Categories Uncategorized

Тарғиби “Наҷотдиҳандаи инсоният” дар Австралиё

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мусалмонони Австралиё нақша доранд, дар телевизион сисилаи наворҳои кӯтоҳи тарғиботиро дар бораи Муҳаммад (с.а.в.) ташкил кунанд.  Ҳадаф аз ин мақсад дар он аст, ки онҳо мехоҳанд ба мардум бештар маълумоти дақиқу ҳақиқиро дар бораи Паёмбари Ислом бирасонанд, хабар медиҳад “Ансар.ру”.

«Мутаассифона, дар Австралиё аксари мардуми ғайримусалмон дар бораи пешвои дини мо қариб ки чизе намедонанд.  Ва ҳамчунин намедонанд, ки чаро мо ба Паёмбарамон бо эҳтироми бузург муносибат дорем”, таъкид мекунад бунёдгузори созмони байниадёнӣ дар Австралиё Мypeace Дия Муҳаммад.

Ҳар як навор танҳо 30 сония идома мекунад ва аз рӯзи аввали Рамазон намоиши ин наворҳо сар мешавад.

Масалан, гуфтаҳои бузургон илму фарҳангро дар бораи Муҳаммад (с.а.в.) пахш хоҳанд кард. Аз ҷумла, баҳоҳои маърифатпарвари бузурги Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ ва нависандаи бузурги англис Бернард Шоу дар бораи Паёмбар вориди ин барнома шудаанд.
Гандӣ мегӯяд, ки ӯ мехост аз наздик ба ҳаёти шахсе шинос шавад, ки миллионҳо мардумро на бо зарби шамшер, балки бо самимият, шуҷоат, амонатдорӣ ва имони мутлақ ба Аллоҳ ба яккапарастӣ даъват менамуд.

Бернард Шоу иқрор карда буд, ки ба “дини Муҳаммад” эҳтиром мегузорад, зеро ин равиш барои ҳама синну сол ҳамеша  зарур аст ва ҳатто Шоу Паёмбарро “наҷотдиҳандаи инсоният” номида буд.

More From Author

You May Also Like