Телевизиони “Аларабия” рӯзи сешанбе эълом кард, ки хонум Лимиё Алҳарирӣ сафири Сурия дар кишвар Кипр (Қибрис) аз режими Башор Асад ҷудо шуд.
Бар асоси ин гузориш Лимиё Алҳарирӣ пас аз ҷудо шудан аз режими Димишқ раҳсипори пойтахти Қатар шуд.
Ҳанӯз ҷузъиёти комили ҷудо шудани сафири Сурия дар инишвар гузориш нашудааст. Бояд гуфт, ки то кунун ин дуввумин сафири ҷудошуда аз режими Димишқ мебошад.
Дар ҳудуди як моҳ пеш Навоф Алфорс, сафири Сурия дар Ироқ дар эътироз ба куштори мардум тавассути нерӯҳои амниятии Сурия аз режими ин кишвар эъломи ҷудоӣ кард.