Устод Кабирӣ дар ҳошияи бистуҳафтумин иҷлоси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ бо донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Ирон мулоқот дошта, зимни суханронӣ ва тавсияҳои лозим ба суолоту пурсишҳои онҳо ҷавоб доданд.
Раҳбари ҲНИТ бо ташаккур аз масъулини ҶИИ ба хотири фароҳам намудани шароити таълиму тарбияти донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар, бо таваҷҷӯҳ аз истифода аз фурсатҳои ҷавонӣ бар касби маҳоратҳои лозим дар соҳаҳои гуногун таъкид карданд.
М.Кабирӣ бо таваҷҷӯҳ ба истиқлолияти Тоҷикистон ва ниёзи шадиди кишвар ба кадрҳои соҳибихтисос ба фарогирии илмҳои рӯз ва истифода аз пешрафтҳои санъатӣ ва навовариҳои ҶИИ бо ҳадафи хидмат ба миллат ва кишвари Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳое фармуданд.
Дар бахши дигаре аз суханронҳои худ ба воқеиятҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва дар умум мардумони Осиёи Миёна пардохта, афзӯданд: “Беш аз ҳазор сол аст, ки мардумони Осиёи Миёнаро дини Ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ дар канори ҳам ҷамъ намуда, барои онҳо иззату амниятро ба армуғон овардааст. Мазҳаби Ҳанафӣ як воқеият дар минтақаи мост ва ҳар кас бихоҳад зидди омӯзаҳои ин мазҳаб дар Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон фаъолият ва таблиғ намояд, душмани Ислом ва миллат шинохта мешавад”.
Зимни тавзеҳи ҳассосияти масъала эшон ба ин нукта ишорат намуданд: “Мумкин аст ҳар кадом аз илмомӯзон ва соҳибназарон тасаввур ва яқин ба саҳеҳ будани андешаи худ дошта бошанд ва онро дуруст бишуморанд. Аммо шароит ва воқеияти Осиёи Миёна таҳаммули пазириши андеша ва мазҳаби ғайри Ҳанафиро надорад ва тарвиҷи мазҳабу ақидаҳои дигар сабаби низоъ ва даргириҳо мешавад, ки миллатҳои ин диёр солҳо дар бадбахтӣ саргардон ва ниёзманд боқӣ мемонанд”.
Устод Кабирӣ дар посухи суоли донишҷӯе дар мавриди фаҳмидани назари ишон нисбат ба таъини либоси хос ба имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон гуфт: “Агар қарор дар мавриди таъини либоси дин барои пешвоёни динӣ бошад, дар таҳияи он шукӯҳ ва салобат, ҳуввияти таърихӣ, динӣ ва миллии мардум таҷассум ёбад. Аз ин хотир, таъйини ранги хосро барои имомхатибон кори саҳеҳ намедонам, тасавву мекунам, ки ин хилофи табиат ва салиқаи инсон аст. Бояд ҳар пешво дар интихоби рангу шакли либоси худ озод бошад”.
Раҳбари ҲНИТ дар посух ба ин суол, ки Наҳзат дар интихоботи гузашта чӣ бурду бохтҳое доштанд, гуфт: “Агарчи дар интихоботи гузашта номзади ягонат ИНИТ натавонист расман вориди рақобат шавад ва ин амр сабаби интиқодҳои шадид бар зидди Наҳзат гардид, аммо ба назари мо бурди ҳизб беш аз бохташ буд. Наҳзат ва нерӯҳои ин иттиҳодия ибтикороти хубе доштанд, ки ташкили чунин ниҳодеро зери номи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон таъсис дода, номзади ягона, он ҳам як хонумеро бо ибтикори Наҳзат ба маъракаи интихоботӣ пешниҳод намоянд, ки ин хеле муҳим аст. Ин иқдомоти Наҳзат номи тундравӣ ва таблиғоти зидди хешро аз байн бурд. Наҳзати дар раванди интихобот на фурсатро аз касе гирифт ва на истифодаи бад аз фурсатро ба касе дод, ки ин мавзӯъ муваффақияти дигаре дар ҳифзу суботи оромиши кишвар ба ҳисоб меояд”.
Устод Кабирӣ муҳимтарин барномаи Наҳзатро дар дурнамо таҳлили вазъияти гузашта ва шароиту воқеъиятҳои мавҷуд дониста, таъкид кард: “Мо интихоботи гузаштаро поёни кор намедонем ва талоши худро барои эҷоди фазои мардумсолорӣ дар интихоботи оянда идома хоҳем дод”.
Мухбири мо аз Теҳрон