Categories БА СУИ НУР

ТАКАББУР

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.
Ситоиш Худорост, ки ба мо неъматҳои фаровонро арзонӣ доштааст. Шаҳодат медиҳем, ки ҳеҷ маъбуде, ҷуз Худои ягона вуҷуд надорад ва лоиқи парастиш нест ва шаҳодат медиҳем, ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва фиристодаи Ӯ ба сӯи башарият аст. Тасдиқ мекунем, ки Пайғамбар (с) аз пеши худ чизе нагуфта ва ҳар чизе гуфта бошад, аз ҷониби Худованд аст ва салом мефиристем ба Расули Худо (с), ба хонадону асҳобашон ва ба ҳамаи касоне, ки пайравӣ аз ишон кардаанду мекунанд.
Як одати бисёр номатлубе ҳаст, ки ба рӯҳияи инсон таъсири бад расонида, дар оянда шахсро ба оқибатҳои бисёр нохуш оварда мерасонад. Худованд ва Паёмбараш (с) аз хатари бузурге, ки дар ин одат ҳаст, моро огоҳ кардаанд, ки он ҳам кибр варзидан аст. Гузаштагони солеҳ гуфтаанд: Аввалин гуноҳ ва сабаби аввалин нофармонии Худованд такаббурӣ буд.
Худованд дар ояти 34-уми сураи «Бақара» хабар медиҳад: «Ва ба фариштагон гуфтем: Одамро саҷда кунед. Ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки рӯй гардонду бартарӣ ҷуст ва ӯ аз кофирон буд».
Дар ҳадисе, ки ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят кардааст, Пайғамбарамон (с) мефармояд: Шахсе ки дар дил як зарра ҳам кибр дорад, ба Биҳишт дохил намешавад, (ривояти имом Муслим).
Пайғамбари мо таълим медиҳад, ки пӯшидани либоси тоза ва зебо нишонаи такаббурии инсон нест, зеро Худованд зебост ва зебоиро дӯст медорад.
Такаббурӣ хислатест, ки дар қаъри қалб ниҳон аст ва дар натиҷаи мушоҳидаи рафтори шахс ошкор мешавад. Чунин шахс аз ҳақиқат рӯй метобад ва ба дигарон ба назари таҳқир назар мекунад. Вақте Худованд ба фариштагон амр кард, ки ба Одам (а) саҷда кунанд, кибр Шайтонро нагузошт, ки ин амалро иҷро кунад. Ӯ худро беҳтар донист ва нофармонӣ карду аз даргоҳ ронда шуд. Ҳамин кибр буд, ки мушриконро ба муқобили паёмбарон шӯронид. Чуноне Худованд мефармояд: «Бо он, ки дар дил ба он яқин оварда буданд, вале аз рӯи ситаму бартариҷӯӣ инкораш карданд. Пас бингар, ки оқибати табаҳкорон чӣ гуна бувад», (сураи «Намл», 14).
Такаббурӣ намегузорад, ки инсон ба Офаридгораш ибодат кунад: «Парвардигоратон гуфт: Дуъову илтиҷо кунед Маро, то шуморо иҷобат кунам. Онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зуддӣ дар айни хорӣ ба ҷаҳаннам дароянд», (сураи «Ғофир», 60).
Кибр ба баъзе касоне, ки Худованд ба онҳо моли дунё ва мансаб додааст, имконият намедиҳад, ки дар намозҳои ҷамоъат ширкат варзанд. Мебинем, ки масҷид дар наздикии хонаи онҳосту дар як рӯз панҷ вақт садои азонро мешунаванд. Аммо кибр намегузорад, ки ба масҷид оянду ҳамроҳи бародаронашон намоз гузоранд, зеро онҳо худро бартар аз он медонанд.
Инчунин кибр намегузорад, ки инсон мувофиқи суннати Расули Худо (с) амал кунад. Дар ҳадис омадааст: Боре як шахс дар назди Пайғамбар (с) бо дасти чапаш хӯрок хӯрд. Пайғамбар ба ӯ гуфт: Бо дасти ростат бихӯр!.
Ӯ ҷавоб дод: Ман наметавонам.
Он вақт Пайғамбар гуфт: Бале, ту наметавонӣ! Ғайр аз кибр дигар чизе ба ӯ халал намерасонад.
Ва он шахс дигар (дасти чапашро) ба даҳон бурда натавонист, (ривояти имом Муслим).
Набояд фаромӯш кард, ки такаббурӣ инсонро ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Худованд мефармояд: «Он касонеро, ки ба ноҳақ дар замин кибр меварзанд, ба зуддӣ аз оёти хеш рӯйгардон созам, чуноне ҳар оятеро бубинанд, имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, ба он нараванд ва агар тариқи гумроҳӣ бубинанд, бо он бираванд. Зеро онҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат карданд», (сураи «Аъроф», 146).
Ва Пайғамбари Худо (с) ҳам гуфтаанд: Ба сӯи касоне, ки аз сабаби такаббуриашон бари (почаҳои) эзорашонро кашол карда, роҳ мегарданд, Худованд дар рӯзи Қиёмат, ҳатто (бо назари раҳмат) нигоҳ намекунад, (ривояти имом Бухорӣ ва имом Муслим).
Ҳамчунин: Мутакаббирин дар рӯзи Қиёмат дар ҳоле зинда гардонида мешаванд, ки андозаи ҷуссаашон ба андозаи ҷуссаи мӯрча баробар аст ва онҳоро хориву залилӣ иҳота кардааст, (ривояти имом Тирмизӣ ва Насоӣ).
Суфён ибни Уяйна (р) гуфтаанд: Агар инсон аз сабаби нафси саркашаш гуноҳ кунад, умед аст, ки ӯ тавба кунаду бахшида шавад, зеро Одам (а) аз паи хоҳиши нафс рафт, сипас тавба карду бахшида шуд. Агар аз сабаби такаббуриаш гуноҳ кунад, хавфи лаънат шуданаш ҳаст, зеро Иблис аз сабаби такаббуриаш нофармонӣ кард ва ба лаънати Худо гирифтор шуд.
Инсон бояд ҳамаи нишонаҳои мутакаббириро аз худ дур гардонад. Ҳама вақт дар хотир бояд дошт, ки мо аз чӣ чиз офарида шудаем, чӣ тавр ба дунё омадаем?!
Бояд бузургии Худо ва манзалати худро дар назди Ӯ таъоло дарк кард. Инсон аз хок офарида шудааст. Сипас аз қатраи моеъ, ба лахтаи хун табдил ёфту баъдан ба пораи гӯшт, Он ҷисме, ки дорад. хоки беҷон буд ва Худованд ба он ҷон бахшид, Мурда буд, ки зинда гардонида шуд. Рӯзе мемираду боз ба хок табдил меёбад, сипас боз зинда гардонида мешавад ва ба маҳкамаи Худованд амалҳояшро пешниҳод мекунад. Худованд мефармояд:
«Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст!
Ӯро аз чӣ офаридааст?
Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард,
Сипас роҳашро осон сохт.
Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард.
Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад.
На, ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст», (сураи «Абаса», 17-23).

Бобои Шарофиддин

More From Author

You May Also Like