– Таври маълум, кишвари мо дар маҳдуда ва дар ҳошияи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо қарор дорад. Бештари таҳлилгарони хориҷӣ бар ин назаранд, ки то ба ин рӯз Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ҳамчун як нуктаи ноамн дар ин маҳдуда аст. Гӯё аз ин минтақа омили таҳдид ба Аврупо вуҷуд дорад. Иддае аз таҳлилгарон назари дигар доранд, бахусус таҳлилгарони маҳаллӣ. Онҳо мегӯянд, ки агар Осиёи Марказӣ дар маҳдудаи САҲА аст, чаро Аврупо худро василаи амни минтақа қарор намедиҳад ва фақат дунболи омӯзиш аст? Агар барномаеро рӯйи даст доранд, танҳо ҳуқуқи башар ва иқтисодиву иҷтимоъиро дар бар мегиранд, вале ба воқеъият доштан ё надоштани таҳаввулоти демократӣ чандон таваҷҷӯҳе зоҳир намешавад. Бо интихоби Қазоқистон ба ҳайси раҳбари САҲА ҳам кадом таҳаввулоте дар ин масъала ҳосил нашуд, агарчи интизориҳо зиёд буданд, ки Осиёи Марказиро бо ҷузъиёту мушкилоти он бояд муъаррифӣ мекард…
– Аввал дар бораи худи САҲА. Ин як созмоне мисли «венегрет» аст. Бубинед, дар ин созмони супердемократӣ намунаи аҷиберо мебинед, дар Туркманистону Узбакистону боз кадомҳои дигаре аз кишварҳо аслан нишоне аз демократия нест, вале дар паҳлӯи кишварҳои пешрафтаи узви САҲА фаъолият доранд. Созишномаҳо имзо мешаванд ва гӯё меъёрҳои муштарак ҳам ба вуҷуд оварда мешаванд. Аммо таҷриба нишон дод, ки ин созмон аслан созмони корӣ ва ҷиддӣ нест, вақте наметавонад арзиши ягонаро ба вуҷуд биёрад, ки барои ҳамаи кишварҳои узв ҳатмӣ бошад. Пас, чӣ гуна метавон гуфт, ки дар чорчӯби ин созмон кори ҷиддиеро метавон ҳал кард?
Фикр мекунам, кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус Осиёи Марказиро ба он хотир ба ин созмон пазируфтаанд, ки онҳо аз ҳад зиёд дур нараванд ва ҳамеша дар паҳлӯи кишварҳои қудратманд қарор дошта бошанд, то дар фурсатҳои муносиб болояшон сиёсатҳои худро таҳмил намоянд. Ҳеҷ ҷонибе дар ин созмон ба таври ҷиддӣ дар фикри таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум ва рушди демократия дар Осиёи Марказӣ нест. Вале ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки Аврупо ё дар маҷмӯъ Ғарб дунболи таъмини амният дар ин минтақа ҳаст ё не, мафҳуми амниятро онҳо барои худ чӣ гуна мефаҳманд ва қабул доранд? Оё онҳо амниятеро қабул доранд, ки дар натиҷаи он нерӯҳои дигар сари қудрат биёянд? Барои мисол, тавре дар боло Ҳамосро мисол овардем, ин ҳаракат дар натиҷаи интихоботи демократӣ, ки Ғарб онро маблағгузорӣ намуд, ғалаба кард, вале онҳо инро интизор надоштанд, мехостанд Фатҳ ғалаба кунад. Аврупо Фаластини амн ва босуботро мехост, вале бо роҳбарии Фатҳ. Мардуми Фаластин бошад, Ҳамосро интихоб кард ва ин ҳаракати исломӣ амну суботро барои Фаластин таъмин карда метавонист. Вале боз ҳам суол боз аст.
