Ба гуфтаи иддае, омили аслии садама дар роҳҳои шаҳр ин буда, ки ҷавонон ба ҷойи аз роҳи имтиҳон гирифтани баҳо ва шаҳодатномаи ронандагӣ бо додани пора ҳуҷҷати ронандагии худро ба даст меоранд.
Ин амал боиси он гардида, ки дар роҳҳои кишвар ҳодисоти садамавӣ аз ҷониби наврасон ба қайд гирифта шавад.
Тавре аз дафтари вазорати умури дохила иттилоъ медиҳанд, санаи 15-уми июн ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда-CRV», рондааш Сунатуллои Ҳафиззодаи 25-сола ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н. Махсум ба автомашинае бархӯрда, ки дар канори роҳ беҳаракат меистодааст.
Сипас автомашинаро манъ накарда, ба қафо тоб мехӯрад, тахминан масофаи 250-300 метри дигар ҳаракат намуда, дар рӯ ба рӯи бинои 109-и кӯчаи Н. Махсуми шаҳри Душанбе пиёдагардони дар канори чапи роҳбударо пахш мекунад.
Дар натиҷа, пиёдагардони пахшшуда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода мешаванд. Муштарӣ Мизробова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии иқтисодӣ ва туризм баъди 4-5 соат дар беморхона ба ҳалокат мерасад ва Манижа Саидова дар беморхона бистарӣ карда мешавад.
Бори аввал нест, ки дар Душанбе чунин ҳодиса рух медиҳад. Санаи 14 июн ҳам ронандаи 25-солаи дигаре бо номи Абдулвосит Қодиров, истиқоматкунандаи ноҳияи Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳа пиёдагарди ноболиғ, Гулсанам Яхшибековаи 9 – соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ё ахиран, хонандаи гиромӣ, ба ёд биёред, ки бо айби писари ноболиғи Амонуллоҳ Ҳукумов дар маркази шаҳри Душанбе чӣ ҳодисае ба вуқуъ пайваст. Бо чунин далоил шояд гуфтан иштибоҳ набошад, ронандаҳое, ки сабабгори садама дар роҳҳои автомобилгард мегарданд, наврасонанд. Зимнан ҷойи нигаронӣ ин аст, ки аксари ронандагон ҳуҷҷатҳои ронандгиро на бо роҳи хондану омӯхтан, балки аз тариқи пул додан ба даст меоранд.
Фаридуни Акбар, ки дар кишвари Русия баъди таҳсил ҳафт маротиба кӯшиш кардааст, то аз имтиҳон гузашта ҳуҷҷати ронандагиро ба даст орад, муваффақ нагардидааст. Вале дар Тоҷикистон маротибаи аввали супоридани имтиҳон «комёб» гардида, ки бо сари баланд аз имтиҳон гузаштааст.
Ӯ мегӯяд, “дар Русия корам танҳо хондан буду машғулиятам мошин рондан, вале аз имтиҳон маро нагузарониданд. Он ҳам ба он хотир, ки зимни супоридани имтиҳон чанд иштибоҳе доштаму халос. Вале дар Тоҷикистон мушкилотамро бо пул ҳал кардам…”
Шояд хонандагон огаҳ бошанд, қаблан Оҷонсии мубориза бо фасоди Хатлон нисбати нуҳ нафари масъул парвандаи ҷиноӣ боз карда буд, ки гӯё ба фурӯши гувоҳномаҳои ронандагӣ машғул будаанд. Ҳикматулло Исматов, як масъули шуъбаи Оҷонсии мубориза алайҳи фасод ба радиои «Озодӣ» гуфта буд, афроди боздоштшуда масъулони бозрасии давлатии техникӣ, раиси иттиҳодияи автомобилронҳо, омӯзгорон ва масъулони мактабҳои ронандагии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон будаанд, ки бар ивази аз 600 то 800 сомонӣ ба шаҳрвандон шаҳодатномаи ронандагӣ дода, насаби онҳоро ба феҳрастҳои муайяни маъмурӣ тақаллубкорона шомил кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кишвар дар ҳоли афзоиш буда, ба гуфтаи коршиносон, дар аксар маворид сабабгори садамаҳо ронандагоне мегарданд, ки аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ хабар надоранд.
Дар умум, ба андешаи соҳибназарон, ин амал, ки аз додани пора маншаъ мегирад, бояд пешгирӣ гардад, то қурбониҳои садамаҳо бештар нагарданд.
Categories
ҶОМЕА