Ба номи Худованди бораҳм ва ниҳоят меҳрубон.
“Эй мардум, ба таҳқиқ бар шумо моҳи бузурге соя афкандааст, ки пур аз баракот, дар он шабест, ки беҳтар аз ҳазор моҳ. Худо рӯза доштанро дар ин моҳ фарз ва бо тоъату ибодат гузарондани шабҳояшро ихтиёрӣ (нафл) мустаҳаб карор додааст. Ҳар касе дар ин моҳ ба як кори писандидае ба Парвардигор наздикӣ ҷӯяд, монанди касест, ки фароизеро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Ва шахсе дар ин моҳ фарзеро анҷом бидиҳад, мисли он ки ҳафтод фарзро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.
Ин моҳи сабру тоқату бурдборист ва подошаш ҷаннат. Ин моҳи баробарист, моҳест, ки рӯзии бандагони Худо дар он афзуда мешавад. Касе рӯзадореро дар ин моҳ ифтор бидиҳад, гуноҳонаш омурзида шуда, аз оташи дӯзах раҳо меёбад ва монанди шахси рӯзадор аҷру подош дода мешавад, бе он ки аз савоби шахси рӯзадор кам карда шавад”.
Асҳоб гуфтанд: Эй Расули Худо, на ҳар каси мо тавони додани ифтори рӯзадорро дорем!
Паёмбар (с) фармуданд: “Худо ин савобро ба шахсе медиҳад, ки рӯзадореро бо каме шир, об ё як хурмо ифтор диҳад. Агар шахсе рӯзадореро сер кунад, Худованд ӯро аз ҳавзи ман (Кавсар) сероб мекунад, ки баъд аз он ҳаргиз ташна намешавад».
Дар ин моҳи муборак чаҳор амалро бештар анҷом диҳед: бо дуи он Парвардигори худро розӣ месозед ва дуи дигар амале мебошанд, ки шумо ба онҳо ниёз доред. Он ду амале, ки Парвардигорро розӣ мекунед, гуфтани («Ло илоҳа иллаллоҳ») калимаи тайиба ва (истиғфор) талаб кардани омурзиши гуноҳон аст.Он ду амале, ки ба онҳо ниёз доред, талаб кардани ҷаннат ва паноҳ хостан ба Парвардигор аз оташи дӯзах аст”.
Моҳи муборак
Моҳи Рамазон моҳи Офаридгори олам, Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳуст. Паёмбари Ислом (с) дар ҳадиси қудсӣ мегӯяд: Ҳамаи амали фарзанди одам аз худи ӯст, магар рӯза. Бешак рӯза барои Ман аст ва подоши рӯзадорро Ман медиҳам (дар ривояте “подоши рӯзаи рӯзадор худи Ман ҳастам”) рӯзадор хӯрдану нӯшидан ва лаззати шаҳвату хоҳишоти худро ба хотири Ман тарк мекунад.
Аввалин баракати ин моҳ ҳамин аст, ки Аллоҳи мутаъол рӯзаи ин моҳро ба худ тахсис дода, подошашро ҳам барои худ вомегузорад. Ин ҷост шараф ва баланд будани ин ибодат. Ҳамаи ибодатҳо барои Худоянд, вале аз байни онҳо “рӯза барои Ман хос аст” мегӯяд Ӯ, зеро дар ин ибодат инсон лаззати шаҳавот ва таъому шаробро (аз ҳалол) барои Худои худ тарк мекунад.
Чизи дигар дар ин ибодат, алоқаи банда бо Худои худ аст, ки сиррӣ сурат мегирад, зеро рӯза доштан сиррест байни банда ва Худо. Инсон метавонад дар назари мардум рӯзадор бошад, вале дар пинҳонӣ на.
Вақте Рамазон моҳи Худо бошад, инсон дар меҳмонии Парвардигори олам қарор дорад. Дастурхону ҳар чизи дигаре, ки аз тарафи мизбони меҳмоннавоз тақдим мешавад, олӣ ва ғайри муқаррарианд, аз ҳама муҳим “раҳмату мағфират ва раҳоӣ аз оташи дӯзах” аст.
Ин моҳ аз он ҷиҳат бобаракат аст, ки Қуръон, ин китоби инсонсоз аз лавҳулмаҳфуз ба осмони дунё, маҳз дар ҳамин моҳ нозил шудааст. Китобе, ки ҳидоят ва раҳнамо барои мардум ва нишондиҳандаи роҳи дурусти ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил мебошад.
