Categories Ахбори рӯз

Мардуми Амрико ҳам аз сӯзондани Қуръон хуш нестанд

Иқдоми бади низомиёни амрикоӣ, ки оташ задани Қуръон дар Афғонистон буд, на танҳо хашму бадбиниро дар қалби мусалмонҳо бедор кардааст, балки дар ин росто бештари мардуми дунё нороҳат гаштаанд, аз ҷумла мардуми Амрикоро низ ин ғаму андӯҳ фаро гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр” дар робита ба оташ кашидани Қуръон тавассути низомиёни амрикоӣ, 56 дарсади мардуми кишвари Амрико нороҳат буда, ин амали низомиёнро ғайри қобили қабул баҳо додаанд. Ҳамзамон мардуми Амрико бахшиш пурсидани Обама аз мардуми афғонистонро муносибати хуб шуморидаанд.

More From Author

You May Also Like