Categories Uncategorized

Тавҳиди назм

Зубайдуллоҳи Розиқ

«Оё надидӣ, ки киштӣ ба неъмати Худо дар баҳр меравад, то бархе аз нишонаҳои (қудрати) худро ба шумо нишон диҳад, ки дар он барои ҳар шикебои сипосгузоре нишонаҳое аст.» (сураи «Луқмон», ояи 31)

Оё намебинӣ, ки киштиҳо дар баҳрҳо ба баракати неъмати Худованд ҳаракат мекунанд, то ба шумо баъзе аз нишонаҳои шигифтангези қудрати беинтиҳои худро нишон диҳад. Ба ростӣ, дар он барои ҳар шахси сабрпешаи шукргузор, ки дар сахтиҳову бадҳолиҳо сабр ва дар бархӯрд бо неъматҳо бо қадрдонӣ аз онҳо бисёр шукр мекунанд, нишонаҳои қудрат вуҷуд дорад.

Аз он ҷо ки яке аз роҳҳои тарбия ва ҳидояти инсонҳо барангехтани ҳисси қадрдонӣ ва шукргузории онҳо аст, Худованд дар ин оят таваҷҷӯҳи мардумро ба неъматҳои бузурги хеш ҷалб намуда, мавзӯъҳоеро, ки дар оёти қабл мавриди баҳс қарор дода буд, комил карда, сухан аз далели тавҳиди назм ба миён меорад.

Худованд дар ин сура ва чандин сураҳои дигари Қуръон неъмати ҳаракати киштиҳоро дар баҳрҳо ва уқёнусҳо, ки ҳам дар замони гузашта ва ҳам имрӯз бузургтарин ва судмандтарин василаи ҳамлу нақли инсонҳо ва борҳои тиҷоратӣ ба шумор мераванд, неъмати мусаххар намудани ин мавҷудро зикр карда, онро неъмате аз неъматҳои ба бандагон атокардаи хеш унвон кардааст. Бояд гуфт, вақте Худованд барои баёни нишонаҳои бузургӣ ва азамати қудрати хеш аз офариниши мавҷуде мисли инсон ва махлуқоти дигари зинда ва офариниши осмонҳову замин, моҳу офтоб,омадурафти шабу рӯз ва низоми коинот баҳс мекунад ва таваҷҷӯҳи инсонҳоро ба онҳо ҷалб менамояд, аксари мардум онро эътироф мекунанду бовар ҳам доранд, ки мавҷудоти олам ҳама махлуқи Худо ва мулки Ӯ таъоло аст. Аммо чун барои нишон додани нишонаҳо аз қудрати хеш сухан аз киштӣ, аз сохтаи дасти башар ба миён меорад, пӯшида нест, ки афроди зоҳирбину кӯтоҳандеш онро кори дасти инсон медонад. Бояд гуфт, танҳо баъд аз диққати бисёр кардан дар ин мавзӯъ ва андешаи тӯлонии илмиасос бо мақсади дарёфти ҳақиқати кор метавон дарк кард, тамоми маводе ки киштӣ аз он сохта мешавад, инчунин илму дониш ва ақлу заковати муҳандиси тарроҳ ва ҳунармандони киштисоз ҳама махлуқ ва моли Худованд аст. Ба инсон истеъдоди камолоти моддию маънавӣ ва фикру андешаро, ки метавонад дар табиат ҳар навъ тасарруф кунад, Худованд додааст.

Ҳамчунин шоистаи зикр аст, ихтироъи киштӣ ба яке аз паёмбарони илоҳӣ Нӯҳ (а) тааллуқ дорад, ки тарҳи онро ба илҳом ва таълими Худованд рехт ва онро сохт. Чунончи, дар ояи 37, сураи «Ҳуд» ин мавзӯъ ба сароҳат баён шудааст: «Ва киштиро зери назари Мо ва ваҳйи Мо бисоз». Аз ин ояи қуръонӣ маълум мешавад, ки Нӯҳ (а) механизми киштӣ ва корҳои фаннии онро аз тариқи ваҳйи илоҳӣ омӯхт. Ибораи «зери назари Мо» баёнгари он аст, ки аз аввал то охири кори киштисозӣ Худованд назорат карда ва оддитарин кори онро ба Нӯҳ (а) аз тариқи ваҳй таълим додааст.

