Categories Ахбори рӯз

Таъсири буҳрони Русия бар коргарони муҳоҷир

Буҳрони иқтисодии Русия бар зиндагии коргарони муҳоҷири ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон таъсироти нохушоянде мегузорад.

Ба гузориши “tajik.irib.ir” ба нақл аз “InoZpress.kg”, дар пайи таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ва афзоиши арзиши доллар дар баробари рубл, коргарони муҳоҷир, ки даромади мавриди ниёзи хонаводаҳои хешро аз тариқи бонк ба кишварҳои худ ирсол мекарданд ба шиддат зиён мебинанд.

Дар ҳоле ки се моҳ қабл ҳар доллари амрикоӣ 33 рубли русӣ арзиш дошт, акнун ин ба беш аз 53 рубл расида ва ин вазъият сабаби кам шудани мизони ҳуқуқи дастмуздҳои коргарон шудааст. Зеро дар Тоҷикистон даромадҳои ирсолии коргарони муҳоҷир дар Русия ба рубл мунтақил мешаванд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои ахир арзиши сомонӣ низ дар баробари доллар коҳиш ёфт. Агар ду моҳ қабл нархи ҳар доллари амрикоӣ дар мубодилаи асъор 5 сомонӣ ва 10 то 12 дирам буд, дар рӯзҳои ахир ин ба 5 сомонӣ 47 то 50 дирам расидааст.

Арзиши рубли русӣ низ пеш аз ин дар Тоҷикистон боло буд ва ҳазор рубл ҳудуди 150 сомонӣ муъомила мешуд, ки акнун ин ба 100 сомонӣ расидааст.

Ин раванд сабаби афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар шудааст, зеро бозаргонон муддаъӣ ҳастанд, ки маҳсулоти воридотиро аз кишварҳои дигар ба доллар харидорӣ мекунанд.

More From Author

You May Also Like