Categories Uncategorized

Дарвоза, ресмон ва лифти пулхӯрак

М. Сиддиқзода

nahzat.tj

Ба Боғи пойтахт бо фарзандон рафтем.  Вуруд ба ҳар нафар,   хурду калон, ду сомонӣ будааст.  Хурсанд шудам, ки боғи ҷамъиятӣ, яъне, азони ҳукумати шаҳри Душанбе аст, бинобарин хеле арзон шудааст ва ба ду сомонӣ бачаҳо метавонанд ба якчанд арғунчаку аспак бепул нишинанд, вале маълум шуд, ки ду сомонӣ танҳо барои вуруд будааст.  Ростӣ, дар ҳайрат задам, ки чаро пулакӣ ва чаро ду сомонӣ.  Дар феҳристе, ки дар даромадгоҳи боғ часпондаанд, омадааст, ки ин нархро роҳбарони масъули пойтахт муқаррар кардаанд. Аслан, ибораи «боғи истироҳати ҷамъиятии бачаҳо» ва вуруди пулакӣ маъно надорад, зеро ин боғи ҳама аст, на азони гурӯҳи одамон ва дар бунёди ин боғ мантиқан ҳар як андозупоранда саҳм гузоштааст ва аз ҳама муҳимаш ин боғи шахсӣ нест.

Дар ҳамон кӯчае, ки боғи бачаҳо воқеъ мебошад, мошинсаройи кирокаши (таксобаза) шахсӣ ҳаст, ки дар он устоҳои гуногуни мошин хизмати мардум мекунанд.

Вуруд ба ин қароргоҳ бо мошин як сомонӣ аст.  Агар устои дилхоҳ наёбеду бароед ҳам, як сомонӣ мегиранд.

Дар ҳамаи бозорҳо ҳам чунин ҳол аст.  Майдончаеро ресмон кашида, барои вуруд як сомонӣ меситонанд.  Ҳол он ки майдончаро на мумфарш кардаанду на ҳамвор.  Сангзори холӣ…

Ҳатто дар беморхонаи Қарияи Боло ҳам ҳам дар беруну ҳам дар дохил майдони холиеро бо ресмон баста, «дарвоза» сохта, онро ба қароргоҳ табдил додаанд ва як сомонӣ мегиранд.

Аз ҳама пулчинаки аҷоиб дар бинои № 10, шӯъбаи касалиҳои қалби ҳамин беморхона будааст.  Ба лифт даромадам, то ки ба ошёнаи чорум бароям.  Он ҷо зане курсича монда, мисли пулчинакҳои автобус аз ҳар воридшуда як сомонӣ мегирифтааст.

Аз шакли ин лифт бармеояд, ки он барои баровардан ва ё фаровардани беморҳо муқаррар шудааст, аммо чи тавре мебинем, аз он ҳам пул меғундоранд ва касе кор надорад, нафаре намепурсад, ки дар асоси кадом қонун лифти беморхона пулакӣ шудааст. Ва он пулчинак на рисит (квитансия) медиҳаду на ба савол ҷавоб, зеро ӯро гуфтаанд, ки ту ҳамин ҷо менишинӣ ва танҳо пул мечинӣ.

Бинобарин суол матраҳ мекунем, ки чаро лифти беморхонаи ҷамъиятӣ ё давлатӣ пулакӣ шудааст?

Аслан, моҳияти қароргоҳ (стоянка) ва монанди он чунин аст, ки соҳиби бозор барои муштариён шароити хуби хизматрасонӣ ташкил мекунад, то ки ба бозори ӯ мизоҷон омада, азоб накашанд, бо харид роҳи дур нараванд.

Дар бисёр кишварҳо назди фурӯшгоҳҳои бузург ё супемаркетҳо махсус барои мизоҷон қароргоҳҳои маҷҷонии хеле бузург сохта, харидоронро бо аробачаҳои борбардори бепул таъмин кардаанд, ки муштариён роҳат омада, дар фурӯшгоҳ харидро ба аробача андохта, то ба мошини худ он аробачаро баранд ва дар ҳамон ҷой монда, раванд ва мисли фурудгоҳҳо махсус коргароне ҳастанд, ки он аробачаҳоро ҷамъ оварда, ба дохили фурӯшгоҳҳо меоранд ва ба хизмати муштариёни дигар мегузоранд.

Аммо соҳибони бозору дигар муассисаҳои мо, ки дар бораашон ҳарф задем, ба ҷойи ба мизоҷ шароити хуб фароҳам овардан ресмон ё шлагбаум гузошта, пул мечинанд.

Баъзеҳо шояд андешанд, ки хайр, ҳамин як сомонӣ ҳам пул шуд ва чӣ кор дорӣ, мон чи

More From Author

You May Also Like