Дар асри сипаришуда ва ҳозир, ки ихтирооти башарӣ бо суръат пешрафт мекунад ва инсон барои ҳалли мушкилоташ олитарин маркабҳои заминӣ, ҳавоӣ ва баҳриро сохтааст ва аз онҳо истифода мебарад, бидуни шак, аз илҳомот ва таълимоти Худованд аст..

Фаротар аз ҳама он аст, ки Худованд барои ҳаракати киштӣ дар баҳр ва парвози ҳавопаймо дар ҳаво ва ҳаракати соири васоили ҳаракаткунандаи сохтаи дасти башар дар рӯи замин қавонине ниҳодааст ва тамоми он қавонин бо ҳамоҳангӣ бо якдигар даст ба дасти ҳам медиҳанд, то ин сохтаҳои дасти инсон ҳаракат кунанд.

Бояд гуфт, ҳаракати киштиҳо бар сафҳаи баҳрҳо ва уқёнусҳо дар чорчӯб ва натиҷаи маҷмӯъае аз қавонини офариниш аст. Ҳамчунон ки Худованд унсури ҳаворо бо аъзои нафаскашии махлуқоти зинда мутаносиб сохтааст, ҳамин гуна таносуб дар киштӣ ва дигар васоили ҳаракаткунанда бо қонунҳое ки Худованд дар табиат ба вадиъат гузоштааст, мавҷуд аст. Ва ин гуна дар таносуб бо қавонини олами вуҷуд сохта шудани васоил низ ба илҳоми Худованд мешавад, ки инсон аз тариқи фаҳму фаросати худододӣ ба тадриҷ ба он нуқта мерасад. Худованд бо ишора ба ҳамин ҳақиқати илмӣ дар чандин ҷойи Қуръони карим ба таври возеҳу равшан мефармояд: «Худо зоте аст, ки баҳрҳоро мусаххари шумо карда, то киштиҳо дар он ба фармони Ӯ ҳаракат кунанд» (сураи «Ҷосия», ояи 12).

Манзур аз ибораи «ба фармони Ӯ» тибқи қавонини Худованд будани он аст.

Равшантар гӯем, Худованд ба баҳр, замин, осмон, бод, энержии атомӣ ва киштӣ хосиятҳое ба вадиъат гузоштааст. Он чизе ки киштиро дар болои баҳр нигоҳ медорад ва намегузорад, ки дар он фурӯ биравад ва дар як ҷо беҳаракат намонад ва ҳаракат кунад, хилқати ин офаридаҳо бо хосиятҳояшон аст. Барои мисол, агар сохтори киштӣ ба ҳамон хосиятҳо мувофиқат накунад, киштӣ дар баҳр ҳаракат карда наметавонад. Ё агар анбӯҳи оби баҳр халал ёбад ё сахтии маводе ки киштиро аз он месозанд, халалдор шавад ё нисбати фишори ҳаво бар сатҳи баҳр халал пазирад ё маводи сӯхти киштӣ ё мавҷҳо ва ҷараёни обу ҳаво халал ёбанд ё дараҷаи ҳарорат аз ҳадди муқаррарӣ поин равад, киштӣ ҳаракат намекунад. Масъалаи ҳаракати тамоми маркабҳои заминӣ, ҳавоӣ, баҳрӣ ва дар хидмати инсон қарор доштани онҳо ҳамин гуна баста ба қавонини худовандист. Пас, маълум мешавад, ки ҳамаи маркабҳо дар ҳама ҳолатҳо ба баракати фазлу неъмати Худо ҳаракат мекунанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нигаҳбони тамоми анвоъи маркабҳо дар доираи низоми воҳиди Офаридгор ва Мудаббири ягона аст. Худованд дар ояи 66, сураи «Исро» ба ҳамин мавзӯъ ишора намудааст: «Парвардигори шумо зоте аст, ки киштиро дар баҳр барои шумо ба ҳаракат медарорад».

Хулласи калом, ин оят ба башарияти рӯйи замин паём медиҳад, ки маснуъоти башар низ махлуқи Худованд аст ва аз хати низоми муназзам ва дақиқи барои олами вуҷуд муайяншуда, ки аз ҷониби Мудаббири ягона идора мешавад, берун нест. Чунончи, дар ояи 96, сураи «Соффот» ин матлаб ба таври равшану возеҳ баён шудааст: «Худованд шумо ва маҳсули дасти шуморо офаридааст».

“Наҷот”

More From Author

You May Also Like