин мақом то ба охир расидани тафтишоти раъйи интихобкунандаҳо тахир намоянд.
Ҳомид Карзай аз тавофуқи даъвогарон ва суханонии онҳо истиқбол карда гуфтааст, умед мекунад, раванди тафтиши комили раъй дар зудтарин фурсати мумкин оғоз мешавад.
Аммо мақомдори аршади ИМА, ки барои ҳалли буҳрони интихоботӣ вориди Кобул шудааст, оғози тафтиши раъйро барои имрӯз, 12 июл эълон дошта, гуфтааст, тафтишот дар Кобул таҳти назорати байналмилалӣ бар пояи пешниҳоди СММ анҷом хоҳад гирифт.
Яъне сандуқҳои раъй аз манотиқ тавассути нерӯҳои кӯмакрасони амниятӣ (ISAF) ба Кобул интиқол дода мешаванд ва намояндагони ду тими интихоботӣ таҳти назари СММ иҷозаи дастрасӣ ба сандуқҳои раъйдиҳиро доранд.
Дар воқеъ, роҳи ҳалли ин гуна қазия ва буҳронҳо танҳо гузашти ҷонибҳои баҳс буда метавонад ва хеле хуб аст, ки манофеи кишварҳои зидахл ва СММ дар ин маврид ба ҳам омаданду буҳрони ба вуҷудомада дар асари нодидагирии КМИ ва ба инобат нагирифтани вазъияти ҳассос дар дохилу атрофи Афғонистон аз сӯйи доираҳои фитнаандоз роҳи ҳалли хешро пайдо кард. Худо кунад, ки давлати фарогир бо ҳадафи барқарории ваҳдати миллӣ дар ин кишвари дӯст ва бародар таҳаққуқ пайдо намояд ва суботу оромии комилро истиқрор бахшад.

More From Author

You May Also Like