Categories ҶОМЕА

Ҷанг бо тифлон

Ҳафтумин рӯз аст, ки Исроил алайҳи, ба қавли худаш, халқи фаластинӣ неву зидди танҳо мухолифони мусаллаҳаш меҷангад.

Садҳо бомби исроилӣ ба сари халқи бегуноҳ рехтанду мерезанд ва қурбонии ин ҳуҷуми маргборро ҳанӯз охир нест.

Аллакай садҳо тан шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакони маъсум, занон ва мӯсафедон тӯъмаи ин ҳамлаи бераҳмонаву ғайриинсонии исроилиҳо гардиданд.

Даҳҳо биноҳои истиқомативу маъмурӣ дар навори Ғазза вайрону валангор шуданд.

“Исроил давлати террорристист ва амалиёти ҷангие, ки он дар навори Ғазза мебарад, терроризм аст”, – гуфт сарвазири Туркия Реҷеп Урдуғон дар форуми Аврупоиву осиёӣ, ки дар Истамбул мегузарад.

Урдуғон созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, созмонҳои исломиро шадидан танқид кард, ки онҳо дар мавриди ҳамлаи Исроил ба навори Ғазза вокунише нишон намедиҳанд.

Ӯ изҳор кард, ки ба СММ низ эътимод надорад, зеро ин созмон хомӯш аст. Ёддошт намуд, ки Созмони милали муттаҳид ба муқобили Исроил қариб 100 Қатънома қабул карда бошад ҳам, ягонтои онро Исроил иҷро намекунад ва ба муқобили Исроил ягон санктсия (маҳрумият) ҷорӣ накардааст.

Пас Исроил нозпарвардаи кист, ки истиҳола сари мардуми бегуноҳ бомб мерезад?

Акнун ба ин аксҳои фоҷиабор нигоҳ кунед ва бубинед, ки Исроил бо “ҷангиён” чи тавр мубориза мебарад.


More From Author

You May Also Like