САВОЛ: Читавре маълум аст, имрӯз дар ҷаҳони муосир нақши ба намоиш гузоштани филҳмои синамоӣ ба таври хеле густурда интишор ёфта аст. Баъзеҳо ба ин назаранд, ки тамошои филмҳои синамоӣ мутлақо ҳаром аст, аммо иддаи дигар андеша доранд, ки дар тамошои он ҳеҷ гуноҳе нест ва худи онҳо амалан барои тамошои филмҳои синамоӣ мераванд. Акнун донистан мехоҳем, ки кадоме аз ин ду гурӯҳ ҳақ ҳастанд? Оё мо бояд ба куллӣ аз рафтан ба тамошои синамо даст кашем ва ё ҳаққи тамошои онро дорем? Агар ҳаққи шаръӣ барои тамошои онро дошта бошем, пас шариат кадом чорчӯбаҳоро барои он муайян карда аст?
ҶАВОБ: Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим, валҳамду лиллоҳ вассалоту вассалому ъало Расулиллоҳ ва баъд:
Ҳукми рафтан ба синамо ба ҳукми филмҳое вобаста аст, ки онҷо ба намоиш гузошта мешавад. Дар асл он мубоҳ ва равост, аммо бо ин шарт, ки аз фисқу бадкорӣ холӣ буда, вақти корҳои воҷибтар ва муҳимтарро нагирад ва ҳамчунин аз омехтагии миёни занону мардон дур бошад.
Хулосаи фатвои Имом Юсуф Қаразовӣ дар ин бобат ҳамин аст, аммо инак айни фатвои эшонро инҷо зикр мекунем:
“Шубҳае нест, ки синамо ва ба ин монанд асбобҳо яке аз муҳимтарин васила барои роҳнамоӣ ва роҳатбахшии нафси инсон аст. Синамо ҳам ба монанди дигар асбоб ва василаҳо вобаста ба роҳи истифодашавандааш аст. Он метавонад дар корҳои нек ва ҳамчунин дар корҳои бад истифода гардад. Шахсан худи синаморо ба таври алоҳидагӣ ҳукм карда намешавад, балки ҳукми он ба ҳадаф ва роҳи истифода шуданаш бастагӣ дорад.
Андешаи мо дар бораи синамо ҳамин аст, ки он дар зоти худ ҳалолу пок аст, балки гоҳо агар шартҳои зерин иҷро гарданд, истифода аз ин васила воҷиб ва ҳатмӣ мегардад:
1. Мавзӯъоти филмҳое, ки дар он ба намоиш гузошта мешавад, аз амалҳои фисқу бадкорӣ ва фаҳшу тамоми ончи бо ақида ва одобу ахлоқи шаръӣ мухолифат дорад, холӣ бошад. Аммо он намоишҳо ва ривоёту қиссаҳое, ки ҳисси шаҳвониро ба ҷӯш оварда, тамошобинонро ба анҷоми гуноҳу ҷинояткорӣ тарғиб мекунад, ё ба андешаҳои каҷ даъват менамояд, ё ақидаҳои ботил ва ба ин монанд амалҳои зиштро ривоҷ медиҳад, пас тамошои он барои фарди мусалмон ва тарғиби мардум барои тамошоаш ҳаром аст.
2. Набояд филмҳои синамоӣ шахсро аз адои воҷибҳои динӣ ва дунявӣ машғул гардонад. Дар саффи аввали тамоми воҷибот адои намозҳои панҷгона меистад, ки Аллоҳ таоло онро барои муъминон фарз гардонида аст. Набояд шахси мусалмон барои тамошои кадом як филм намози фарзашро қазо намояд. Аллоҳ таоло дар ин бобат таҳдидан гуфта аст: “Пас вой ба ҳоли намозгузорон; он касоне, ки дар намозашон саҳв (бепарвоӣ ва қазо) мекунанд.” Сураи Моъун, ояти 4,5
Аҳли тафсир дар шарҳи ояти боло калимаи “саҳв”-ро ба маънои таъхири намоз то ҳадди гузаштани вақти он шарҳ додаанд. Ҳамчунин Аллоҳ таоло дар оятҳои сураи Моида яке аз сабаб ва иллатҳои ҳаром кардани шароб ва қиморбозиро дар боздоштани он аз зикри Офаридгор баён карда аст.
3. Бояд шахсони ширкаткунанда дар синамо аз омезиш ва якҷо будан миёни зану мард барои пешгирӣ аз сар задани фитна ва дур сохтани шубҳа бипарҳезанд. Махсусан дар ҳолате, ки одатан намоиши филмҳои синамоӣ дар ҳолати торикии толор сурат мегирад. Дар ҳадис омада аст: “Агар болои сари шумо бо мехи оҳанин кӯбанд, беҳтар аз ин аст, ки ба зане номаҳраме даст бирасонад.” (Ривояти Табаронӣ аз Маъқил ибни Ясор аз Паёмбар (с))
Манбаъ: Сомонаи расмии Имом Юсуф Қаразовӣ
Мутарҷим: Абдуллоҳ Оқилзода
Categories
ДИН ВА ФАРҲАНГ