Дар бархе аз кишварҳо ба иқдоми нави маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо”, ки аз сари нав карикатураи Паёмбар (с) – ро нашр кардаааст, вокунишҳо нишон дода шуд.
Ба гузориши “euronews”, як шаҳрванди мусалмони фаронсавӣ мегӯяд: “ин ҷо кишвари озодии баён аст. Ман ҳам ақидаамро озодона мегӯям. Ман бо ин кори “Шарлӣ Эбдо” мухолифам, зеро Паёмбари моро, ки бисёр муқаддас аст, ҳадаф қарор дод. Онҳо метавонистанд падару модар ва фарзандони манро тавҳини ин кор кунанд, аммо наметавонанд бо Паёмбар (с) ин корро анҷом диҳанд. Ин хуб нест”.
Шаҳрванди дигари фаронсавӣ иброз дошта, ки мо ҳама ҳақи танзпардозӣ ва кашидани карикатураро дорем. Ман намедонам чаро бояд монеъи хандидан шуд.
Тибқи гуфтаи ин хабаргузорӣ, дар Эрон бархе аз рӯзномаҳо зимни тақбеҳи ин иқдом, тавҳин ба Паёмбарро намоди озодии баён дар Аврупо донистаанд.
Мақомоти ин кишвар ҳам ин иқдомро иҳонатомез хонда ва хоҳони эҳтироми якдигар шудаанд. Як шаҳрванди сокини Ғазза ҳам бо эътироз ба ин иқдом гуфтааст, ки интишори ин тасвири зишт аз Паёмбар (с) ва ин кори хоинонаи маҷалла ба зарари мусалмонон ва Аврупоиҳо хоҳад шуд, чун ин як кори бисёр таҳрикомез аст.
Бар рӯи шумораи ахири “Шарлӣ Эбдо” карикатураи Паёмбари Ислом дар ҳоле ки ашк мерезад ва мегӯяд: “ман Шарлӣ ҳастам” чоп шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар сафҳаҳои фесбукӣ аксар мусалмонон ба муқобили ин амал навиштаҷотеро ба монанди “Ман Шарлӣ нестам, ман мусалмонам”, “Ман Паёмбарро дӯст медорам” ва ба монанди инҳо нашр гардидааст.