Савол ҳанӯз барои кишварҳои дигари олами Ислом ҳам боз аст, ки оё Ғарб омода аст, ки дар заминаи интихоботи шаффоф ва ҳифзи амну субот ғалабаи нерӯҳоеро қабул дошта бошад, ки аз лиҳози идеологӣ қобили қабули онҳо набошанд? Фикр намекунам, ки Ғарб дар умум чунин омодагиро дошта бошад. Дар як сӯҳбати бисёр шаффоф намояндагони нерӯҳои ростгарои аврупоӣ, аз ҷумла христиан-демократҳо, ҳамчунин дар парлумони Аврупо низ гуфтанд, ки «мо медонем, шумо инсонҳои бад нестед, афкори демократӣ доред ва ҷаҳонбинии хуб ҳам, террористу экстремист нестед, вале барои Аврупои имрӯза як диктатори дунявӣ беҳтар аз як исломии демократ аст». Ман, воқеъан, ба андешаи ошкори хонуме ки бо намояндагӣ аз парлумони Аврупо ин сӯҳбатро кард, таваҷҷӯҳ кардам ва гуфтам, ҳадди ақал барои чунин сӯҳбати ошкор бояд аз шумо миннатдор бошем. Чунки тамоми ин тахаюлоту афсонаҳо дар мавриди демократия аз байн мераванд ва ҳамчун як сиёсатмадори прагматик бо шумо сару кор хоҳем кард.
Бинобар ин, савол ҳанӯз боз аст, вале умед дорем, ки оҳиста- оҳиста дар заминаи таҳаввулот дар ҷаҳони Ислом дидгоҳҳои Ғарб ҳам тағйир хоҳанд хӯрд, ҳатто дидгоҳҳои Русия ва Чин ҳам.
Баъд аз он намунае ки дар Тунис ва Мағриб баъди пирӯзии исломгароҳо дар интихоботҳо ба вуҷуд омад, дар сӯҳбати ахири хеш дар Аврупо чанд суолеро пеш гузоштам, ки оё ба он саволҳои ду сол қабли хеш, ки агар исломгароҳо ғалаба кунанд, ҳуқуқи инсон, аз ҷумла зан ва интихоботҳои шаффофу демократӣ чӣ мешавад, посух пайдо кардед ва оё аз ҳокимияти исломгароҳо ва барномаи онҳо дар Тунису Мағриб қаноъатманд ҳастед? Тамоми намояндаҳои кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, ки қаноъатмандем, ҳатто таъаҷҷуб ҳам карданд, ки бештар аз интизори онҳо исломгароҳо арзишҳои демократиро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин саволеро ба намояндагони ҳукуматҳои Тунис ва Мағриб додам, ки оё шумо дар амалкарди барномаҳои нави хеш, ки бисёриҳо нигарон буданд ва бовар надоштанд, заррае аз талаботи шариъату арзишҳои исломиро кам кардед, то ризоияти ғарбиҳоро ба даст биёред? Посух аҷиб буд, «агар заррае ҳам чизеро кам мекардем, мутмаин бошед, ки ҳатман мавриди саволу ҷавоб ва нигаронии мардуми Тунису Мағриб, бахусус нерӯҳои сиёсии хеш ва доираҳои мазҳабӣ қарор мегирифтем», гуфтанд онҳо.
Ин бурди онҳост, ки арзишҳоро ба ҳам созиш дода тавонистанд ва дар натиҷаи омезиши ду арзиши фаромиллӣ як таҷрибаи наверо ба вуҷуд оварданд. Боварӣ дорам, ки албатта, ин таҷрибаест, ки баъд аз пирӯзиҳои Ҳизби адолат ва тараққиёт дар Туркия дӯстони мо дар ду кишвари мусалмонии араб идома дода тавонистанд. Ин ҷо беинсофӣ мебуд, агар заҳмати ҲАТ-и Туркияро нодида бигирем. Дар он ҷо буд шурӯъи кор, наҳзатиҳои Тунис ва исломгароҳои Мағриб тақрибан 85%-и барномаи онҳоро амалӣ карда истодаанд.
