Пас аз бурузи вируси “Эбола”, дар тамоми кишварҳо шаҳрвандоне, ки аз сафарҳои худ вориди кишварҳо мешаванд мавриди ташхиси махсус қарор мегиранд. Ҳамзамон ҳоҷиёни тоҷик, ки аз Арабистони Саудӣ аз адои Ҳаҷ ба кишвар баргаштанд, аввалин касоне буданд, ки мавриди ташхис қарор гирифтанд.
Ба гузориши хабаргузориҳо, сабаби ташхис ҳоҷиён ба мақсади доштан ва надоштани вируси “Эбола” мебошад. Кормандони маркази тиббии фурудгоҳи Душанбе иброз доштаанд, ки пас аз ин тамоми мусофирон бо дастгоҳи махсусе, ки ҳароратро муайян мекунад, мавриди ташхис қарор мегиранд.
Дар робита ба интишори вируси мазкур, мусофироне, ки аз кишварҳои африқоӣ вориди кишварҳо мегарданд, махсус ташхис мешаванд. Ба гуфтаи хабаргузориҳо, 21 октябр ҳудуди 100 ҳоҷӣ, ки дар дохили ҳавопаймо аз санҷиш гузаштанд касе аз онҳо ба ин вирус мубтало нашуда буданд.