Намояндагони вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Ирон дар вохурии худ бо раҳбари ҲНИТ даргузашти узви Раёсати Олии ҳизбро ба эшон таслият гӯфта, дар ҳақи шаҳид Сабзалӣ дуо карданд. Онҳо шаҳодати Сабзалиро ба Раис ва ҳамаи аъзоёни ҳизб ва хонаводааш таслият гӯфтанд ва ба онҳо аз Худованд сабр талаб карданд. Раиси ҲНИТ зимни ташакур аз ҷанобон Муршидзода ва Наҷафӣ таъкид карданд, ки пас аз даргузашти устодони марҳум Нурӣ ва Ҳимматзода ин бузургтарин мусибат болои ҳизби наҳзат мебошад.
Ҳамчунин сафорати Амрико низ зимни номае таъзияи худро ба ҲНИТ ирсол намудааст. Дар ин нома, ки рӯзи 6 – уми сентябр ба ҲНИТ ирсол шуда, омадааст:
Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Мӯҳтарам ҷаноби Кабирӣ:
Аз номи Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лутфан таъзияи самимии маро нисбати вафоти фоҷианоки узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов қабул намоед.
Ман инчунин ба муовини аввали раиси ҳизб Сайидумар Ҳусайнӣ сиҳатии зуд ва комил орзу менамоям.
Самимона,
Кен Гросс
Аз шаҳри Питер бошад як гурӯҳ аз муҳоҷирон ҳам номаи таъзияи худро ба ҲНИТ ирсол намудаанд ва зимни он барои шаҳид Сабзалӣ орзуи ҷаннат намуда, ба бозмондагон ва дӯстонаш сабри ҷамил хостаанд.
Гурӯҳи дигаре аз муҳоҷирон аз шаҳри Маскав низ таъзияи самимона ва дӯстонаи худро ба маркази ҲНИТ фиристода, аз Худованд барои хонаводаи шаҳид Сабзалӣ ва аъзоёни наҳзати исломӣ сабри ҷамил хостаанд.
Дӯстони дигаре ҳам аз шаҳрҳои Дубай, Арабистони Саудӣ, Миср, Кувейт, Туркия ва дигар манотиқ низ ба ҲНИТ таъзиянома фиристодаанд, ки мо аз ҳамаи онҳо ташаккур ва қадрдонӣ мекунем.