Categories Ахбори рӯз

Дархости Ҷон Керри ва таҳрими ИА

Ҷон Керри, котиби давлатии ИМА амали Хадамоти амнияти Украинаро алайҳи муътаризин дар Киев ва соири манотиқи ин кишвар шадидан маҳкум кард.
Котиби давлатии ИМА бо шадидан маҳкум кардани аъмоли мақомоти амниятӣ алайҳи муътаризин талаб намудааст, то истифодаи силоҳи алайҳи «эътирозгарони осоишта» қатъ гардад. Ҳамчунин дар дархости ин мақоми амрикоӣ гуфта мешавад, ӯ «амали мақомоти амниятиро шадидан маҳкум намуда, дар робита ба қатъи амал хулосаи ниҳоии мақомотро» талаб менамояд.
Чунин мавзеъгирии ҷониби Амрико дар ҳолест, ки вузарои хориҷии дували аврупоӣ дирӯз тайи як ҷаласаи фавқулоддаи худ ба хулосае омадаанд, то амалкарди Украинаро таҳрим намоянд.
«Сухан дар бораи маҳдуд кардани низоми раводид нисбат ба мансабдорони Украина ва боздоштани фаъолияти молии онҳо меравад. Дар кӯтоҳтарин вақт таҳримот эълон мегардад», гуфтааст Эммо Бонино, вазири умурии хоҷирии Итолиё.
Ҳарчанд гуфта мешавад, таҳрим алайҳи мансабдорони Украина пиёда мешавад, аммо то ҳол мушаххасан аз ҳеҷ як мансабдоре номбурда нашудааст.

More From Author

You May Also Like