Таеквандочиёни ҷавон дар ҲНИТ

nahzat.tj

249 акс аз мусобиқаи “УШУ САНДА” дар ҲНИТ

Дирӯз, 4 ноябри 2012, дар қароргоҳи ҲНИТ чемпионати кушода оид ба «УШУ САНДА» (як навъ аз муҳорибаи тан-ба-тан) байни наврасон ва калонсолон бахшида ба рӯзи конситутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чемпионати мазкур зиёда аз 100 нафар варзишгарони наврасу калонсол ҳунарнамоӣ карданд.

Ҳамчунин ду навраси хурдсолтарин, ки ҳамагӣ 7 сол доштанд, дар вазнҳои худашон ҷойҳои аввалро ишғол карданд.

Мусобиқа байни 5 даста сурат гирифта, се даста аз онд, ки дар вазнҳои гуногун ҷойи аввалро бисёртар касб карданд, соҳиби кубоки Федератсияи УШУ- и Тоҷикистон гардиданд.

Аз ҷумла, Ризвонов Меҳроб, Уроқов Маълоназар, Неъматов Саидраҳмон, Давлатов Фирдавс, Алиназаров Қурбонназар, Исоилов Аиз, Шарифов Фаровбахш, Сафаралиев Маҳмадалӣ, Дилоев Умед, Латипов Меҳроб, Шарипов Парвиз, Расулов Некрӯз, Неъматов Маҳмадҷовид, Ҳофизҷони Сафарзод, Рабиев Саиднур, Исматов Шамсиддин, Ҳусейнзодаи Ҷомӣ ва Муғони Қаноат дар вазнҳои худ ҷои аввалро ишғол карданд.

Аз ҳама хурдсолтарин варзишгар Шарифов Фирӯз, ки 7 сола аст, дар вазни худ ҷойи аввалро гирифт.

Дар охир ба ғолибони мусобиқа диплом, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравии Федератсияи «УШУ»-и Тоҷикистон супорида шуд.

ҲНИТ моҳи сипаришуда низ як гурӯҳи тими таеквандочиёни наврасро дар Мусобиқаи байналмиллалии таеквандо «Россия Опен – 2012», ки дар шаҳри Маскави Русия баргузор гашт дастгирӣ намуда буд.

249 акс аз мусобиқаи “УШУ” дар ҲНИТ

More From Author

You May Also Like