– Дар як сӯҳбат Шумо ишора кардед, ки дар нишастҳо бо доираҳои сиёсии Аврупо бештар исломиҳои араб ширкат доранд. Чаро намояндагони дигар ҳаракатҳои исломии ғайриараб: Покистон Ҳиндустон, Индонизӣ даъват намешаванд? Оё ба ширкати онҳо эҳтиёҷе эҳсос намешавад?
– Шояд сабаби аслӣ ин бошад, ки Тоҷикистон ҷузъи минтақаи АвруОсиё ва дар баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ бо аврупоиҳо шарик ва наздик ба онҳост. Марзи кишвари мо бо Афғонистон марзи САҲА мебошад. Умумиятҳои дигаре ҳам ҳаст, ки онҳоро донистан лозим аст. Ва Аврупо эҳтимол ба ин фикр бошад, ки аз ин минтақаи бузурги мусалмоннишин танҳо Наҳзати мо намоянда дошта бошад. Бояд иқрор кард, ки арабҳо дар маҷмӯъ аз се як ҳиссаи олами Исломро ҳам ташкил намекунанд. Вақте олами Ислом мегӯем, бояд танҳо арабҳо фаҳмида нашаванд, олами Исломи ғайриараб чандин маротиба аз онҳо бузургтар аст. Ба ин хотир, дар ин нишастҳо масъулияти наҳзати мо хеле бузург аст, чунки намояндагӣ аз қисмати ғайриараби олами Ислом мекунад.
Бинобар ин баъзан сӯҳбату баҳсҳое сурат мегиранд, масалан, дар мавриди эҳтимоли ҷанги Исроилу Ирон ошкор гуфтаем, ки Худое накарда агар чунин як ҳодиса рух диҳад, маънои онро дорад, ки Исроил бо кишвари Ирон не, бо ҷаҳони Ислом дар ҷанг аст. Албатта, ҳоло гуфта наметавонем, ки арабҳо дар ин ҳолат чӣ мавқеъ мегиранд, вале ин яқин аст, ки ҷаҳони исломи ғайриараб бо Ирон хоҳад буд.
Ин ҷо манзур ҷудо кардани ҷаҳони Ислом ба Арабу Аҷам нест, вале доираҳое ҳастанд, ки ин воқеъиятро болои дигарон таҳмил мекунанд ва баъзан маҷбурем, ки дар мавридҳои алоҳида ин вожаҳоро истифода барем.
Мутаассифона, ҳамин хел шудааст, ки дар як қисми зиёде аз давлатҳои араб идеяи ғалати панарабизм вуҷуд дорад. Онҳо бо ҳамин гуна мавқеъгириҳои ғалати панарабизми нав дар пӯшиши Ислом мехоҳанд пеши роҳи рушди рӯз то рӯз, соъат ба соъати кишварҳои исломӣ, мисли Ирон, Малайзия, Индонезия ва дигаронро бигиранд.
– Пеш аз қазияи Ироқ фосилаи андаке миёни ҳаракатҳои исломии ҷаҳони Араб эҳсос мешуд, агарчи дар як тараф буданд, вале қазияи Сурия ин фосилаҳоро зиёд кард. Ин ҷо сабаб чист?
– Бале, ин ду қазия фосиларо зиёд кард, яке Баҳрайн, дигаре Сурия. Қазияи Баҳрайн қабл аз Сурия пайдо шуд. Вақте инқилоби баҳрайниҳо шурӯъ шуд, як идда аз ҳаракатҳои исломӣ бо кадом далеле пуштибонӣ аз инқилоби онҳо накарданд, ба хотири он ки қисми зиёди мардуми Баҳрайн шиъа асту қисмати камтараш суннӣ. Ин худ як нишонаи хатарнок аст, вақте ҷаҳони Ислом, бахусус ҳаракатҳои исломӣ инқилобҳоро аз рӯйи ду меъёр баҳодиҳӣ мекунанд. Мутаассифона, қазияи Сурия инро боз бештар кард, зеро ҳукумати Башор Асад аз алавиҳост ва аксари мардуми Сурия суннӣ мебошанд. Мардум алайҳи ҳокимияти алавиҳо қиём кард. Дар ин ҷо ҳаракатҳои исломии суннӣ бо мардум қарор гирифтанд, вале таҳаввулоти Баҳрайн ва ҳукумати Башор Асадро Ирон пуштибонӣ кард. Дар Сурия агарчи далелҳои дигар ҳам буданд, аммо аксаран чунин бардошт карданд, ки Ирон аз алавиҳои Сурия пуштибонӣ мекунад.
