Ихроҷи сафири Туркия аз Миср дар пайи “изҳороти таҳрикомези Ардуғон”

Шикоф миёни Миср ва Туркия пас аз барканории Ихвонулмуслимини Миср аз қудрат мушкилтар мешавад. Ҳукумати муваққати Миср сафири Туркия дар Қоҳираро ихроҷ кард. Иллати ин тасмим изҳороти ахири Ардуғон аст, ки Миср онро дахолат дар умури дохилии худ талаққӣ мекунад.

Изҳороти тозаи Раҷаб Тайиби Ардуғон, нахуствазири Туркия дар ҷараёни дидораш аз Русия ба таниш дар муносибот миёни Қоҳира ва Анқара доман задааст. Ҳукумати муваққати Миср рӯзи шанбе (23-юми ноябри 2013) зимни ихроҷи сафири Туркия аз Қоҳира эълон кард, ки феълан қасд надорад сафире ба Анқара бифиристад.

Ҳукумати муваққати Миср ҳамчунин Анқараро муттаҳам кард, ки аз созмонҳое дар Миср пуштибонӣ мекунад, ки масъули бесуботӣ дар ин кишвар ҳастанд. Ин ишора мутаваҷҷиҳи исломгароёни Ихвонулмуслимин аст, ки ҳизб ҳокими Адолат ва тавсеъа дар Туркия муносиботи наздике бо он дорад ва аз он пуштибонӣ мекунад.

Бадр Абдулбадеъ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Миср гуфт, ки аз Ҳусейн Овнӣ, сафири Туркия дар Миср хоста шудааст, ки фавран хоки Мисрро тарк кунад. Ӯ иллати ин тасмимро изҳороти тозаи Ардуғон дар ҷараёни сафараш ба Русия эълон кард ва ин изҳоротро “таҳрикомез” ва “дахолат дар умури дохилии Миср” хонд.

Ардуғон рӯзи панҷшанбе (21-уми ноябри соли 2013) дар ҷараёни дидор аз Маскав руйдодҳои сиёсии моҳҳои гузашта дар Мисрро “бадтарин куштори эътирозгарони мусолиматҷӯ” хонда, тағйири қудрат тавассути низомиёни ин кишварро ба унвони “кудато” маҳкум карда буд.

Пеш аз ин сафири Миср дар Анқара дар таърихи 15-уми август аз Туркия фаро хонда шуда буд. Инак, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Миср эълон кард, ки Миср феълан қасд надорад сафире ба Туркия гусел кунад ва умури дипломатӣ миёни ин ду кишвар тавассути намояндае дар сатҳи пойинтар анҷом хоҳад шуд.

Вокуниши Туркия

Ҳукумати Туркия сареъан ба ин иқдоми Қоҳира вокуниш нишон дод. Вазорати умури хориҷаи Туркия дар Анқара аз “иқдомоти мутақоби” хабар дод, бидуни он ки дар бораи ҷузъиёти он чизе бигӯяд.

Як сухангӯи Вазорати хориҷаи Туркия ба хабаргузории Фаронса гуфт, пеш аз тасмимгирӣ бо сафири ихроҷшудаи Туркия аз Миср табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Раҷаб Тайиб Ардуғон низ монанди Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср аз гурӯҳи исломгароён аст. Дар замони раёсати ҷумҳурии Мурсӣ муносибот миёни Қоҳира ва Анқара наздиктар шуда буд.

Пас аз сарнагунии ҳукумати Мурсӣ, Ардуғон шадидан аз низомиёни Миср интиқод кард ва хоҳони бозгашти Мурсӣ ба қудрат шуд. Вай аз ҷумла муддаъӣ шуд, ки Исроил пушти ин иқдоми артиши Миср қарор дорад. Нахуствазири Туркия ҳамчунин борҳо аз “сукут”-и ҷомеъаи байналмилалӣ дар қиболи руйдодҳои Миср интиқод кардааст.

Дар пайи ин изҳорот муносибот миёни Қоҳира ва Анқара дар моҳҳои гузашта ба тирагӣ гароид. Пас аз он ки нирӯҳои амниятии Миср дар моҳи август чодарҳои эътирозии исломгароёни ҳаводори Мурсӣ дар Қоҳираро бо хушунат барчиданд, интиқодоти давлати Туркия аз Миср шиддат ёфт.

Манбаъ: Хабаргузории Олмон

More From Author

You May Also Like