Имрӯз (25.03.2012), баъди зуҳр як нафари номаълум даст ба инфиҷор задааст. Тавре шоҳидони ин воқеъа хабар доданд, тақрибан соати 14:30 дар маҳаллаи «Автовокзал»-и шаҳри Душанбе, як марди тақрибан 35-40 дар пайи таъқиби кормандони ҳифзи ҳуқуқ даст ба инфиҷор задааст.
Бино ба иттилоъи радиои «Озодӣ», манобеъи ВКД-и Тоҷикистон ин хабарро таъйид кардааст, ки ин шахс ҳангоми таъқиби кормандони ин мақомот худро таркондааст. Аммо то ба ҳол шахсияти ӯ маълум нагаштааст ва ҳоло дар бемористон қарор дошта, таҳти нигоҳубини табибон қарор дорад.
Ин манбаъ гуфтааст, ки ин ҷавон аз ҷумлаи шаш нафарест, ки муртакиби ҷинояти вазнин буда ва чанд муддат аст, ки таҳти назорат қарор дорад.
Шоҳидони воқеъа хабар доданд, ки пеш аз таркиш садои тирандозӣ низ шунида шуд. Ҳоло, маҳалли воқеъа аз тарафи кормандони милиса ва амният муҳосира шудааст.