Ин як сӯитафоҳуми бузурге буд, ки мутаассифона, ҷаҳони Исломро бо чашми инсоф ва дин одилона нигоҳ накардан аст, балки пеш аз мавқеъгирӣ ва баҳодиҳӣ кардан, аввал айнаки мазҳабӣ мепӯшем ва ҷаҳони Исломро бо он мебинем.
Бояд гуфт, ки яке аз вижагиҳои наҳзати мо ин аст, ки тӯли ин солҳо ба ҳамаи инқилобҳо баҳои якранг додааст. Дар ҳар ҷое мардум талаби одилонаи ҳаққи худро мекард, новобаста ба шиъа ва ё суннӣ будан дар қудрати сиёсӣ ҷонибдорӣ аз мардум кардем. Ва дар ҷое агар ҳокимият рафтори дуруст ва созандагӣ нишон дод, аз ин гуна иқдом ҷонибдорӣ кардем.
– Мехостам ба баҳодиҳии авзоъи Осиёи Марказӣ наздиктар шавем. Агар мушаххас бигӯям, мехоҳам дар мавриди муносибатҳои ҳамсоягӣ назари раҳбарияти ҳизбро ба таври шаффоф манзури хонандаи хеш гардонам. Бубинед, муносибатҳои ҳамсояҳо рӯ ба печидагиҳои бештар овардааст ва маҳдудияткуниҳо зиёд шудаанд. Баъзеҳо рушд ёфтани мушкилотро ба ӯзбакистон бастагӣ медонанд, вале иддаи дигаре инро ба Тоҷикистон рабт медиҳанд. Мехоҳам ин ҷо ишорае аз баъзе гуфторҳои радиоӣ намоям, ки чаро Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар масъалаҳои дигар изҳорот пахш мекунад, вале дар ҳолати феълии муносибатҳои кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон хомӯш аст ва вокунише зоҳир намекунад, манзур оид ба мушкилоти пешомада миёни Тоҷикистону ӯзбакистон аст? Ба ҳар ҳол, бояд чӣ гуфт ва чӣ бояд кард, ки мушкилоти ҳамсояҳо аз байн бираванд ва ҳамчун дӯсту бародар ҳамзистӣ дошта бошем?
– Дар ин масъалаҳо мавқеъи ҲНИТ комилан шаффоф ва қатъист. Мо ҳама гуна фишорҳоро болои миллат ва кишвари хеш маҳкум мекунем, сарфи назар аз кадом ҷонибе набошанд. ҲНИТ дар ҳама гуна масъала бо мардум ҳамфикр аст, вале дар мавриди он масъалагузорие ки Наҳзат бо баёнияву изҳороте мавқеъи худро рӯшан намекунад, бояд гуфт, ки мардуми Тоҷикистон медонанд, ки ҲНИТ дар масъалаҳои байналмилалӣ танҳо баъд аз рӯшан шудани мавқеъи ҳукумат мавқеъгирӣ мекунад. Борҳо гуфтаем, ки дар сиёсатҳои байналмилалӣ набояд мавқеъи ҳизбҳои сиёсӣ бо мавқеъи ҳукумат ихтилофи ҷиддӣ ва ё фосила дошта бошанд. Ҳоло мавқеъи расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала рӯшан нест ва як баёнияе ки аз номи сафорати Тоҷикистон дар Маскав пахш шуд, ба зудӣ онро аз расонаҳо бардоштанд. Вале мо ба ҳар ҳол, билофосила аз тариқи расонаҳо гуфтем, ки дар ин маврид Тоҷикистон масъаларо бояд хеле ҷиддӣ бигирад ва фишорҳои ноодилонаро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ матраҳ намояд, яъне хомӯш истодани ҳукумат маънӣ надорад, ин як тарафи масъала.
