Вақте аксари одамон дар курраи замин дар бораи ҳуқуқи башар сухан мекунанд, мо – мусалмонон наметавонем нисбат ба нишондодҳои Ислом дар бораи ҳуқуқи инсон бетафовут бошем. Худованд дар ояти 13 – уми сураи «Ҳуҷурот» мефармояд: «Эй одамон! Ҳаққо, ки мо офаридаем шуморо аз як мард ва як зан ва шуморо ба халқҳо ва қабилаҳо тақсим гардонидем, то шумо ҳамдигарро шиносед, ва боиззаттарини шумо дар назди Худованд ботақвотарини шумо аст. Дар ҳақиқат, Худованд доно ва воқиф аст!»
Худованд ба ҳамаамон нидо менамояд, ки «Эй Одамон!» на «эй мусалмонон, эй сафедон, эй сиёҳон, эй арабҳо» ва ғ. Яъне одамон, новобаста аз ранги пӯсту мӯй, ҷинсияту дороӣ, забону дин, аз ҳамдигар фарқ намекунанд ва ба ҳама ҳуқуқҳои баробар дода шудааст. Ҳамчунин ҳеҷ подшоҳ, ҳоким ё каси дигар ҳаққи ба онҳо тағйирот даровардан, онҳоро каму зиёд карданро надорад.
Пайғамбари мо (с) низ дар ин мавзӯъ фармудаанд: «Эй одамон! Шумо як Офаридгор доред ва бобокалони шумо низ як кас аст. Араб аз аҷамӣ ва аҷамӣ аз араб ҳеҷ фарқе надорад, сафедпӯст аз сиёҳпӯст ва сиёҳпӯст аз сафедпӯст ҳеҷ бартарие надорад, магар бо тақво».
Таърих гувоҳ аст, ки инсон дар ҳама давру замон барои нигоҳ доштани шарафи худ ва расидан ба адолат мубориза бурдааст. Нишондодҳои Ислом бошад, ҳамеша ба ҳуқуқҳо ва озодии инсон ҳамчун ҷузъи асосии инкишофи инсоният мувофиқат кардааст.
Мувофиқи таълимоти Ислом, ҳар шахси имондор бояд барои ба ҳуқуқҳои худ расидани дигарон талош намояд. Ислом ба мо нишон медиҳад, ки чӣ тавр ба талаботи гурӯҳи камбизоати мардум муносибат намоем. Пайғамбари мо, ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Имони шумо мукаммал намешавад, то замоне ки чизи барои худ дӯстдоштаатонро барои бародари худ низ дӯст надоред».
Дар ҳадиси дигар омадааст: «Ба бародари худ ёрӣ диҳед, новобаста аз он ки ӯ золим аст ё мазлум». Ин суханони Пайғамбар (с)- ро шунида, яке аз асҳоб пурсид: «Эй Расули Худо, агар ӯ мазлум бошад, ёрӣ кардан мумкин аст, аммо агар золим бошад, ба ӯ чӣ гуна ёрӣ мекунем?» Пайғамбари Худо (с) чунин ҷавоб доданд: «Ӯро аз ситам кардани боздор, ин аст ёрии ту ба ӯ».
Ҳоло бисёр мушоҳида мешавад, ки дар ҳар гӯшаи замин одамони ақидаҳои гуногундоштаи дар сари қудратбуда ва ё имкониятдошта ҳуқуқи башарро поймол менамоянд. Чунин ҳолат ба низоъҳои байниқавмӣ дар минтақаҳои алоҳида оварда мерасонад, ки аз ин гуна низоъҳо давлатҳои пешрафта хеле хуб истифода мебаранд: ба ин минтақаҳо бо ниқоби нерӯҳои сулҳофар одамони махсус омодакардаашонро мефиристанд, ки вазифаашон сулҳофарӣ не, балки тавсеаи низоъҳоро доранд.
Дифоъ аз ҳуқуқи башарро шариати Ислом ба худи инсоният ҳавола кардааст. Чуноне ки Худованд дар Қуръон мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, дар назди Худо гувоҳӣ дода, адолатро пеша намоед, гарчанде ки ин шаҳодати шумо бар зарари худи шумо ё волидайнатон ва ё наздиконатон бошад (шахсе, ки ба муқобилаш шаҳодат медиҳед), бой аст ё камбағал, Худо ба ҳарду як хел наздик аст. Аз пайи ҳавою ҳаваси худ шуда, адлро сарфи назар накунед. Агар саркашӣ кунед, Худованд аз ҳар амали шумо огоҳ аст!» (сураи «Нисо», 135).
Ва инчунин дар ҳадисе аз аҳодиси Пайғамбари Худо мехонем, ки «касоне, ки дар қарорҳои худ нисбати оилаашон ва зердастонашон адлро пеша менамоянд ва беғаразона ҳукм менамоянд, дар пешгоҳи Худо дар минбарҳои аз нур офаридашуда ҷои худро ишғол мекунанд».
Тавсияҳои шариат оид ба ҳуқуқи башар одамро (агар дарк карда тавонад) аз маҳдудаҳои урфиятпарастӣ ва нажодпарастӣ озод менамояд.
Нелсон Менделла, яке аз дифоъкунандагони машҳури ҳуқуқи башар аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ гуфта буд: «Ҳеҷ кас ҳангоми таваллуд бадбинии нажодӣ, ирсӣ ва динӣ надорад. Одамон бадбиниро меомӯзанд (ёд мегиранд). Ба одамон дӯст доштани ҳамдигарро бояд омӯзонид, зеро муҳаббат ба дили инсонӣ наздиктар аст».
Оё мо муҳаббатро омӯхта ва ба дигарон омӯзонида метавониста бошем?!
Бобои Шарофиддин
Categories
ДИН ВА ФАРҲАНГ