Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср аз қабули дастури давлати муваққати ин кишвар барои поён додани ба тазоҳуроти густардаи рӯзона ва шабона дар ду майдони бузурги Қоҳира худдорӣ карданд.
Ба гузориши “Осушейтед пресс”, давлати муваққати Миср рӯзи панҷшанбе “хуруҷи амн” он даста аз тазоҳуркунандагоне, ки даст аз эътирозҳо бардорандро тазмин карда буд.
Аз ҳангоми барканрии Мурсӣ беш аз 260 нафар дар хушунатҳои хиёбонӣ дар Миср кушта шудаанд.
Шуморе аз фаъолони ҳуқуқи башар, кунишгарон ва сиёсатмадороне аз гурӯҳҳои гуногун барои ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар то кунун даст ба иқдомоте зада ва аз ҷумла пешниҳод кардаанд занҷираи инсонӣ ба даври марокизи таҷаммуъ тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ташкил шавад.