Таслият ба узви РО ҲНИТ

Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун. (Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи ӯ боз мегардем)

Имрӯз яке аз аъзоёни собиқадори ҳизб ва шахсияти бисёр фидокор яъне модари домулло Наимҷон Самиев дори фониро тарк намуда ба диёри уқбо сафар намуданд. Аз шоистагиҳои ин модари боимон ҳамин кофист, ки тамоми фарзандони худро дар роҳи дуруст тарбият намуда аз худ фарзандони солеҳ ба ҷо гузоштаанд, ки ҳамеша дуогуяш хоҳанд буд.

Ба домулло Наимҷон Самиев узви РО ҲНИТ ва раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара даргузашти модари бузургворашонро таслият гуфта ба эшон ва аҳли хонадонашон аз Худованд сабри ҷамил хоҳонем. 

Худованд раҳмат кунад ва ҷояшон ҷаннат бошад!

More From Author

You May Also Like