(«Бақара»:) 185, Бешак мо ин китобро дар шаби мубораке (шаби Қадр) нозил кардем ва ҳар оина мо будем бимдиҳанда. Дар он шаб ҷудо карда мешавад ҳамагуна корҳои муҳкам ва муҳим бо дастуре аз ҷониби Мо. Бешак Мо будем, ки паёмбаронро фиристодем. Дар ин раҳмату меҳрубоние аз ҷониби Парвардигори ту буда, албатта, он Парвардигори ниҳоят шунаво ва доност.
Дар ин моҳ шайтонҳо дар банд нигоҳ дошта шуда, дарҳои дӯзах баста ва дарҳои ҷаннат боз карда мешаванд. Аз тарафи Парвардигор элчиҳои раҳмат садо медиҳанд: “Оё пушаймону тавбакунандае ҳаст, то тавбаи ӯ қабул карда шавад ва оё ҳаст касе, ки амали солеҳу шоистае (дастгирии бечорагону бенавоён ва раҳму шафқат бар ятимону дармондагон)- ро анҷом диҳад, то дар подоши ӯ афзуда шавад”?
Худованди меҳрубон мепурсад: “Касе ҳаст, ки Маро бихонад, то қабулаш кунам, ҳаст касе, ки ҳоҷатеро аз Ман бипурсад, то барояш бидиҳам, касе бошад, ки талаби амурзиш кунад, то Ман гуноҳҳояшро бубахшам”?
Воқеан, баракати ин моҳ аз рӯзи аввали он мушоҳида мешавад. Инсонҳо аз қайди бандагии тан ва нафси ҳайвонӣ раҳо шуда, қалбҳо пур аз муҳаббати якдигар ва умед ба аҷру савоб мекунанд. Масҷидҳо пур аз намозгузорону зикркунандагон, фазои ибодатӣ ва шодиву фараҳи тоъати Худои яктои меҳрубон ҳоким. Муъомила, доду гирифт ва хариду фурӯши бе фиребу хиёнат, забонҳои пок аз дуруғу ғайбат ва дилҳои соф аз кинаву бадбинӣ, ҳамаи ин аз баракати моҳи мубораки Рамазон аст.
Шабе, ки беш аз 80 сол аст
Дар ин моҳ шабе ҳаст беҳтар аз ҳазор моҳ, ки ҳазор моҳи умри беш аз 83- солаи як инсон мебошад. Дар тӯли ин умр инсон наметавонад ҳамаи лаҳзаҳои онро ба ибодату амали солеҳ ва дур аз гуноҳу маъсият бигузаронад. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Паёмбари раҳмат (с) омадааст, ки «ҳар кӣ шаби қадрро аз рӯи имону ихлос бо тоъату ибодат зинда бидорад, гуноҳони гузаштааш омурзида мешаванд.
Дар як шаб мӯъмини боихлос аҷри як умри инсони 83- соларо ба зикру намоз ва корҳои шоиста ба даст меорад, ки он шаб дар моҳи Рамазон аст.
Рӯза доштани ин моҳ фарз аст
Аллоҳи мутаъол рӯзаи моҳи Рамазонро ба унвони асоситарин васила барои пайдо кардани тақво дар вуҷуди мо, фарз гардонид ва онро мояи мағфират ва василаи наҷот аз оташи дӯзах қарор дод. Рӯзаи моҳи Рамазон ба далели Қуръони карим, суннати набавии шариф ва иҷмоъи уммат собит мебошад. Аллоҳ мефармояд: Эй касоне, ки имон овардаед, рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз шуда, ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо низ фарз гардида буд, шояд, ки ботақво ва парҳезгор шавед, (Бақара: 183)
Паёмбар (с) дар ҳадиси мутафақун алайҳ мефармояд: Ислом бар панҷ чиз бино ниҳода шудааст:
– Гувоҳӣ ба ваҳдонияти Аллоҳи мутаъол,
– Гувоҳӣ ба паёмбарии Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с),
– Барпо доштани фаризаи намоз,
– Пардохти закот,
– Гирифтани рӯзаи моҳи Рамазон,
– Баргузории фаризаи ҳаҷҷи хонаи Худо.
Далели дигари вуҷуби рӯзаи моҳи Рамазон, иҷмоъи уммати исломист, бар ин ки фарз яке аз аркону пояҳои асосии дини Ислом аст. Ҳар кас фарзро инкор кунад, кофир ва муртад мебошад.
