Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳизби ҳокими халқӣ – демократӣ дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷқумҳурӣ дар ин кишвар аз заъфи хеш бим дорад.
Муҳидин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои “Садои Хуросон” гуфт, вакилони Ҳизби халқӣ – демократӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон кадом далели мантиқие барои рад кардани тарҳи ислоҳоти қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, пешниҳод накарданд.
Ба гуфтаи оқои Кабирӣ дар ҳоли ҳозир вакилони ҲНИТ дар парлумон, талош доранд тарҳи нави ислоҳоти ин қонунро омода карда, барои баррасии дубора ба Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кунанд.
Раҳбари ҲНИТ таъкид кард, ки аз сабабҳои аслии рад шудани тарҳи мухолифон барои ислоҳоти қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, тарси ҳизби ҳоким аз заъфи хеш аст.
Бояд гуфт Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи ахири хеш ба вакилони ин ҳизб дар парлумон супориш дод, ки дар машварат бо гурӯҳи тадорукот оид ба тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, ва бо дарназардошти дидгоҳу назарҳои баҳсшуда дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон бори дигар ин тарҳи қонунро пешниҳод намоянд.
Радиои “Садои Хуросон”