Азиза Саидова
Вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард. Тавре аз ВКХ хабар доданд, ташрифи чунин намояндаи воломақом бори нахустин дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир ба ҳисоб меравад.
Бино ба иттилоои манбаъ, дар нимаи аввали рӯз, Вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Эндрю Митчелл бо Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарияти Кумитаи андози Тоҷикистон мулоқот барпо намуд.
Баъдан Вазири Британияи Кабир аз Вилояти Хатлон (ноҳияи Вахш) боздид ба амал оварда, аз лоиҳаҳое, ки Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад, дидан намуд.
Зимни ин сафар, ҳамчунин гуфтушуниди Вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир бо Муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти бахши иқтисодии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.