Тарафи дигар ин аст, ки мутаассифона, давлат ва миллати Тоҷикистон натиҷаи додугирифт ва машваратҳои баъзе кишварҳоро бо Фронти халқӣ дида истодааст ва баҳои онро пардохт карда истодаем. Вале намедонем, ки дар вақташ миёни Фронти халқӣ ва ин кишварҳо чӣ машварате буд. Онҳо бо он ҳама танку силоҳҳои кӯмаккардаи хеш имрӯз чӣ мехоҳанд ва чаро болои миллат ва давлати Тоҷикистон миннат мегузоранд? То ҷое медонем, Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус миллати тоҷик бо ҳеҷ ҷонибе шартномае дар ин масъала надоштааст. Агар чунин шартнома байни яке аз тарафҳои даргир дар даврони ҷанги бемаънӣ ва таҳмилӣ бо кадоме аз кишварҳо бошад, ин мушкили онҳост ва бояд онро миёни худ ҳал кунанд. Таҳмили мушкилот болои миллат лозим нест, чунки онро қабул надорад ва нахоҳад кард. Мавқеъи мо дар ин маврид хеле рӯшан аст, дифоъ аз манофеъи давлату миллат хоҳем кард ва ҳар касе новобаста аз он ки он вақт бо ҳамсоягон чӣ машаварат дошту чӣ додугирифт кард, агар имрӯз дифоъ аз манфиъатҳои давлату миллат мекунад, бо ӯ ҳамроҳем. Ин мавқеъи бисёр ошкор ва шаффофи ҲНИТ нисбати ин қазия аст.
– Фикр мекунам, масоиле миёни ҳамсояҳо ва кишварҳои ҳамҷавор буданду хоҳанд монд, вале робитаҳоро бояд барқарор кард ва нигоҳ дошт. Ҳоло масъала ин аст, чаро Ҳукумати Тоҷикистон тӯли фаъолияти 20 -сола ё бигзор, 15- солаи худ, баъд аз сулҳ, агарчи мегӯяд, барномаҳои зиёдеро амалӣ кардааст, вале бурунрафт аз мушкилиҳоро пайдо накардааст. Суоли матраҳ ин аст, ки магар роҳҳои воқеъии алтернативии бурунрафт вуҷуд надоранд? Мушкил дар куҷост ва мо чӣ пешниҳод ва роҳҳоеро ироъа дошта метавонем? Масалан, ҳамбастагии воқеъӣ ва ҷиддии ҷаҳони форсизабононро ба вуҷуд овардан ё василаҳои дигаре. Шумо ба чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ишора кардед, вале таҷриба нишон дод, ки дар чорчӯби ин гуна созмонҳо кадом масъалаи фаромиллие ҳал нашудааст. Пас роҳҳалҳои алтернативӣ кадомҳоянд аз назари Шумо?
– Бале, он мушкиле ки имрӯз дар атрофи Тоҷикистон аст, дер ё зуд пеш меомад. Бо вуҷуд набояд аз ин қазия нигарон буд ва ҳангома кард. Албатта, душвор хоҳад буд, бояд ҳарчи зудтар сарчашмаҳои алтернативии таъмини кишвар бо энергияро пайдо кард. Агар дар ҳоли ҳозир «Роғун»-ро сохта наметавонем, имкониятҳои дигари дохилиро бояд истифода кунем ва ҷиддан дунболи пайдо кардани энергия аз дигар кишварҳо шавем. Барои мисол, бо Ирон, ҳатто бо истифода аз имкониятҳои Афғонистон ин масъаларо бояд ҳал кард. Муносибат бо Афғонистон, ҳамчун кишвари ҷангзада ва харобазор дигар маънӣ надорад. Ин кишвар бо вуҷуди ин ҳама мушкилоти тӯлонӣ дар баъзе масъалаҳо аз мо хеле пеш рафтааст ва имконоти бештар дорад.
