Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар Амрико ҳамчун як ҳизби мудерн мешиносанд.
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони «Перспектива +», барандаи ҷоизаи «Шуҷоати зан»-и Департаменти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2014 гуфт, дар Амрико Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун як ҳизби мудерн мешиносанд.
Ӯ, ки шаби 7-ум ба 8-уми март аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргашт, иброз дошт, «дар Амрико таҳайюр карданд, ки чӣ гуна Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тавонистааст як занро ҳамчун номзад ба маснади президентӣ пешбарӣ намояд, ҳол он ки номзадии Беназир Буҳутто аз ҷониби ҳизби дунявӣ пешниҳод гашта буд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Бобоназарова афзуд, дар бештари вохӯриҳо мавзӯи мазкур матраҳ мегашт ва чанд нафар иброз доштанд, «зимни вохӯриҳо бо намояндагони ин ҳизб дар Тоҷикистон пайи бурдем, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон як ҳизби мудерн ва намуна аст.
Ба қавли ин ҳуқуқшиноси тоҷик, масъалаи мазкур бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор доштааст ва ҳатто дар робита ба муносибати ӯ бо Ислом ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон як филми ҳуҷҷатие низ таҳия гаштааст.
Масъалаи дигаре, ки ба қавли Ойниҳол Бобоназрова, амрикоиҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ин вуҷуди шиканҷа дар Тоҷикистон будааст. «Онҳо медонанд, ки занҳои фаъол дар ростои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намеёбанд. Бинобар ин занҳои саршиноси амрикоӣ зимни вохӯрӣ ва табрик намудани ман ҷиҳати сазовор шудани ҷоиза ба ҳоли мо гиря мекарданд, ки фаъолиятамон дар як шароити сангин ба роҳ монда мешавад».
Бояд гуфт, Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ғайрҳукуматии «Перспектива+» яке аз ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст, ки дар интихоботи президентии соли гузашта аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳамчун номзад ба маснади президентӣ пешбарӣ гашта буд. Ӯ, ки санаи 4 март ба гирифтани ҷоизаи «Шуҷоати зан» аз ҷониби Департаменти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мушарраф гашт, шаби 7-ум ба 8-уми март ба Тоҷикистон баргашт. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе О. Бобоназароваро Воҳидхони Қосиддин, масъули дастгоҳи раиси ҲНИТ, Қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ, узви Шӯрои сиёсӣ, Абдулқаҳҳори Давлат, масъули шуъбаи равобити ҳизб, Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ, Азимҷони Ваҳҳоб, масъули шуъбаи таҳлилу барномарезӣ, Парвин Иброҳимзода, масъули шуъбаи бонувони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва инчунин рӯзноманигорону пайвандонаш пешвоз гирифтанд.
Categories
Uncategorized