Аммо ин иқдом аз тарафи ростгароёни ҳоким бар Исроил ва аксарияти мардуми ин кишвар ҳам дастгирӣ намеёбад. Зеро онҳо бар асоси андешаҳои тавротии худ мехоҳанд бар тамоми минтақаи Нил то Фуротро азони худ намуда бар ҷаҳон ҳукумат намоянд.
Дар дохили Исроил тафаккури ҳоким ва роиҷ ҳам бар асоси ҳамин тафаккури тавротӣ мубтанӣ аст. Бинобарин ҷараёни чапгаро дар ин кор чандон муваффақияте ба даст нахоҳад овард.
Ҷараёни ростгаро талош бар «исроилизация» кардани фаластиниҳо дорад. Ин гурӯх мехоҳад бо тобеияти исроилӣ додан ба шаҳрвандони фаластинӣ амнияти Исроилро таъмин кунад. Ё инки бо роҳҳои фишорҳои равонӣ ва иқтисодӣ фаластиниҳоро маҷбур ба тарки Исроил намояд.
Аммо нақшаҳои ин гурӯҳ то ҳудуди зиёде баъд аз ҳаводиси охир дар кишварҳои арабӣ дучори мушкил шудааст. Зеро ҳампаймонҳое чун Мубораку Бин Алӣ дигар дар минтақа барои онҳо вуҷуд надорад. Миср дигар мисли пешин дар ростои манофеи Исроил ҳаракат намекунад. Эълони ифтитоҳи гузаргоҳи «Рафаҳ» худ далели ин гуфтаҳост. Инчунин оштии миллӣ дар миёни гурӯҳҳои фаластинӣ бо талоши Миср ба вуҷуд омадааст, ки мухолифи манофеи Исроил аст.
Бинобарин метавонем, бигӯем, ки дар сиёсатҳои Исроил мо ба наздикӣ шоҳиди тағйироте хоҳем буд. Махсусан агар як давлати миллии мустақил дар Либия ва Яман рӯи кор биёяд. Ислоҳоти Урдун ҳам ба шакли дуруст амалӣ шавад ва Сурия ҳам ба оромиш бирасад.
Ба назар мерасад баргашти оромиш дар минтақа ва ташкили давлатҳои миллӣ сабаби оғози як раванди ҷадиди ҳамгароӣ бо руйкарди миллӣ ва динӣ дар минтақа бошад. Шояд ин раванд ба нафъи бархе кишварҳо набошанд ва онҳо бихоҳанд, ки оромиши минтақаро то чанд муддат ноором нигаҳ доранд. Аммо бедории миллӣ дар миёни мардуми ин кишварҳо дар ҳадде расидааст, ки дигар душвор аст, ки онҳоро бо ҳар василае саргарму саргардон намуд.
Бинобарин Исроил тамоми талоши худро мекунад, то ҳукумати Либия ва Яман ба ин зудиҳо ба оромиш нарасанд. Ё ҳадди ақал ҳокимони диктатори худро дар қудрат ҳифз кунанд. Аммо ба назар мерасад, дигар ин кор барои кассе ба осонӣ муяссар намешавад.
Categories
Uncategorized