Масъалаи дигар ин аст, Тоҷикистон ҳарчи зудтар бояд иттиҳоди сегонаи кишварҳои форсизабонро қавӣ намояд ва бо ҷасорати бештар вориди ин фазо шавад. Мо, мутаассифона, аз ҳад зиёд фирефтаи бозиҳои худ қарор гирифтаем, мехоҳем ҳама аз мо розӣ бошанд, бо як по дар кишварҳои форсизабон бошем ва бо пойи дигар дар Иттиҳодияи Аврупо, бо як дастамон Русияро маҳкам қапидаем, бо дасти дигар Амрикоро доштанием. Барои як кишвари хурд, мисли Тоҷикистон ин гуна сиёсат имкон надорад, билохира, аз ҳама тараф канда мешавем, чунки дасту пойи мо ин қудратро надорад. Мехоҳем ё намехоҳем бояд интихоб кунем, ҳарчи зудтар интихоб кунем, ҳамон қадар барои имрӯза ва дурнамои миллат осонтару беҳтар хоҳад буд. Барои ин каме ҷасорат ва иродаи сиёсӣ лозим аст. Ояндаи миллат ва стротежии миллиро тавре роҳандозӣ намоем, ки бо киҳо хоҳем буд.
– Суоли навбатии мо ба сафарҳои Шумо ва дар ҳошияи он доир кардани мулоқотҳо бо ҷавонони тоҷики хориҷ аз кишвар аст. Бо таваҷҷӯҳ бо мулоқоти ахире ки дар бозгашт аз Аврупо дар Истамбул бо донишҷӯён доштед, борҳо ишора намудаед, ки зимни ҳар сафари хориҷии хеш дидору мулоқоте бо шаҳрвандони тоҷики муқими кишварҳои дигар доштаед. Дар Аврупо ҳам вохӯрӣ бо ҷавононро анҷом додед, дар кишварҳои Араб ва Ирону Туркия, инчунин Малайзиё ҳам. Вале баъзе ишораҳое дар матбуъоти даврии кишвар пайдо шудаанд, ки ин гуна коргузорӣ ва мулоқотҳои раҳбари ҲНИТ-ро танҳо ба хотири касби шӯҳрат донистаанд, на чизе дигар, агарчи дар сӯҳбатҳои шифоҳӣ ва матбуъотӣ дар ин маврид зиёд гуфтаед, ки албатта, як ҳизби сиёсӣ бо назардошти ҳадафҳои ҳизбӣ сӯҳбат мекунад. Гузашта аз ин воқеъият тақозо мекунад, ки намояндаи як ҳизби сиёсӣ бо ин гуна қишрҳо, бахусус донишҷӯён бояд муносибат ва робита дошта бошад, вале инро рақиби сиёсӣ дигар хел мефаҳмад. Шумо инро чӣ гуна баррасӣ мекунед ва дар умум ин мулоқотҳо чӣ бурде барои ҷомеъаи Тоҷикистон доранд?
– Вохӯриҳо бо ҳамватанон дар хориҷи кишвар ҷузъи барномаҳои дарозмуддати мо мебошанд, сарфи назар аз он ки онҳо дар кадом кишвар баргузор мегарданд. Доимо талош мекунем, ки дар ҳама ҷо бо ҳамватанон вохӯрӣ намоем, бинобар чанд ҳадаф: якеи он огоҳӣ аз вазъи ҳамватанон дар хориҷ аст. Чун худам чанд сол дар хориҷ таҳсил кардам ва медонам, ки ҳатто як саломи ҳамватан барои як муҳочир чӣ арзише дорад.
Солҳои донишҷӯ будан дар Яман орзу мекардам, ки аз шӯравӣ як нафарро бубинам, ҳатто агар аз ҷамоҳири Назди Балтик ҳам бошад. Дар зеҳни банда ин ҳолатҳо нақш бастаанд ва ҳар ҷое равам, ҳатман бо ҳамватанон вохӯрӣ мекунам, дар бозор, донишгоҳ ва ҳар ҷойи муносибе ки пайдо шуд.