Моҳи тақарруби Худо
Зинда доштани шабҳои моҳи Рамазон ихтиёрӣ (нафл) мебошад. Нафл амали ихтиёрӣ ҳам бошад, василаи хубест барои расидан ва наздик шудан ба пешгоҳи Парвардигори меҳрубон. Инсон тавассути навофил ба Худои худ наздик мешавад. Тақаррубу наздикӣ бо Худои мутаъол муҷиби каромат ва боиси дурӣ аз гуноҳ мешавад.
Дар ҳадиси қудсӣ омадааст: То ҳадде банда бо анҷом додани навофил ба Ман наздик мешавад, ки дӯсташ медорам. Пас ҳангоме дӯсташ доштам, шунавоии ӯ мешавам, ки бо он мешунавад. Биноиаш мешавам, ки бо он мебинад, дасту пои ӯ мебошам, ки бо онҳо медораду роҳ меравад, ҳар вақте аз Ман чизеро бихоҳад, албатта, медиҳамаш ва ҳангоме аз ман паноҳ бихоҳад, албатта, паноҳаш медиҳам. Паёмбар (с) фармуд: Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рӯи имону ихлос ба намоз ва зикру корҳои шоиста зинда бидорад, гуноҳони гузаштааш омурзида мешаванд, (ҳадис муттафақун алайҳ).
Моҳи Рамазан фурсатест барои касби тақарруб ва наздик шудан ба Аллоҳи меҳрубон.
Моҳи сабру бурдборӣ
Рӯза дар асл, иборат аз амали ибодатист, ки Худованд ба он амр кардааст, дар он инсон тӯли муддати муайян ва соатҳои хос, аз дамидани субҳ то фуру рафтани офтоб, аз хӯрдан ва ошомидан ва баҳрагирӣ аз лаззати хоҳишоти ҷинсӣ дурӣ мегирад. Ин ибодат ба ин маҳсур набуда, дар бисёр мавридҳо инсонро водор мекунад, то аз суханҳои қабеҳ, ғайбат ва бадгумониву бадбинӣ ва рафторҳои зишт худдорӣ намояд. Аз ин рӯ, рӯза дар қадами аввал ҳифзи шикам, шаҳват аз хӯрдану ошомидан ва баҳрабардорӣ аз лаззати хоҳишоти ҷинсӣ бошад, дар қадами баъдӣ, риъояи одоби зоҳирӣ, ҳифзи забон, гӯшу чашм, дасту пой ва дигар аъзо аз гуноҳон аст. Дар сурати риоя нашудани инҳо рӯза ботил мешавад. Дар ҳадиси шариф бо ривояти Аҳмад омадааст: Насиби бисёри рӯзадор аз рӯзааш, танҳо гуруснагӣ ва ташнагист.
Дар ҳадиси дигар Паёмбари раҳмат (с) мефармояд: Ҳар вақто яке аз шумо рӯзадор бошад, пас ҳатман зишту қабеҳгӯӣ накунад ва рӯзадории худро аз ёд набарад. Пас агар кадоме ӯро дашном дод, дар ҳоле ки ҷанҷолеро бар пой медорад, барои ӯ бигӯяд: “албатта, ман рӯза дорам, албатта ман рӯза дорам”.
Ҳамаи инҳо баҳонае мебошанд, то инсон ба нафси худ таваҷҷуҳ пайдо ва онро тазкия намояду аз гуноҳ дур бошад.
Аз он ҷо ки инсони рӯзадор дар тӯли муддати муайян ва хос, аз дамидани субҳ то фуру рафтани офтоб, аз хӯрдан ва ошомидану баҳрагирӣ аз лаззати хоҳишоти ҷинсӣ, ки ҳалол ва иҷозат дорад, дурӣ мегирад.
Моҳи Рамазон мутобиқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ буда, байни фаслҳои сол давр мехӯрад. Бар ин ҳисоби солшуморӣ рамазони ин солҳо ба фаслҳои гармо ва марҳалаҳои дарози рӯзҳои тобистонӣ мусодиф меояд, ки ин сабру тоқати бештарро, махсусан аз ҷавонон мехоҳад. Бино бар ҳамин Паёмбар (с) башорат медиҳад: “Ин моҳи сабру тоқат ва бурдборист ва подоши сабру тоқату бурдборӣ ҷаннат мебошад”.
