Categories Ахбори рӯз

ТАЪКИДИ Ш. ЗУҲУРОВ БА МАСЪУЛИНИ КМИР

Субҳи имрӯз бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ректори Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, Низомҷон Нидоев муовини раиси КМИР интихоб гардид. Ҳамчунин бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ, Ҷамшед Ҷамшедов узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузида шуд.
Тибқи иттилои КМИР ҷойгузини марҳум Муҳибулло Додоҷонов, Абдуманон Додоев аллакай таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки раҳбари даcтгоҳи КМИР Муҳибулло Додоҷонов субҳи 16-уми сентябр бар асари сактаи дил аз олам чашм пушида буд.Тибқи иттиллои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 18 декабр интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур 3 баргузор мегардад. Аз ин ҳавза дар интихоботи парлумонии соли 2010 Сафаралӣ Раҷабов бо гирифтани раъйи бештар як курсиро дар парлумон касб карда буд, вале бинобар даргузашти ӯ рӯзи 12 октябр фаъолияти ӯ дар порлумон қатъ гардид. Бо сабаби даргузашти ӯ 18 – уми декабр интихоботи навбатӣ баргузор мегардад. Дар ин росто Раиси МН МО Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ба намояндагони КМИР таъкид намуд, ки барои баргузор намудани интихоботи шаффофу демократӣ дар рӯзи 18-уми декабр мусоидат намоянд.

С.Кабиров

More From Author

You May Also Like