Categories Uncategorized

Диде Дрогба, ҳамлагари дастаи «Челси» ин дастаро тарк мекунад

Ҳикматуллоҳ Воҳидхон

nahzat.tj

Ҳамлагари дастаи «Челси», Диде Драгба қарордоди дубора бо ин даста нахоҳад кард, хабар медиҳад «Интерфакс»

Дар ин бора, ӯ ба ҳамкасбони худ гуфтааст, аммо мушаххас накардаст, ки бо кадом даста шартнома хоҳад баст.

Шартномаи Дрогба бо дастаи «Челси» рӯзи 19 – майи соли равон, дар рӯзи бозии ниҳоӣ бо дастаи «Бавария» барои қаҳрамонии Лигаи қаҳрамонон «УЕФА 2011/2012» ба анҷом расид.

Диде Дрогба 11 марти 1978 дар Кот-д Ивуар ба дунё омада, дар синни панҷсолагиаш ба Фаронса кӯч бастааст.

Ӯ дар клубҳои баччагонаи Левалуа (1996—1997) ва Ле – Ман (1997—1998) ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан дар дастаҳо; Ле – Ман (1998—2002), Генгам (2002—2003), Марсел (2003—2004), Челси (2004—2012) ва дастаи мунтахаби Кот-д Ивуар низ бозӣ кардааст.

Хотиррасон менамоем, ки ӯ дар бозӣ бо дастаи «Бавария» голи ниҳоиро ба самар расонида, пирӯзиро ба дастаи худаш тақдим намуд.

More From Author

You May Also Like