Афзоиши ризқу рӯзӣ, баробарӣ ва густариши муҳаббат
Рӯза дар роҳи баргашт аз сулҳи Ҳудайбия дар соли 6-уми ҳиҷрии қамарӣ фарз шуд. Ислом ҷойгоҳи хосе барои рӯза қоил аст ва рӯза рукни чаҳорум аз аркони Ислом мебошад. Рӯза гирифтан танҳо мутааллиқ ба дини Ислом нест. Дар Қуръони карим омадааст: “Руза бар шумо фарз шуд ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо фарз шуда буд”.
Бар асоси ин оят равшан мешавад, ки рӯза дар ҳама динҳои осмонии пешин вуҷуд доштааст.
Моҳи мубораки Рамазон моҳи баргузидаи Худост ва мусулмон уҳдадор аст, то аз аввали моҳ то охири он рӯза бидорад. Дар ин моҳ Аллоҳ дарҳои осмонро (барои рӯзии аҳли замин) боз мекунад, дарҳои дӯзах баста шуда, Шайтон дар банд карда мешавад.
«Шайтон шуморо аз фақр метарсонад ва ба фаҳш (аз ҷумла бухл) амр мекунад. Аллоҳ (дар ивази бахшишҳоятон) аз гуноҳҳоятон илова бар афзоиши дороии шумо, гузашт мекунад ва Аллоҳ бисёр саховатманду доност, («Бақара»: 286).
Дороён аз ҳоли бенавову нодор огоҳӣ ёфта, роҳи ҷуду сахоро пеш мегиранд, дастархонҳои нозу неъмат барои ифтори рузадорон густарда мешавад, садақаи фитр ва кумаку дастгирии бенавову дармондагон дар фазои бародарӣ, маҳаббат ва хайрхоҳӣ ҷомиъаи мусулмононро дар саросари дунё пур мекунад.
Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз Ибни Аббос (р) омадааст: Паёмбари Худо (с) саховатмандтарини мардум буданд. Аз ин ҳам бештар саховатмандтар, дар моҳи Рамазон мешуданд.
Ба ҷои хулоса
Муҳимтарин чизе, ки рӯзадор аз ин ибодат ба даст меорад, ризои Парвардигори худ аст. “Рӯзадор хӯрдану нӯшидан ва лаззати шаҳвату хоҳишоти худро ба хотири Ман тарк мекунад”, мегӯяд Худо дар ҳадиси қудсӣ. Пас Паёмбари Ислом (с) мазҳари ризои Офаридгорро баён медорад: “Барои рӯзадор ду фараҳу хурсандист, яке вақте рӯзадор ифтор мекунад, дигар вақте дар пешгоҳи Худо подоши рӯзаи худро мегирад, хушнуд мешавад”.
Ин моҳи азими муборакро Офаридгори олам ҳамчун як барномаи комил (антивирус) барои муҳофазати ин дастгоҳи олӣ, ки иборат аз инсон мебошад, қарор додааст.
Бе муболиға ин моҳи саломатист, моҳи файзу баракат, хайру эҳсон, ваҳдату бародарӣ, баробарӣ ва муҳаббат аст. Моҳи тоъату Қуръон, аҷру подоши фаровон, хушнудии бенавоёну ятимон, тарки хушунату одатҳои пасти бефоида (нос, сигор, қаҳру ғазаб) аст.
Дар воқеъ бо барномаи Рамазон, инсон соле як маротиба ҷиҳози дарунӣ (сахтафзор-hardwarе) ва берунӣ (нармафзор -softwarе) – и нафси худро аз вирусҳо ислоҳу муҳофизат менамояд.
Рамазон моҳи касби аҷру подоши фаровон ва ҳама хайру некиҳост. Барои ҳамин аст, ки Паёмбари раҳмат (с) таъкид мекунад: Ҷабраил (а.с) (вақте) ба ман гуфт: ”ва ҳар касе Рамазонро дарёбад, вале мавриди мағфират қарор нагирад, ӯро Худо аз раҳматаш дур кардааст, пас ман гуфтам омин”.
Аз ин бар меояд, ки ҳар кӣ Рамазонро дарёбад, вале аз хайру баракоти он маҳрум шавад, бешак зиёни фаровоне кардааст. Худо ин тоъати бузургро аз ҳама бандгонаш қабул кунад.
Муҳаммадсаид Ризоӣ