Бо баргузор шудани нишасти душанбегии сарони кишварҳои узви СҲШ зери раёсати Тоҷикистон хотири мардуми деринтизори ин нишаст ҳам ҷамъ гардид.
Агарчи Душанбе тавонист ин нишастро дар сатҳи олӣ ва эҳтимол барои ҳатто ҷанобон Путину Каримов ҳам ғайриинтизор баргузор бисозад, вале барномаи он ҷамъбасти кори яксолаи ин созмон буду бас, ки онро эҳтимол Душанбе ба хубӣ сипарӣ карда, эстафетаро ба Маскав супорид.
Аммо масъала сари ин аст, ки оё Душанбе тавонмандии онро дошт, ки роҳи ҳалли яке аз масъалаҳои муҳимтарини матраҳ, он ҳам баррасии қабули аъзои нави созмонро матраҳ ва роҳи ҳалли онро нишон диҳад, то дар барои барои ворид шудани ин гуна аъзо боз гардад?
Ба ҳар ҳол, диду назарҳое дар мавриди омодагии Ирон садо медоданд, ки ин кишвар ҳавасманди ворид шудан ба СҲШ ҳасту дар сурати мушаххас шудани чунин як тартиб метавонад узви СҲШ бишавад.
Вале таҷрибаҳо аз он далолат мекунанд, ки Ирон дар ин гуна корҳо таъҷилӣ тасмим намегирад ва омӯзиши коргузориро ҳатто дар СҲШ ҳам ҳамчун нозир идома медиҳад, чун раванди таъиноти сиёсатҳои ҷаҳонӣ ба таҳавулотҳое мувоҷҷеҳ мешаванд, ки тасмимгириҳои таъҷилӣ метавонанд бар зарар анҷом шаванд.
Гузашта аз ин, ҳоло ҳам рушан нест, ки ҳамкории иқтисодӣ дар меҳварияти коргузории СҲШ боқӣ мемонад ё ин созмон ҳам, тавре аз суҳбати баъзе сиёсатшиносони дохилӣ ва хориҷӣ бармеояд, ба як алтернативаи НАТО шакл мегирад? Оё масъалагузории ҷаноби Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар мавриди рабт додани узвияти Ирон дар СҲШ ба баҳси ин кишвар дар маҳдудаи кишварҳои «5+1» чӣ маъно дошт?
Ба ҳар ҳол, ҷаноби Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия қабл аз баргузории нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе ошкоро гуфт, танҳо баъд аз ба дасти Маскав гузаштани раёсати СҲШ, масъалаи қабъули аъзои нав мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аз ин ҳарфҳо маънӣ ҳамин аст, ки Маскав барои қабули узви нав дар дигар кишварҳо иҷоза намедиҳад, ҷуз Чин. Чунки ҳавасманди он нест, ки бо ин васила кишварҳое, назири Тоҷикистон обуру касб намоянд.
Фикр мекунам, ишораи ин нукта аз забони мақоми аршади дипломатии Маскав паёме буд, ки Душанбе барои ҷалби узви нав ба СҲШ зери раёсати худ талош наварзад, агар талош ҳам варзад, бенатиҷа анҷом хоҳад ёфт, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Агар Душанбе дар тӯли солҳо хеле зиёд талош кард, то барои пазируфта шудани Ирон ба СҲШ мусоидат расонад, ҳадди ақал ба дарназардошти раисии ин созмон, вале ин талошҳо бенатиҷа будаанд.
Бале, дар рӯзи асосии нишасти мазкур, баъд аз зуҳри 12-уми сентябр аксбардории сарони кишварҳо ва ҷаласаи маҳдуди онҳо баргузор гардид, баъдан кишварҳои нозиру меҳмон ҳам ба онҳо пайвастанд.
Дар ҳошияи нишасти сарони СҲШ баргузории силсиламулоқотҳои дуҷонибаи зиёдеро сарони кишварҳо доир намуданд, аммо мулоқотҳои чандҷониба, ки қаблан дар мавриди онҳо гуфта мешуд, аз ҷумла Ирону Афғонис тон ва Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум ин гуна мулоқотҳо доир нагардиданд. Ҷаноби Раҳмон мулоқоти муфид ва муҳиме дошт бо ҷаноби Рӯҳонӣ, президенти Ирон.
Аммо мулоқот ва пазироии раиси давлати Чин дар фазои хонаводагии Э.Раҳмон хеле ҷолиб ва фикр мекунам, таъсиргузор дар афкори ҷаноби Си Чин Пин анҷом гирифта бошад. Чунки ин гуна таҷрибаи пазироии сатҳи баланди меҳмони хориҷиро дар хонаводаи сарвари кишвар Тоҷикистон дар ёд надорад.
Ба ҳар ҳол, баргузории нишасти СҲШ дар Душанбе Тоҷикистонро ба тарзе дар меҳварияти ахбори ҷаҳонӣ қарор дод, бахусус баҳси сарони кишварҳои узви ин созмонро, ки дар буҳрони Укроин мавқеъи мухталиф доштанд, агарчи истифода аз роҳҳалҳои сиёсии ин қазияро таъкид ва пуштибонӣ карда бошанд ҳам.
СҲШ маҳдудаи 30 миллион км/мураббаъ ё 60%-и қаламрави АвруОсиёро дар бар мегирад ва дар ин маҳдуда 1 миллиарду 455 миллион нафар ё тақрибан 4/1 аҳолии дунё ба сар мебаранд. Агар ҳамаи кишварҳои нозири ин созмон, узвияти онро қабул намоянд, аҳолии маҳдудаи СҲШ аз 3 миллиард ҳам боло меравад.
Categories
Мавқеъ