Имрӯз зимни як Фармони Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон 96 нафарро ба мақоми судя ва дигар вазифаҳо дар мақомоти судӣ таъйин намуд.
Аз хадамоти матбуоти Президент ба расонаҳо иттилоъ додаанд, ки соҳибмансабони нав дар ҳузури Президент бо парчами Тоҷикистон савганд ёд намуданд, ки вазифаашонро содиқона иҷро менамоянд.
Гуфтанист 15 нафар бонувон ба мансабҳои баланд интихоб гардиданд.