Дуюм, барои як ҳизби сиёсӣ бисёр муҳим аст, ки бо ҳамватанони хеш дар иртиботи доимӣ бошад.
Саввум, нерӯи асосии пуштибони Наҳзат дар хориҷи кишвар аст ва пинҳон ҳам нест, ки миқдори зиёде аз кӯмакҳои мо аз ҳисоби ҳамватанони дар хориҷбуда аст, пас, чаро ин иртиботро бо онҳо надошта бошем? Ахиран дидем, ки беҳтарин василаи расидан ба қалби мардум ин сӯҳбати рӯ ба рӯст. Онҳо дар бораи ҳизб чизеро бихонанд, як таъсир дорад, шунидани воқеъият аз забони раҳбарият ва масъулинаш таъсири дигар. Мо аз ин вохӯриҳо танҳо фоида дидаем ва онро қатъ карданӣ нестем. Агар нафаре ё ҷонибе дар амалҳои мо шӯҳрат ё касби холи сиёсиро мебинад ва ё ҳар чизи дигареро диданист, ин назари эшон аст. Вале кадом таъсире дар барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуддати мо нахоҳад дошт. Илова бар ин тасмим дорем, ки дар ҳамин 3-4 моҳи оянда ба Русия, Миср ва Амрико сафарҳое дошта бошем, то географияи вохӯриҳо васеътар шаванд. Тақозои мулоқот бо донишҷӯёни дар хориҷбуда зиёд аст, вақте ба Арабистони Саъудӣ, Ирон, Туркия ва дигар кишварҳо сафар доштем ва бо донишҷӯёни тоҷики ин кишварҳо вохӯрдем, ҳамватанон дар дигар кишварҳо ҳам ҳақ доранд, ки чунин як талаберо пеш бигузоранд.
Аммо бахши дигари саволи шумо бисёр муҳим аст, ки чаро бо донишҷӯён бештар вомехӯрем? Зеро таҷрибаи вохӯриҳо нишон дод, ки агар бо мардум сӯҳбати озод ва шаффоф намоем, онҳо ба дарки мушкилоти мавҷуд мерасанд. Аммо қишри донишҷӯ ва зиёии воқеъӣ хислате доранд, ки ҳамеша суолу ҷавобро дӯст медоранд ва мухотаби хешро ба чолиш мекашанд. Яъне мо аз ин сӯҳбатҳо барои худ чизе ҳам мегирем. Саволу мулоҳизаҳои онҳо як маводи бисёр арзишманде барои барномарезӣ ва иқдомҳои баъдии мо мешаванд. Бинобар ин тасмим ин аст, ки ҳар ҷое донишҷӯ, рӯшанфикр ва аҳли андеша ва илм ҳаст, мо бояд дунболи онҳо бошем, ҳадди ақал сӯҳбате дошта бошем. Аз сӯҳбат бо онҳо инсон файз мебардорад. Ҳар касе аз сӯҳбат бо ин гуна доираҳо мегурезад, худ ҳарфи гуфтанӣ надорад. Мо бошем, баръакс чун фоидаашро барои миллат, кишвар ва ҳизби хеш дидаем, ин сиёсатро идома хоҳем дод.
– Дар охир мехостам паёми хешро ба мардуми кишвари азиз, бахусус ба онҳое, ки хонандаи нашрияи «Наҷот» ҳастанд ва аз сомонаи «nahzat.tj» истифода мебаранд, ироъа медоштед, ки он чист…
– Ташаккур, паёми мо ба хонандаҳо ва муштариёни матбуъоти ҳизбӣ, бахусус аъзо ва ҳаводорони ҲНИТ ин аст, ки кишвари мо дар як марҳалаи хеле ҳассос қарор дорад, ҳамзамон мо гирифтори чанд мушкилӣ ҳастем. Якеи он вазъи номуносиби иҷтимоъӣ ва иқтисодист, ки қисме аз он натиҷаи сиёсатҳои нодуруст дар дохили кишвар мебошанд, яъне ба омилҳои дохил бастагӣ доранд. Қисми дигар натиҷаи барномарезиҳоест, ки аз берун болои миллати мо таҳмил мешаванд. Кишвари мо инчунин гирифтори мушкилоти сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳам ҳаст, вале нашри чанд санаде ки ҳоло таҳқиқот болои асл будану набудани онҳо рафта истодааст, вазъи сиёсиро боз ҳам печидатар сохтааст. Аз ҳама муҳим ин раванди номуносиб нишон дод, ки ҳанӯз ҳам сулҳи мо то ба охир ба ақлу мағзи бисёре аз мансабдорон нарасидааст ва хатарҳое ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ вуҷуд доранд.
