Categories Uncategorized

Таркиши Идораи молиёти Италия

Полиси Италия эълом кард, ки ду бамби оташзо дар аввали имрӯз, шанбе ба идораҳои молиёти Италия дар яке аз шаҳрҳои бандарии он партофта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, ин яке аз ҳамлаҳои навбатиест, ки дар иқтисоди Италияи бӯҳронзада таъсири манфии худро расонид. Бар асоси ин гузориш полис гуфт, ки пас аз он ки яке аз ду бамби бензинӣ ба таркиш даромад, маъмурони оташнишонӣ барои хомӯш кардани оташ фаро хонда шуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин кишвар худкушиҳо ва дигар корҳои ношоям миёни шаҳрвандон авҷ гирифтааст, ки нахуствазири ин кишвар дар як суханронии худ онро эзоҳ дода буд.

Барои мисол ҳафтаи гузашта як тоҷири 54 сола бо салоҳи дар дасташ буда чанд соат як мақоми ин кишварро ба гаравгон гирифт ва сипас худро таслими полис кард. Ҳамзамон як гурӯҳи ошубталаб низ дар моҳҳои гузашта, бо номаи таҳдидомезе яке аз мудиронро як созмони ин кишварро дар моҳи декабр захмӣ кард. Ҳамин гурӯҳ масъулияти тирандозии ҳафтаи гузашта ба сӯи раиси як гурӯҳи муҳандисии ҳастаиро ба ӯҳда гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки бӯҳрони иқтисодии Италия рӯз то рӯз ҷинояту нооромиро дар ин кишвар миёни шаҳрвандон авҷ додааст, ки мақомоти ин кишвар аз ҳолати ба вуҷуд омада нигарон буда, роҳи ҳалли онро ҷӯёанд.

More From Author

You May Also Like