Мушкилии дигар дар он аст, ки тамоми ҷаҳон дар як марҳилаи ноил шудан ба озодӣ ва ҳуқуқҳои бештар қарор дорад, бо истиснои Осиёи Марказӣ. Осиёи Марказӣ тақрибан ягона минтақаест, ки мисли як осорхона авторитаризмро дар ҷаҳон нигоҳ доштааст. Дониста бошем, ки бо назардошти захираҳои бузурги инсонӣ, энержӣ ва нуқтаи калидии геостратегӣ буданаш ҳатман дар дурнамо мавриди бозиҳои сиёсӣ қарор хоҳад гирифт. Ин омилҳо аз аъзо ва ҳаводорони ҲНИТ тақозо мекунад, ки бисёр ҳам ҳушмандона ва огоҳона рафтор кунанд, ба ҳеҷ гуна фитна ва дасиса дода нашаванд.
Ҳар инсоне, бешак, иштибоҳе дорад, аз ҷумла раҳбарияти ҲНИТ ҳам шояд дар тасмимгириҳои наздик ба 40 соли фаъолияти хеш иштибоҳе карданд. Вале мутмаинам, ки раҳбарияти ҲНИТ дар тасмимгириҳои худ пеш аз ҳама ризои Худованд ва баъдан манфиъатҳои миллату давлат, ҳуқуқу озодиҳои аъзо ва ҳаводорони хизбро ҳамеша мавриди назар доштанд. Агар ҳанӯз ҳам аъзо ва ҳаводорони ҳизб ба ин боваранд, ки раҳбарият ва масъулини ҳизб ба ин арзишҳо пойбанданд, дар чунин лаҳзаҳои душвор боз ҳам хоҳиш мешавад, ки атрофи ормонҳои ҳизб бештар муттаҳид бошанд. Бо мушкилоти зиндагӣ нигоҳи ҳимматбаландона, бо гузашти бештар ва диди васеъ муносибат кунанд. Иҷозат надиҳанд, ки миллати мо бори дигар вориди муноқишаҳои дохилӣ гардад, зеро душманон дар каминанд, ки дар дохили миллат рахнаи хурдеро ба вуҷуд биёранд ва онро бо мурури вақт бузург созанд. Онҳо мехоҳанд аз нав дар дохили миллат ҷудоӣ ба вуҷуд биёяд, чунки фаҳмиданд, агар миллати тоҷик муттаҳид бошад, ҳеҷ нерӯе наметавонад онро бишканад. Бузургтарин омили шикасти миллати мо ихтилоф аст, инро онҳо омӯхтанд ва боз ҳам аз таҷрибаи хеш истифода карда, иддае аз ҳамватанонро алайҳи мо таҳрик медиҳанд. Аз ин хотир, мо бояд аз худ ҳушёрӣ ва огоҳии бештар нишон диҳем ва ба ҳар гуна фитна роҳ надиҳем. Иншоаллоҳ, атрофи ҳадафу ормонҳои умумимиллии хеш муттаҳид ва устувор хоҳем буд.
– Ташаккур барои як сӯҳбати пурмазмун ва ҳидоятбахш.
– Муваффақ бошед.
Мусоҳиб
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Қисмати аввал: http://www.nahzat.tj/ilmu-din/siyosat/item/4748
Қисмати дуввум: http://www.nahzat.tj/1/item/4811